Пазироии президенти Тоҷикистон дар Вена
Ходимони қасри раёсатҷумҳурии Австрия дар арафаи вуруди президенти Тоҷикистон қолини сурх мепартоянд(7 июни соли 2011)
Президенти Австрия, ки интизори президенти Тоҷикистон аст, бо сарбозон аҳволпурсӣ мекунад (7 июни соли 2011)
Сарбозони горди президентии Австрия ба қабули ҳайати Тоҷикистон саф оростаанд (7 июни соли 2011)
Сайёҳон вуруди президенти Тоҷикистон ба қасри раёсатҷумҳурии Австрияро тамошо мекунанд. Полис монеаҳои хурд гузоштааст, то сайёҳон ба ҳаракати корвони президенти Тоҷикистон халал нарасонанд.
Президенти Тоҷикистон ҳайати Тоҷикистонро ба Ҳейнтс Фишер муаррифӣ мекунад
Нишасти муштараки президенти Австрия Ҳейнтс Фишер ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар утоқе, ки замоне хонаи хоби малика Мария Терезия будааст
Президенти Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳад
Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, ки президенти Эмомалӣ Раҳмонро дар сафари Австрия ҳамроҳӣ мекард ( 7 июни соли 2011)
Президентҳои Тоҷикистон ва Австрия эъломияи муштаракро имзо мекунанд (7 июни соли 2011)
Ҳайати Тоҷикистонро раис ва вакилони парламенти Австрия ба ҳузур пазируфтанд( 7 июни соли 2011)
Замоне, ки президентҳои Австрияву Тоҷикистон дар қасри раёсатҷумҳурии маркази шаҳри Вена музокирот пеш мебурданд ва дар қичсмати дигари ин қаср Конфронси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷараён дошт, дар майдони назди ин муҷтамаъ донишҷӯён футболбозӣ доштанд (7 июни соли 2011