Бонкҳо сирри пулгузарониҳо аз Сурия ва Ироқро фош мекунанд

Бонкҳо дар минтақаи Кӯлоб аз мақомот дастур гирифтаанд, то таҳқиқ кунанд, ки аз Сурияю ва Ироқ барои кадом шаҳрванди Тоҷикистон кӣ ва бо кадом мақсад пул мефиристад.

Хуршед Раҳимзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Кӯлоб рӯзи чаҳоршанбеи 13 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи бонкҳо дар минтақаи Кӯлоб аз мақомот дастур гирифтаанд, то таҳқиқ кунанд, ки аз Сурияю ва Ироқ барои кадом шаҳрванди Тоҷикистон кӣ ва бо кадом мақсад пул мефиристад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлати Тоҷикистон ба ҷалб шудани шумори зиёди ҷавонон аз ин минтақа ба ҷангҳои Ховари Миёна изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ин ҷаноби Раҳимзода, “сафар ба “ҷиҳод” дар Сурияву Ироқ бидуни маблағ намешавад ва ба ин далел эҳтимол дорад, онҳое, ки аз Тоҷикистон ба он кишварҳо рафтаанд, маблағҳоеро дарфёт кардаанд ва маъмурони бонкҳои кишвар инро бояд дақиқ кунанд."

Аммо, ба гумони коршиносон, муайян кардани ҳаракати маблағ аз Сурия ва Ироқ осон нахоҳад буд, зеро мумкин аст, бахши умдаи он ба воситаи схемаи "ҳавола" ва қисми дигар аз кишварҳои савум ба Тоҷикистон фиристода шаванд.

Ҷаноби Раҳимзода афзуд: «Мо ҳоло интизори ҷавоби расмии бонкҳо ҳастем, ки пул интиқол шудааст ё не. Як мушкил дар он аст, ки ҳамаи амалиётҳои бонки махфӣ ҳастанд ва барои муайян кардани амалиёти пулӣ каме лозим мешавад.»

Аммо мақомот мегӯянд, далелҳое доранд, ки роҳкироиҷ авонони раҳгумзадаро ба самти Сурияву Ироқ ҷавононе, ки бо таъсири таблиғҳо озими Сурия ва Ироқ мешаванд, аз тарафи ҷалбкунандагони онҳо пардохт мешавад. Дар бархе аз мавридҳо ба онҳо билети ҳавопаймо дода мешавад ва дар ҳолати дигар пули нақд. Ифшои манбаи ин билет ва сармояҳо мумкин аст, шабакаҳоеро фош кунанд, ки ба ҷалб ва интиқоли ҷавонон ба ҷангҳои Ироқ ва Сурия машғуланд.

Як масъули бонки тиҷориву саҳомӣ дар минтақаи Кӯлоб ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ ин мактуб дастраси онҳо шудааст. Ба гуфтаи ин масъул дар он мактуб ному насаби ҷангандаҳои Сурия ва Ироқ дарҷ гардидааст, ки бояд тафтиш ва муайян карда шавад, ки онҳо кай ва ба кӣ ба Тоҷикистон маблағ интиқол додаанд. «Ин мактуб тариқи Бонки миллӣ ворид шудааст. Дар пайи ин мо тафтишотро оғоз мекунем,” -- гуфт мусоҳиби мо.

Тафтиши амалиёти интиқоли пул аз Сурияву Ироқ ба ҷавонони “ҷиҳодӣ” -и Тоҷикистон дар ҳолест, ки гуфта мешавад, аз минтақаи Кӯлоб 33 нафар ба Сурия рафтаанд, ки 23 нафари онҳо аз шаҳри Кӯлоб ва боқӣ аз ноҳияҳои Фархор, Мӯъминобод, Данғара ва Ҳамадонӣ ҳастанд. Ахиран маълум шуд, ки се нафар аз як деҳаи ноҳияи Данғара аз Русия ба Сурия рафтаанд.

Аксари ин афрод, ки ҷавонтарини онҳо 19-сола аст, дар Русия муҳоҷири корӣ буданд ва аз онҷо ба Ховари Миёна рафтанд. Бино ба гузоришҳо то кунун дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ бештар аз 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд.

То кунун расман далел дар мавриди ирсоли пул аз Сурия ва Ироқ дастрас нест. Аммо як сокини Кӯлоб, ки фарзанди як ҳамсояаш дар Сурия қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, борҳо шоҳидшудааст, фарзанди ин мард барояш пул мефирист ва ӯ ҳамеша мегуфт, ки пулҳо аз изҳорРусия фиристода мешаванд. Аммо баъдан фаҳмид, ки писараш як сол боз дар Сурия ба сар мебарад. Мақомот низ мегӯянд, чунин ҳарфҳо ҳоло дар сатҳи овозаанд ва онҳо воқеияти ин овозаҳоро месанҷанд.

Аммо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ду рӯзи қабл дар ҳамоише дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки тибқи умури фаврӣ - ҷустуҷӯӣ, 386 шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон ва Покистон меҷанганд ва аз ин теъдод, 40 нафарашон зану фарзандонашонро ҳамроҳ бо худ ба ин кишварҳо бурдаанд. Ба гуфтаи Раҳимзода, дар интиқол додани шаҳрвандони Тоҷикистон нафареро аз ноҳияи Ваҳтат дастгир карданд, ки сари ҳар шахс маблағи ҳамгуфт дарёфт мекардааст. Ӯ мегӯяд, ба ҳар ҷангандаи Давлати Исломӣ дар як набард 3000 доллар дода мешавад, ва маротибаи сеюм, ки дар набард нафавтид ва ғолиб шуд, ӯро кӯшта маблағашро боз ба дигар кас медодаанд.

Ин тасмим мақомоти корҳои дохила дар ҳолест, ки як ҳафтаи қабл ду шаҳрванди Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия кушта шуданд. Яке Сафар Рустамов писари собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ Хайрулло Рустамов, дигаре, Лоиқ Раҷабов аст. Ҳоло тибқи иттилои хушдомани Лоиқ духтари ӯ бо се наберааш дар ҷангҳои Сурия дармондааст.