Э.Раҳмон: "Ҳеҷ кас ҳаққи истифода аз шиканҷаро надорад"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз маъмурони пулис хостааст, дар ҷараёни кори худ ба ҳуқуқи инсон арҷ гузоранд.
Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи даҳуми ноябр дар як ҷаласаи расмӣ, бахшида ба Рӯзи милиса, кормандону собиқадорони умури дохилиро табрик гуфта ва саҳми онҳоро дар суботи ҷомеа бисёр муҳим хондааст.

Дар бораи шиканҷа

Аммо ӯ дар идомаи ин сӯҳбат аз маъмурони пулис ё худ милисаҳо хостааст, ба озодӣ ва ҳуқуқи инсонҳо арҷ гузоранд. Ҷаноби Раҳмон ба масъалаи шиканҷа дар кишвар ҳам ишора карда, гуфтааст: "Сиёсати ҳукумати кишвари мо дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар усулҳои нораво зимни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ комилан ташаккул ёфтааст. Ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад."

Ин ҳарфҳо дар ҳоле баён мешаванд, ки наздикони чанде аз боздоштшудаҳо аз шиканҷа ва зарбу лати онҳо дар боздоштгоҳҳои пулис шикоят доранд. Аз ҷумла, пайвандони Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев ба ин боваранд, ки ин ду танро дар боздоштгоҳи пулис дар Душанбе лату кӯб карда, то ҳолати марг расондаанд. Ҳарчанд мақомот ин иддаоро қабул надоранд.

Нозирони минтақавӣ

Бо ин ҳол, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи милиса ба чанд паҳлуи кори пулиси тоҷик ва мизони ҷинояткорӣ дар кишвар дахл кардааст. Ӯ аз кори нозирони минтақавӣ як навъ шиква карда ва гуфтааст, "содиршавии ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ба тариқи фаврӣ ошкор нагардидани онҳо низ натиҷаи фаъолияти начандон хуби баъзе нозирони минтақавӣ мебошад."

Бинобар ин, аз Вазорати умури дохилӣ тақозо шудааст, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ фаъолияти тамоми нозирони минтақавиро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар санҷиш кунад.

Милиса + ҷиноят

Ба қавли президент Раҳмон, то ба ҳол ҳолатҳои содиркунии ҷиноятҳо аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти милиса аз байн нарафтааст. Ӯ гуфтааст, танҳо дар соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти умури дохилӣ беш аз 50 ҷиноят содир карда шудааст, ки қисми зиёди онро ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳад.

Ҷинояти интернетӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолшавии гурӯҳҳои ифротгаро нигаронӣ карда, гуфтааст, маъмурони пулис дар муқоиса ба солҳои пеш бояд ҳушёртар бошанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "гурӯҳҳои муайяни ифротгаро барои дар байни сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон паҳн намудани ғояҳои зӯроварӣ ва террористиву экстремистӣ аз имкониятҳои шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет васеъ истифода менамоянд."

Ба бовари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар аксар маворид Интернет натанҳо чун воситаи алоқа, "балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад." Эмомалӣ Раҳмон дар шарҳи ин ҳарфҳои худ гуфтааст, вале ин нигаронӣ ба маънои он нест, ки Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро дар масъалаи истифода аз шабакаи интернет маҳдуд намояд.

Баҳси ноболиғон

Ҷаноби Раҳмон дар суханронии худ ба вазъи ҷинояткории ноболиғон низ ишора кардааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҷинояткории 26,4 дарсад афзудааст. "Ин ҳолат гувоҳи нокифоя будани корҳои пешгирикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милитсия мебошад",-афзудааст ӯ.

Президенти Тоҷикистон ба мақомоти додситонӣ дастур додааст, ки якҷоя бо Вазорати умури дохилӣ тамоми ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо дар давоми се соли охир содиршударо омӯхта, "низоми махсуси татбиқи чораҳои пешгирӣ ё дигар чораҳои судмандро таҳия ва пешниҳод намоянд."

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед