Аксари волидон дар Тоҷикистон ба фарзандони худ аз рӯи эътиқод ва эҳтиром ба шахсияту чеҳраҳо ном мегузоранд.
Франсуа Салватов, ҷавони 24-солаи бадахшониро ба эҳтироми як пизишки фаронсавӣ, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба модарони тоҷик кумак мекард, Франсуа ном гузоштанд. "Он рӯз дар зоишгоҳ 5 тифл ба дунё омад. Вақте ин табиб навзодонро аз назар мегузаронд, аз миёни онҳо маро интихоб карда ба волидонам гуфтааст, ки мехоҳад номашро ба ман бо се ният тӯҳфа кунад. Яке ин ки ин ном дар Тоҷикистон мондагор бошад, дуввум мисли ман донишманд шавад ва сеюм ҳамеша тани солим дошта бошад," - мегӯяд Франсуа.
Франсуа аз ин ки ҳамноми раисҷумҳури кунуни Фаронса Франсуа Олланд ҳаст ва исмаш зуд-зуд аз садову симо садо медиҳад, ифтихор мекунад. Ӯ аз номаш розӣ аст ва бовар дорад, ки исми инсон тақдири инсонро ҳал мекунад.
Номгузорӣ дар Тоҷикистон дар давру замон, вобаста ба вазъи сиёсӣ ва қаҳрамонҳои он давр тағйир кардааст. Фарҳангшиносон мегӯянд, ки дар замони Шуравӣ аслан талошҳо барои ворид кардани номҳои бегона ба фарҳанги тоҷикӣ зиёд мушоҳида мешуд. Аз сӯи дигар ба далели идеологӣ ва ё тақлид ба чеҳраҳои маъруфи сиёсии давр сокинон фарзандони худро МЭЛС, Сталин, Коммуна, Феликс ва ба ҳамин монанд ном медоданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Январ Шукрии Самарқандӣ, олим ва проффессори физика, танҳо нафарест, ки дар Тоҷикистон чунин ном дорад. Ӯ вақти таҷлил аз Соли нави милодӣ ба дунё омада ва модарбузургаш сари гузоштани ном ба ин навзод зиёд андеша накардааст.
“Модаркалонам дарҳол гуфтааст, ки ба ман номи Январро гузоранд. Падарам низ ин пешниҳодро қабул кардааст. Масалан, як дӯсти ман Апрел ном дошт. Ҳатто нафарони бо номи Инқилоб ва Трактор низ буданд. Худи ман танҳо дар 25-солагӣ маънии номамро фаҳмидам,” - афзуд вай.
Аммо ба гуфтаи Январ Шукрӣ барои интихоби номи мувофиқ ба наберагонаш зиёд мушкил кашид ва аз ин хотир дар муддати бист сол китоби “Фарҳанги номвожаҳои форсӣ-тоҷикӣ”-ро таҳия кард. Дар ин фарҳанг наздики 27 ҳазор ном бо тафсир гирд оварда шудаанд.
Ба қавли ин мусоҳиби мо, дар даҳ соли охир бо таваҷҷӯҳ ба зиёд шудани равуо ба кишварҳои исломӣ ва мазҳабитар шудани ҷомеа шаҳрвандон ба номҳои арабӣ ва исломӣ бартарӣ медиҳанд. Дар баробари ин, маъмул шудани сериалҳои туркӣ дар Тоҷикистон завқи мардумро ба номгузории туркӣ аз қабили Элиф, Иргит ва Гузел бештар карда ва ҳатто баъзе номҳои маъмул дар Тоҷикистон ҳоло бо лаҳҷаи туркӣ, мисли Меҳмет, ки Муҳаммад ё Хуррем ки Хуррами тоҷикист, талаффуз мешавад.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз бегонапарастӣ ва тарғиби номҳои тоҷикӣ, ҳукумати Тоҷикистон як моҳи пеш номҳои барои фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, “аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезеро, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳо ҷудо мекунанд, манъ кард.
Ҷалолиддин Раҳимов, муовини сардори раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар назди Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 14 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло дар шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба волидоне, ки дар гузоштани номи муносиб мушкил мекашанд, номҳои зебои тоҷикиро тавсия медиҳанд.”
Ба қавли Раҳимов, рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикии Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон заминае мешавад, ки падару модарон аз номгузориҳое, ки хушоянд нестанд, даст кашанд ва ба интихоби номҳои писандида рӯ оранд. Ин китоб тақрибан 4-5 ҳазор номҳои тоҷикиро дар бар мегирад. Дар ҳар як номвожа маъно, шакли форсӣ ва шакли транскрипти он, яъне ба ҳарфҳои лотинӣ ҳамон ном ҳуруфгардон мешавад, то дар шиноснома ба ғалат роҳ дода нашавад.
Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин ки мақомот дар интихоби номҳо онҳоро маҳдуд кардаанд, шикоят мекунанд. Барои намуна падару модаре хостаанд, то фарзанди худро Ёсин ном гузоранд, аммо дар идораи сабти аснод ба онҳо иҷозат надоданд.
Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯянд, маҳдудият дар истифодаи ин ном танҳо ба хотирест, ки Ёсин сураи Қуръон буда, истифодаи он дар номи инсонҳо роиҷ нест. Аммо номҳои арабие, ки ба фарҳанги тоҷикӣ ворид шуда солҳо боз истифода мешаванд, монеае вуҷуд надорад.
Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “ҳатто номҳои форсии тоза, ки барғалат дар байни мардум роиҷ будаанд, дар шакли дуруст дар феҳрист оварда шудаанд. Масалан, шакли дурусти Гулноза - Гулноз, Дилноза - Дилноз ва Шаҳноза -Шаҳноз аст. Ин номҳо дар қолаби вожасозии тоҷикӣ мувофиқ омадааст. Аммо ҳастанд номҳои зиёди арабӣ, ки пасаванди “а” доранд ва тӯли ҳазорсолаҳо дар суннати номгузории мо ҷой доранд, ки мо онҳоро дар феҳрист нигоҳ доштаем ва ислоҳ накардем. Мисли Анис ва Аниса.”
Матробиён афзуд, дар баробари ин дар феҳристи номҳо аз исми ҷонварҳо танҳо Шер, ки тимсоли шуҷоату далерӣ аст, аз паррандаҳо Товусу Шоҳин ва аз растаниҳо номҳое, ки зебоиро тараннум мекунанд, ворид шудаанд. Аммо истифодаи номи меваҳо ҳамчун номи инсон, ки дар байни мардум роиҷ буд, манъ шудаст. Номгузории рӯзҳои ҳафта ба истиснои Сешанбеву Якшанбе иҷозат шудааст.
Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯянд, ки шакли такмилшудаи феҳристи ягонаи номҳо баъд аз ду моҳ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.