Ҳалокати навраси 15-сола зери чархи мошини афсари милиса. ВИДЕО

Маҳалли ҳодиса

Фирдавс Ҳалимов, сокини 15-солаи Кӯлоб, зери чархи мошини муфаттиши корҳои дохилии ин шаҳр монда, баъди интиқол ёфтанаш ба бемористон даргузашт. Мақомоти Додситонии Кӯлоб гуфтанд, ки ҳодисаро ҷиддӣ таҳқиқ доранд. ​

Хонаводаи Фирдавс Ҳалимов мегӯянд, ки агар муфаттиш фирор намекард ва дар бемористон дар паҳлӯи Фирдавс мемонд, нисбат ба ӯ даъвое пеш намеоварданд.

Капитан Саидмуъмин Исломов, муфаттиши садамаҳои нақлиёти Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб, Фирдавсро шаби 13-уми феврал дар бемористон гузошта, худаш ба идораи пулис рафтааст. Ӯ феълан дар озодӣ аст ва ба ҳайси омили ин садамаи маргбор баёнот додааст.

Фирдавс Ҳалимов соати 12-и шаби 13-уми феврал, баъди адои кор дар назди терминали Кӯлоб-Восеъ, зери чархи худрави капитан Саъидмӯъмин Исломов мондааст. Ӯ дар синфи ҳафтуми мактаби рақами 6-и Кӯлоб мехонд ва ҳар рӯз баъди дарс дар наздикиҳои бозори “Саховат” “пирожний” мефурӯхт.

Фирдавс Ҳалимов

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб рӯзи 14-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттиш дар лаҳзаҳои вуқӯи ҳодиса бо мошини тамғаи "Нексия" аз самти бозор тез ҳаракат мекард ва дар он ҳолат Фирдавсро зер карда, то 15-20 метр бо худ бурд.

Аз наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, Фирдавс Ҳалимов соати 12:15 дақиқа ҳангоми убури роҳ аз сӯи як мошин пахш карда мешавад. Ба дунбол, мардуми маҳал дар ҷои ҳодиса ҷамъ мешаванд ва ронанда ӯро ба бемористон интиқол медиҳад.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дурбинҳои назоратӣ садамаи маркази Кӯлобро ба навор гирифтаанд

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, Фирдавс ҳар рӯз пас аз дарс дар терминали Восеъ-Кӯлоб "пирожний" мефурӯхт ва шаби ҳодиса баъд аз анҷоми кор аз дорухона даво гирифта, ба хона рафтанӣ буд.

Абдулазиз Азизов, амаки Фирдавс, рӯзи 14-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соати 1-и шаб ӯро чанд нафар омада хабардор карданд, ки ҷиянашро мошин зер кардааст. Мегӯяд, баъди шунидани ин хабар ба бемористон рафт, вале ҷиянашро дар онҷо пайдо накард. Ӯро аз сардхона ёфтааст.

Азизов гуфт, “дар бадани кӯдаконам донача баромада буд. Гуфтам, ки аз дорухона спирт биорад, то бимолем. Соати 1-шаб ду-се нафар омада, хабар карданд, ки ҷиянатонро мошин зад. Тамоми аъзои баданаш, аз ҷумла сар, шикаста буд. Аз даҳону бинияш хун рехта буд. Аммо аз нафаре, ки зада буд, ҳеч нишоне набуд.”

Абдулазиз Азизов, амаки Фирдавс Ҳалимов.

Ҳоло хонаводаи Фирдавс Ҳалимов мегӯянд, агар муфаттиш фирор намекард ва дар бемористон дар паҳлӯи Фирдавс мемонд, нисбат ба ӯ даъвое пеш намеоварданд. Ҳоло мегӯянд, алайҳи муфаттиш даъво карда, талаб хоҳанд намуд, то ба ҷазои аъмолаш бирасад.

​Дар ҳамин ҳол, масъулони Додситонии шаҳри Кӯлоб сарусадо дар бораи гӯиё маст будани капитан Саъидмӯъмин Исломовро ҳангоми ҳодиса рад мекунанд. Масъулони додситонӣ дар посухи кӯтоҳ гуфтанд, дар пайи ташхис муайян шуд, ки ӯ ҳангоми садама сари чанбари мошин маст набудааст. Капитан Исломов баъди ба бемористон расондани Фирдавс ба ҷои кори худ дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рафта, субҳ мақомоти тафтишотӣ ӯро аз ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ гузарондаанд.

​Дар гузашта низ бо иштироки афроди соҳибмақом дар минтақаи Кӯлоб садамаҳои маргбори нақлиётӣ рух дода буд. Аз ҷумла, соли 2016 раиси намояндагии Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлоб як сокини Восеъро пахш кард. Баъди ин ҳодиса Маъруф Саъдуллоев аз мақомаш барканор гардид.