Филми мазҳакавии коргардони тоҷик Далер Раҳматов бо номи “Сафари ҳавоӣ” барои дарёфти ҷоизаи миллии “Оқ Илбирс”-и Қирғизистон дар бахши “Барои беҳтарин филми Осиёи Марказӣ” пешбарӣ шудааст. Расми тақдими ин ҷоиза рӯзи 13 май дар Бишкек барпо мешавад.
Талант Толобеков, дабири Иттиҳодияи синамогарони Қирғизистон ва яке аз масъулони Кумитаи ҷоизаҳои “Оқ Илбирс” рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷоизаи “Барои беҳтарин филми Осиёи Марказӣ” барои филмҳое, ки дар кишварҳои дигари ин минтақа, ба истиснои худи Қирғизистон сохта шудаанд, дода мешавад: “Имсол барои дарёфти ҷоизаи “Беҳтарин филми Осиёи Марказӣ” се филм – “Сафари ҳавоӣ”-и коргардони тоҷик Далер Раҳматов, “Чайла” (“Шалаш”)-и коргардони қазоқ Кенҷабек Шайкаков ва “Хона барои парии обӣ” (“Дом для русалок”)-и коргардон Наталя Лазарева пешбарӣ шудаанд. Филми ахир фаровардаи муштараки Узбакистон, Эстония ва Русия мебошад.”
Ҷоизаи миллии “Оқ Илбирс” (“Бабри сафеди барфӣ”) соли 2012 аз сӯи 8 коргардони маъруфи синамои Қирғизистон – Ортиқбой Суйундуқов, Оқтан Арим Қубат, Марат Сарулу, Содиқ Шерниёз, Таалайбек Қулмендеев, Темир Бирназаров, Нурлан Абдуқодиров ва Эрнест Абдуҷабборов – таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир, аз мӯътабартарин ҷоизаҳои риштаи синамо дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ҷоизаҳои “Оқ Илбирс” дар 16 бахш имсол барои бори панҷум тақдим мешаванд.
Вале ҷоиза “Барои беҳтарин филми Осиёи Марказӣ” таърихи кӯтоҳтаре дошта, танҳо дар соли гузаштаи 2010-ум ба рӯйхати ҷоизаҳои “Оқ Илбирс” зам шуд. Соли гузашта нахустин ҷоиза барои беҳтарин филми минтақаро филми “Хӯҷаинҳо” (“Хозяева”)-и коргардони қазоқ Одилхон Ержанов ба даст оварда буд.
Соли 2015 ҷоизаи “Оқ илбирс” барои саҳми бузург дар рушди синамои ҷаҳонӣ насиби коргардони узбакистонӣ Алӣ Ҳамроев шуд. Алӣ Ҳамроеви феълан 79-сола, ки соли 1937 дар Тошканд аз падари тоҷик ва модари украинӣ ба дунё омадааст, аз барҷастатарин чеҳраҳои синамои аҳди Шӯравии Узбакистон эътироф шудааст. “Одам аз паси паррандаҳо мепарад”, “Тири ҳафтум”, “Комиссари фавқулодда”, “Тобистони гарми Кобул” ва “Боғи орзуҳо” аз машҳуртарин филмҳои Алӣ Ҳамроев мебошанд. Алӣ Ҳамроев соли 1979 барои филми “Триптих” шоҳҷоизаи ҷашнвораи мӯътабари Сан-Реморо дар Итолиё ба даст оварда буд. Дар солҳои охир ин коргардони шинохта дар Итолиё ба сар мебарад.
“Сафари ҳавоӣ” - маҳсули коргардон Далер Раҳматов ва продюсер Акмал Ҳасанов - достони ҷолиби як ҷавони фаронсавист, ки кӯраи ҳавоияш дар як русто дар кӯҳистони Тоҷикистон пойин мешавад. Иттифоқан дар ин русто ҷавони ҳамсол ва зоҳиран шабеҳи ӯ бо номи Сафар ба сар мебарад ва аҳли русто гумон мекунанд, ки ин фаронсавӣ дар асл ҳамон Сафар аст, вале ба кадом иллате забони тоҷикиро фаромӯш кардааст ва хешу ақрабо, ҳатто модарашро ҳам намешиносад. Қаҳрамони дигари филм як чиноист, ки баъди 5 соли зиндагӣ дар Тоҷикистон ба тоҷикӣ хеле роҳат сӯҳбат мекунад.
Нақши асосиро дар “Сафари ҳавоӣ” Асад Голубев бозӣ кардааст. Асад Голубев 28 сол дошта, дар Душанбе ба сар мебарад. Ӯ ҳунарпешаи касбӣ нест, балки дар як ширкати реклама кор мекунад.
Асад Голубев дар як сӯҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “Сафари ҳавоӣ” филмест, ки “онро бо камоли майл ва бидуни ягон ибо ё шарму изо метавон дар ҳар саҳнаи байналмилалӣ ҳамчун маҳсулоти ҳунарии Тоҷикистон намоиш дод.”
“Сафари ҳавоӣ” моҳи сентябри соли 2015 дар “Киношок” – яке аз мӯътабартарин ҷашнвораи синамои Русия дар Сочи низ ширкат карда буд.