Соли 2013 барои Нигина Амонқулова, Зикриоллоҳ, Баҳром Ғафурӣ, Ҷонибек ва дигар ситораҳои мусиқии рӯзи Тоҷикистон барор ва нобарориҳои худро дошт.
Ситораҳои ҳунари тоҷик барои мухлисони худ барномаҳои тафреҳӣ омода мекунанд ва шояд соли ҳунарии худро дертар ҷамъбаст мекунанд. Аммо мухлисон ҳангоми даъвати ин ё он ҳунарпеша ба маҳфили идонаи худ ба он менигаранд, ки дар тӯли сол онҳо чӣ дурахшҳое доштанд.
Нигина Амонқулова, ки бо таронаҳои сабки "ретро" шуҳрат ёфта буд, дар соли 2013 низ мақоми маҳбубтарин овозхонро, ки соли пеш бар пояи назарсанҷии бунгоҳи “Зеркало” гирифта буд, зоҳиран ҳифз кард. Дар суҳбат бо радиои "Озодӣ" вай гуфт, ки дар ин сол беш аз бист тарона сабт кард ва сафарҳои ҳунариаш ба Туркия, Сочии Русия, Туркманистон ва кишварҳои дигар хотирмон будаанд. Ин овозхони 27-сола мегӯяд, «дар соли 2014 шумораи клипу таронаҳоямро бештар карда, боз бо як барномаи консертии мукаммал пеши мухлисонаш ҳунарнамоӣ хоҳам кард».
Зикриоллоҳ Ҳакимов,ки бештар бо шеваи “потпуррӣ” тарона месарояд, дар солҳои охир бештар ба таронаҳои ватанпарастона руҷӯъ кард ва “Ватандорӣ”- и ӯ бештар аз сурудҳои дигар дар садову симо пахш шуд. Ҳарчанд солҳои пеш вай асосан барои дигарон оҳанг менавишт, мегӯяд имсол асосан барои худ кор кардааст: «Ман тайёрии сахт дидам. Солҳои гузашта бештар барои ҳунармандони дигар суруд месохтам, имсол барои худам як албом таҳия кардам ва дар соли 2014 мехоҳам, худам ҳунарнамоӣ кунам.» Ба гуфтаи худи ӯ ва мухлисонаш таронаҳои «Афсонаи кӣ бошад?», «Эй сорбони ишқ» дар иҷрои Нигина Амонқулова, «Гулу себарга» дар иҷрои Шабнами Тоҷиддин аз муваффақиятҳои соли 2013 буданд. Зикриоллоҳ гуфт, дар ин сол ба давлатҳои хориҷӣ низ сафарҳои ҳунарии зиёд доштааст ва ба гуфтаи худаш «шукри Худо, дар ягон ҷо номи тоҷикро паст назадааст».
Аммо Баҳром Ғафурӣ, яке дигар аз ситораҳои попи тоҷик ба Озодӣ гуфт, ки ҳамон гуна ки ҳар сол фаслҳои гарму сарди худро дорад, соли 2013 низ барои ӯ хубию нохубиҳои худро дошт. Хубии ин сол барои Баҳром дар он будааст, ки ӯ клипи навашро бо номи «На, на, нару» дар шаҳри Маскав сабт кад, ки аз муваффақтарин таронаҳои сол шумурда мешавад. Ӯ ҳамчунин бо продюсери шинохта Беҳрӯз Зеваров қарордод баст ва ба пахши як намоиши нимсоата дар шабакаи телевизионии “Сафина” даст ёфт.
Бадии ин сол барои Баҳром ин будааст, ки бинобар мушкилоти молӣ натавонист, консерти инфиродиашро баргузор кунад: «Консертҳои хайрия доштем, аммо консерти алоҳида набуд. Мехостам, дар Кохи Борбад консерт диҳам, аммо кирояаш зиёд аст. Кӯшиш мекунем, соли 2014 сарфи назар аз гаронии маблағи иҷора ин тарҳро амалӣ намоям». Баҳром Ғафурӣ дар моҳи марти соли оянда дар консерти бузурги ҳунармандони маъруфи ҷаҳон дар Амрико ширкат хоҳад кард.
Ҷонибек Муродов, ситораи дигар мегӯяд, соли 2013 ҳам дар ҷодаи ҳунар ва ҳам дар зиндагии шахсӣ барояш соли хуб буд. Вай дар ин сол соҳиби хона, мошин ва кори хуб шудааст, аммо нахост зикр кунад, ки манзилаш чӣ гуна ва дар кадом шаҳр аст, мошинаш чӣ тамға аст ва чӣ кореро дарёфт кардааст? Имсол Ҷонибек қариб 10 суруд ва 5-6 клип таҳия кард. Ҳоло клипи наваш бо номи «Другими стали мы» ба унвони ҳадяи солинавӣ тақдими мухлисон мешавад. Ин овозхони тоҷик мегӯяд, таронаи бадахшие, ки дар соли 2013 таҳия кард, шӯҳрати ӯро дар байни мухлисонаш боло бурд ва дар сафарҳое, ки ба Бадахшон дошт, аз ҷониби сокинони ин минтақаи Тоҷикистон хеле хуб қабул шуд: «Ман ҳис кардам, ки корам беҳуда набуд. Таронаи дигарам «Ман имшаб туро мехом» хеле танқид шуд, аммо ягон маҳфил дар клубу тарабхонаҳо бе ин суруд намегузарад.»
Ҳамзамон Ҷонибек аз он изҳори нигаронӣ кард, ки имсол низ мисли чанд соли охир номаш дар «феҳристи сиёҳ»-и шабакаҳои телевизионӣ боқӣ монд ва онҳо таронаҳояшро пахш намекунанд. Вай аз он изҳори таассуф кард, ки таронаҳои падараш -- Ҷӯрабек Муродов, Шабнами Сурайё ва чанд ҳунарманди дигаре, ки берун аз Тоҷикистон фарҳанги тоҷиконро муаррифӣ мекунанд, ҷое дар телевизионҳои кишвар надоранд.
Мо мехостем аз сарояндаи шинохта Садриддини Наҷмиддин ҳам дар мавриди соле, ки сипарӣ мешавад, сӯҳбат кунем, аммо Анвар Соиров, менеҷери ӯ гуфт, Садриддин имрӯзҳо хеле сертараддуд аст ва сафари ҳунарии худро ба Амрико омода мекунад. Айни замон Садриддин як таронаи навашро дар телевизиони «Сафина» сабт кардааст, ки дар барномаи солинавии ин шабака пешниҳод хоҳад шуд.
Соли 2013 ситораҳои тозае низ ба саҳнаи ҳунар ворид шуданд, аммо бархе як дурахшиданду афтиданд ва бархе ҳам ба паллаҳои аввали саҳна баромадаанд. Зайнура Пӯлодова, соли 2013 бо клипи «амор, амор» таваҷҷуҳи мухлисонаро ба худ кашид. Зайнура мегӯяд, маҳз клипи «Амор, амор» ба шумори мухлисонаш афзуд. Ӯ ҳоло таронаи наверо сабт кардааст, ки дар остонаи сол ба мухлисонаш тақдим мекунад