Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои нави шиканҷа дар Тотористон


Як видео, ки дар он марги шахсе дар натиҷаи шиканҷа аз тарафи пулис сабт шудааст, моҷарои наверо дар Тотористон бапо кард.

Дар видео марде дида мешавад, ки дар ҳуҷраи борики маҳбас танҳо нишастааст. Чанд марди дигар вориди ин ҳуҷра мешаванд ва маҳбусро болои фарш парӯ хобонда, дасту пои ӯро ба пушташ мебанданд. Сипас, дар ҳоле ки мард даступо мезанад, гурӯҳ ҳуҷраро тарк мекунад.

Вақте онҳо бармегарданд ва даступои мардро мекушоянд, вай дигар ҳаракат намекунад. Ин навор аз дурбинҳои назоратии даруни маҳбас берун омадааст ва гуфта мешавад, ҳалокати боздоштшуда Павел Дроздовро дар шӯъбаи пулиси Қазон, пойтахти Тотористон нишон медиҳад.

Аммо муфаттишони қазия видеои дигаре доранд ва мехоҳанд, исбот кунанд, ки Дроздов дар натиҷаи шиканҷа намурдааст. Бо вуҷуди ин, онҳо иқрор мекунанд, ки Дроздов дар боздоштгоҳ ва аз авҷ гирифтани беморӣ фавтидааст.

Элвира Газизова, сухангӯи Кумитаи минтақаии тафтишотии Русия мегӯяд, бино бар натиҷаҳои таҳқиқи пешакии ҳодиса, Дроздов, муовини мудири омӯзишгоҳи маҳалли роҳи оҳан ва падари чаҳор фарзанд, аз илтиҳоби сахти ғадуди зери меъда фавтидааст. Вале наздиконаш мегӯянд, дар дасту пои ӯ пайи банд дида мешуд. Мақомот талаби онҳоро барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ рад намуданд.

Сухангӯи Маркази ҳуқуқи башари Қазон, Булат Мухамедзянов ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон видеоро ба маводи таҳқиқ ҳамроҳ накардаанд: "Вақте Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, наворро пайдо ва таҳқиқ хоҳад кард, ин як найранге беш нест. Ин навори худи онҳост, ки аз тариқи дурбинҳои назорати дохилии шӯъбаи пулис забт шудааст."

Ин видео пас аз чанд моҳи пахш шудани видеои дигаре нашр шуд, ки дар он чанд корманди пулис як мардро латукӯб ва бо шишаи шампон ба номусаш таҷовуз карданд. Ин мард, Сергей Назарови 52-сола дар ҷои ҳодиса пас аз чанд лаҳза ҷон дод. Додгоҳ моҳи гузашта ду афсари пулисро ба ду ва дуним соли зиндон маҳкум кард. Нӯҳ корманди дигари пулис интизори мурофиаанд.

Коре, ки афсарони пулис бо Дроздов карданд, дар шеваи онҳо “фароштурук” ном дорад. Ба ғайр аз ин шиканҷае бо номи “тимсоҳ” вуҷуд дорад, ки ду пойи шахси боздоштшударо то ҳадди охир ба ду тараф кашидаву мебанданд. “Фили кӯчак” ба он маънист, ки противогазро ба рӯяш мекашанд ва лӯлаи ҳавои онро мебанданд.
Шаклҳои гуногуни шиканҷа дар бисёре аз ҷамоҳири Шӯравии собиқ дида мешаванд. Чунончӣ, маҳбусон ва наздикони Ҳамза Икромзода гуфтаанд, ки бадани ӯ бо истифода аз дарзмол сӯзонда шудааст.

Ҳайати муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон ҳафтаи гузашта эълон кард, ки Ҳамза Икромзода шиканҷа нашуда, балки худкушӣ кардааст.

Ҳомии ҳуқуқи инсон Сергей Романов дар ҳамоише дар Лаҳистон гуфтааст, дар маҳбасҳои Тоҷикистон ҳамчунин ду дастгоҳи барқ ҳаст, ки бо фармоиши нозирони зиндон аз тарафи маҳбусон сохта шудаанд. Онҳоро “Роғун” ва “Сангтӯда” ном гузошта, барои шиканҷа бо истифода аз нерӯи барқ истифода мекунанд. Аммо мақомоти марбутаи Тоҷикистон ин иттиҳомотро рад кардаанд.

Кормандони пулис, ки ба ин бераҳмиҳо муттаҳам мешаванд, одатан беҷазо мемонанд ё бо ҷазои сабук раҳо мешаванд. Дар Тотористон вазири пешини умури дохилӣ, ки зимни моҷарои видеои Сергей Назаров истеъфо дода буд, чанде пеш ноиби сарвазири Тотористон таъйин гашт.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG