Пас аз нашри акси Шабнаму Фарзона дар Фейсбук, ки дар он бо сатри исломӣ ва ҳангоми тавофи Каъбаанд, мухлисонашон сари ин суол фикр мекунанд, ки оё баъд аз бозгашт аз зиёрати Хонаи Худо онҳо дар саҳна мемонанд ё мисли Маликаи Саидзод бо суруду мусиқӣ падруд хоҳанд гуфт?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сурайё Қосимова, овозхони маъруф ва модари Шабнаму Фарзона мегӯяд, духтаронаш, баъд аз анҷоми Ҳаҷҷи Умра шеваи либоспӯшӣ ва зиндагии худро то ҷое тағйир хоҳанд дод. Ӯ меафзояд, қабл аз зиёрати Хонаи Худо, ки орзуи духтаронаш буд, онҳо ба хулосае омадаанд, ки баъди бозгашт рӯсарӣ хоҳанд дошт, аммо аз саҳна дур нахоҳанд шуд. Модари Шабнаму Фарзона мегӯяд, овозхонӣ - пешаи дӯстдошта ва «наволаи нони даҳон»-и духтаронаш аст, аз ин рӯ онҳо наметавонанд тарки ҳунар кунанд.
Сурайё Қосимова афзуд: «Ҳар як мусалмон, албатта, ин орзуро дорад. Аммо пеш аз рафтан мо хеле маслиҳат кардем, имшаб занг заданд, бисёр хушбахт ҳастанд, ки вориди Хонаи Худо шуда ва ҳама зиёрати он карданд. Духтари калонам, Бибирузигул ду карата ҳоҷӣ аст. Баъди ин акнун дар либоспушӣ каме тағйирот мешавад, шояд дигар бе рӯймол овозхонӣ накунанд. Вале дар саҳна баромад хоҳанд кард. Онҳо, ки ҳоло ҷавонанду нолаи нонашон аз сарояндагӣ буд ва онро идома медиҳанд. Онҳо-ку то ин вақт ҳам ягон кори бад намекарданд, вале баъдан аз дигар корҳо парҳез мекунанд. Онҳо сатре хоҳанд дошт, ки ба саҳна мувофиқат кунад.»
Хонуми Сурайё мегӯяд, Шабнаму Фарзона ба ин сафари пурмасъулият омода буданд ва медонанд, ки вақте одам зиёрати Хонаи Худо кард, дигар бояд ҳар қадами худро санҷида гузорад.
Хоҳарон Шабнаму Фарзона бо рафтор ва шеваи озоди либоспӯшии худ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ буданд ва зуд-зуд мавриди интиқод низ қарор мегирифтанд. Махсусан яке аз охирин клипҳои ин овозхонҳо бо номи «Ёрам» дар миёни корбарони тоҷики интернет баҳсҳоеро ба бор оварда буд. Аммо ғайриинтизор, нашри акси хоҳарон дар хонаи Худо бо сатр аксариятро дар ҳайрат гузошт. Бархе аз мусоҳибони мо мегӯянд, баъд аз зиёрати Хонаи Худо Шабнаму Фарзона бештар дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт, ки то куҷо ба меъёрҳои шариат риоя мекунанд.
Оятуллоҳ, як мусоҳиби ҷавони мо мегӯяд, агарчӣ барои овозхон ва як чеҳраи саршинос тағйири зиндагӣ кори осон нест, вале ин сафар хоҳ-нохоҳ то ҷое ба зиндагии ситораҳо таъсир хоҳад кард: «Ғолибан овозхонҳо як зиндагии хеле озод доранд, аммо ин ки солҳои охир онҳо қасди сафари Хонаи Худо мекунанд, иқдоми хуб аст ва боби раҳмат ва дари тавбаи Худованд ҳамеша боз аст. Аслан вақте як инсон ба Хонаи Худо сафар мекунад, як эҳсосе дигаре ӯро фаро мегирад ва шояд муҳаббати ислом ва шариат дар қалби онҳо ҳам бештар мешавад. Чандин овозхону ҳунарманди синамои кишварҳои хориҷро медонем, ки баъд аз зиёрати Хонаи Худо дигар ба саҳна набаромаданд ё либоси худро тағйир доданд».
Дар гузашта чанд овозхони маъруфи тоҷик, аз ҷумлаи Меҳрубони Равшан, Афзалшоҳи Шодӣ, Хайриддини Бозор, Ҷурабеки Мурод ҳам баъди зиёрати Хонаи Худо ва бо касби унвони «Ҳоҷӣ» ҳам рӯйи саҳнаи мусиқӣ монданд.
Ба ҷуз аз Маликаи Саидзод, ки баъди солҳои зиёди овозхонӣ қасди зиёрати Хонаи Худо кард ва дар соли 2010 «Ҳоҷибибӣ» шуду бо ҳамин дигар ҳиҷоб ба ба бар карда, саҳнаро тарк гуфт. Ӯ ҳоло ба соҳибкорӣ машғул аст.
Афзалшоҳи Шодӣ, ки дар соли 1994 ҳаҷ кардааст, мегӯяд, баъд аз ин боз бештар ба мусиқӣ дода шудааст, зеро ин истеъдодро барояш Худо додааст ва ношукрӣ нахоҳад кард: Ба гуфтаи ӯ, «Одам баъди Хонаи Худо, дигар некиро ҳамеша пеша мекунад ва ба забонаш ҳарфи бад намеояд. Вале мусиқӣ бо ҷони одам даромадааст ва беҳтарин чизест, ки Худованд барои мо офаридааст, то зиндагӣ ширин шаваду гӯши одамон роҳат кунад. Ман баъд аз зиёратам боз бештар фаҳмидаму эҳсос кардам, ки одамгарӣ чӣ асту мусиқӣ чӣ аст. Ин касбро барои ман Худо додааст ва ҳеҷ вақт ношукрӣ кардан даркор нест»
Сурайё Қосимова, ки акнун интизори бозгашти духтаронаш аз зиёрати Хонаи Худост, мегӯяд, худаш ҳоло барои чунин як сафар омода нест. Ӯ тасмим дорад, ки солҳои наздик зиёрати Хонаи Худо кунад, вале баъди бозгашт ва ҳоҷӣ шудан дигар овозхонӣ нахоҳад кард ва бештар ба тоату ибодат рӯ хоҳад овард: «Ман имсол 57 сола мешавам, агар рафта оям, дигар суруд хонданам хуб намешавад, аммо ман ин касби худро хеле дӯст медорам ва зиндагиам ҳам аз ҳамин роҳ аст, фикр мекунам баъди 2 сол ба зиёрати хонаи Худо равам ва бо ҳамин дигар тарки саҳна кунам.»
Аммо бархе аз мусоҳибони мо мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба мазҳабӣ шудани ҷомеа овозхонҳо ҳам баъзан барои афзудани шӯҳрати худ аз роҳҳое кор мегиранд, ки мардум бештар ба он таваҷҷӯҳ доранд. Аз ин лиҳоз, ба ақидаи онҳо, мумкин аст, сафари Шабнаму Фарзона ба ҷойҳои муқаддаси исломӣ бештар ҳамин аҳдофро дошта бошад.