Вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, “Душанбе ба арзёбии мушкилиҳое, ки пеш меоянд, омода ҳаст, вале тарҳи нирӯгоҳи Роғунро дар ниҳоят такмил хоҳад кард.”
Дар сӯҳбати сари мизи мудаввари Радиои Озодӣ раиси куммиссиюни экологиии Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов дар бораи таъсири корхонаи тавлиди алюминий ба муҳити зист, мавқеъи Тоҷикистон дар ин масъала ва такмили нерӯгоҳи барқу оби Роғун табодули назар кард. Дар ин мизи муддаввар бо оқои Ҳақдодов ходимони радиои Озодӣ Искандари Хоҷамирзода (аз бахши тоҷикии Радиои Озодӣ), Венера Ҷуматаева ( аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ) ва Алишер Сиддиқ (аз бахши узбакии Радиои Озодӣ) ширкат карданд.
Маҳмадшариф Ҳақдодов дар раъси як ҳайъати Тоҷикистон барои ширкат дар Конфронси зери сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба шаҳри Прага омадааст ва дар ин ҳамоиш низ дар бораи таъсири лоиҳаҳои обу энергетикии Тоҷикистон ба муҳити зисти минтақа суханронӣ мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад