Раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикие ба ҳамтои узбаки худ Ислом Каримов ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Узбакистон гуфтааст, кишвараш омодааст, дар гуфтугӯи сиёсии боварибахш мушкилоти байни ду давлатро ҳал ва муносибатҳои дуҷонибаро беҳбуд ва густариш бахшад.
Дар ин паём гуфта мешавад: “Тоҷикистон ҷонибдори корҳои наҷиби таҳкимбахшандаи муносиботи дӯстӣ, ҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкориҳои байни кишварҳоямон, ки решаи таърихӣ доранд, мебошад.”
Узбакистон рӯзи 1 сентябр аз солгарди 21-уми истиқлолаш таҷлил кард.
Барқияи табрикии Раҳмон ба Тошканд дар ҳоле фиристода шуд, ки Узбакистон бо мухолифаташ ба тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз пайомадҳои эҳтимолии он ба созмонҳои байналмилалӣ шикоят бурда, сабаби оғози ташхиси байналмилалии тарҳи ин нриӯгоҳ шудааст. Ҳамчунин Узбакистон аз фурӯши газ ба Тоҷикистон дар охири соли гузашта худдорӣ намуд ва чанд сол пеш шабакаи барқи худро низ аз Тоҷикистон ҷудо кард. Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамин тавр, ҷониби Узбакистонро ба мониагузорӣ дар роҳи интиқоли молу коло ба Тоҷикистон ва тахриби ҳадафмандонаи танҳо роҳи оҳан ба самти вилояти Хатлон айбдор мекунанд.
Дар нишасти ахир Сенати Узбакистон масъалаи таъсири экологии корхонаи алюмини тоҷик Талко баррасӣ шуд ва ҳарчанд ду вакили порлумони Тоҷикистон дар ин нишаст ширкат ва суханронӣ карданд, аъзои сенат назари тарафи Тоҷикистонро дар қарори ниҳоии худ ба назар нагирифтанд.
Коршиносон мухолифати Узбакистонро ба тарҳи Роғун дорои ангезаи сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, ҳадафи Тошканд роҳ надодан ба тақвияти иқтисодии ҳамсояаш аст. Аммо мақомоти Узбакистон мегӯянд, танҳо аз пайомадҳои иҷрои ин тарҳ ва таъсири он ба маҷрои об барои кишварҳои поёноб нигаронанд.
Мухолифати Тошканд ҳамчунин сабаби бекор шудани тарҳи чанд нерӯгоҳи хурд дар рӯдхонаи Зарафшон шудаст, ки Чин мехост бунёд кунад. Бо вуҷуди он ки тарафҳо аз минбари форуму ҷамъомади гуногун зидди ҳам сухан мегӯянд, то ҳол барои баррасии масъала дар гуфтугуи мустақим сари як миз нанишастаанд.
Тайи 21 соли истиқлоли Тоҷикистон Ислом Каримов ягон бор ба Тоҷикистон сафари расмӣ ё давлатӣ анҷом надодааст. Чанд мавриди ангуштшумори дидорҳои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои узбакаш дар солҳои охир танҳо дар ҷараёни нишастҳои сарони минтақа сурат гирифтааст.