Мақомот: "Як милиса дар ҷои кораш дар Лахш худкушӣ кардааст"

Акс аз бойгонист.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, рӯзи 1-уми январ як маъмури милиса дар шарқи Тоҷикистон худкушӣ кардааст. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти интизомии ноҳияи Лахш субҳи 1-уми январ ҷасади Дилшодҷон Аҳлиддинов сержанти милисаро ба аҳли оилааш супурда ва гуфтаанд, ки ӯ худкушӣ кардааст.

Бародари Дилшодҷон Манучеҳр Аҳлиддинов, ки дар Русия қарор дорад, дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари марги бародарашро аз аҳли хонавода шунидааст. Ӯ афзуд: “Ба падару модарам гуфтаанд, ки ӯ субҳ соати 9 ба як анбори ангишти шӯъба рафта, дар онҷо ба зери манаҳаш ду тир задааст. Ҳамон рӯз бародарамро ба деҳаи Ҷайлған оварда, соати 4 дафн кардаанд.” Ба қавли Манучеҳр, зери манаҳи бародари ҷавонаш осори ду тир будааст.

Дар идораи умури дохилии ноҳияи Лахш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ ҳодиса ҷой дошт ва “Дилшодҷон Аҳлиддинов ба сабабҳои номаълум худкушӣ кардааст.” Айни замон дар ин шуъба гуфтанд, ки ҳоло гуруҳи тафтишотӣ дар маҳалли ҳодиса аст, то сабабҳои марги афсарро маълум кунад.

Манучеҳр Аҳлиддинов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба худкушии бародараш бовар надорад, зеро ӯ “дар зиндагӣ ягон мушкили моддӣ надошт, бо оилааш ҷанҷолу хархаша надошт ва аз касе ҳам қарздор набуд.” Манучеҳр Аҳлиддинови 32-сола, ба қавли бародараш ним сол пеш дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ба кор шуруъ кард. Ӯ зан ва як тифли хурдсол доштааст.