Дидори мақомот бо сокинони рустоҳои марзи Қирғизистон

Деҳаи Хоаҷаи Аъло

Мардуми деҳоти наздимарзӣ ва бахусус Хоҷаи Аъло дар дидор бо мақомоти марзбонӣ ва умури дохилии вилояти Суғд аз эҳтимоли сар задани муноқишаҳои нав изҳори нигаронӣ карданд.

Як мақоми ҷамоати Ворух ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 4-уми август фармондеҳи Раёсати марзбонии видояти Суғд, полковник Музаффар Пираков ҳамроҳи намояндагони Раёсати умуми дохилии вилоят бо мардум мулоқот карда, сабабҳои рух додани муноқишаи ахир ва роҳҳои пешгирии чунин ҳолатҳоро баррасӣ карданд.

Ин мулоқот дар деҳаи Хоҷааъло сурат гирифт, ки сокинони Ворух ва дигар деҳоти марзӣ низ ҳузур доштанд. Онҳо гуфтаанд, то замоне ки масъалаи чарогоҳҳову хатти марз рушан карда нашавад эҳтимоли сар задани муноқишаҳо ҷой дорад хоҳиш карданд, ки мақомоти болотар аз Кумисюни байнидавлатӣ бояд роҳи ҳали мушкилоти марзиро пайдо кунанд.

Онҳо мегуянд,ки Кумисюни байнидавлати ҳатто масъалаи чарогоҳҳоро натавонист ҳал кунанд ва дар соли равон мардуми Исфара натавонистанд чорвои худро ба чарогоҳҳо бубаранд, ки бисёр зарар диданд

фармондеҳи Раёсати марзбонии видояти Суғд, полковник Музаффар Пираков аз мардум хоҳиш кардааст,ки сабру таҳаммулро аз даст надиҳанд чунки марҳилаи ҳалли ниҳоии масъалаи марз наздик шудааст.

Субҳи рӯзи 2 –уми август мақомоти Бодканд хабар доданд,ки гурӯҳе аз сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара ба киштзорҳои ҷуворӣ ва полезҳои дигари мардуми рустои Оқсой ворид шуда ва ба ҷамъоварии «ҳосили онҳо» шурӯъ кардаанд, ки ин боиси муноқишаи мардуми мавзеъҳои марзӣ шудааст.

Аммо мусоҳиби Радиои Озодӣ ин иддаоро беасос хонда гуфт, ки гурӯҳе аз бачаҳои 10-12-сола дар наздикии марз гов мечаронидаанд ва саргарми бозии онҳо молашон тасодуфан ба киштзорҳои ҷуворимаккаи сокинони рустои Оқсой ворид шудааст. Баъд аз ин ба гуфтаи Насрулло, марзбонони қирғиз ҳамроҳи чанд сокини русто, наврасони тоҷикро задаанд ва молашонро бо худ бурдаанд. Сокинони рустои Хоҷаи Аъло ҳам баъди ин ба суроғи бачаҳову молҳояшон рафтаанд ва дар натиҷа байни ду тараф муноқиша сар задааст.

Кумитаи марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ки дар ин муноқиша сокинони Тоҷикистон оинаҳои мошини ду шаҳрванди он кишварро шикастанд. Насрулло сокини рустои Хоҷаи Аъло низ ин гуфт, дар воқеъ чунин ҳодиса сурат гирифт. Баъди ин мақомоти ноҳияи Исфара ва вилояти Бодканди Қирғизистон ба ҷанҷол дахолат карда ва ба мувофиқа расидаанд, ки «тарафи Тоҷикистон ба кишоварзони қирғиз 10 ҳазор сом ҷуброн пардохта ва пули таъмири мошинҳоро ҳам медиҳад».

Дар ин гӯшаи аломатгузориношудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамин сол чандин бор ҷангу муноқиша сар зад. Моҳи гузашта ва дар рӯзи 10-уми июл ҳангоми даъво бар сари қаламрав байни марзбонони қирғизу тоҷик низоъ бархост ва дар натиҷаи тирандозии марзбонони қирғиз 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардошт ва як нафари дигар кушта шуд. Як марзбони тоҷик низ дар ин муноқиша захмӣ шуд. Муноқишаи аз ин ҳам бадтар ва боз ҳам бар сари қаламравҳои баҳсбарангез рӯзи 11 январ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 2 марзбони тоҷик ва 6 марзбону як маъмури милисаи Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд.

Кумиссиёни байниҳукуматии ду кишвар солҳост, ки натавонистааст, ба далели ихтилофоти амиқи назар дар робита ба қаламравҳои печида ва қонуну қарорҳои «ҷудоиандози» замони шӯравӣ марзи байни ду кишварро таъйину аломатгузорӣ кунанд. Ба гуфтаи Насрулло, «чиҳилу ҳашт сол аст, ки аҳвол ҳамин, онҳо мезананд, мо мезанем, онҳо мезананду мо мезанем» ва то замоне ки масъалаи сарҳад ҳал нашавад, аҳвол чунин хоҳад буд ва ҳатто ба гуфтаи коршиносон метавонад, ба муноқишаи бузургтаре байни ду кишвар бипечад.