Ду сокини Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин ба 15-рӯзии ҳабс маҳкум шуданд.
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми сентябр дар як иттилоия аз ин ду нафар Фирдавс Садиров ва Миралӣ Давляров ном бурда, гуфтанд, ки онҳо ба муҳлати панҷсолӣ аз ҳаққи ронандагӣ низ маҳрум шудаанд. Мақомоти вазорат гуфтанд, инчунин, се нафари дигар барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани мошин ҳар кадом ба пардохти 12-уним ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф гардиданд.
Ин ҳукмҳо дар ҳоле содир мешавад, ки бино ба тағйирот дар чанд қонун ҷазо барои дар ҳолати мастӣ ё бидуни шаҳодтанома рондани мошин сахттар шудааст. Ин пешниҳод тобистони имсол аз тарафи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва аз тарафи ду палатаи порлумони кишвар тасвиб гардид.
Қаблан дар як мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ раиси ҷумҳур гуфта буд, ки аз соли 2010 то ин дам беш аз 10 ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, 3300 хонадонро мотамдору кӯдаконро ятим кардааст.
Президент ба таври вижа ба масъулияти риояи қонунҳо аз ҷониби мақомдорон ва фарзандонашон низ таъкид кард.
Матбуот дар чанд соли охир паёмадҳои садамаҳои пурсару садо бо ширкати фарзандони мақомоти баландпояро пайгирӣ кардааст, ки омилонашон аксаран бо ҷазои сабук аз масъулият раҳо шуданд. Матубот дар Тоҷикистон дар мавриди садамаҳои маргбор бо ширкати Одил Шарифов, муфаттиши Кумитаи амният, Фирӯз Саидов, писари муовини нахуствазир Давлаталӣ Саидов ва Расули Амонулло, писари собиқ раиси Идораи роҳи оҳан Амонулло Ҳукумов гузориш дода буданд.