Зубайда Ғиёсова, сокини маҳаллаи Бинокорони шаҳри Ваҳдат видеои сӯҳбати писараш аз Сурияро ба такрор тамошо карда, ашк мерезад. Баъд аз ним соли бехабарӣ аз сарнавишти фарзанд, ин модар фаҳмид ки писараш Абдулаҳад Назаров дар Сурияи ҷангзада зиндаву саломат аст.
Мусоҳибаи хабаргузории «Ройтерс» бо писари Зубайда Ғиёсоваро, Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми апрел нашр кард ва ӯ баъди хабар ёфтан аз хешовандон дар бораи видео ба Душанбе омада, онро тамошо кардааст.
Ӯ рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, фикр мекард, писарашро дигар намебинад: “Бовар надоштам, ки писарамро мебинам дигар. Бачаҳои зиёде он ҷо кушта шуданд ва модаронашон то ҳанӯз чашминтизоранд.”
Айни замон писари ӯ дар асорати размандони курд дар Сурия аст ва ба навиштаи «Рейтерс», Абдулаҳад Назарови 28-сола худро довталабона ба Нерӯҳои Демократии Сурия таслим кардааст.
Дар суҳбат бо “Ройтерс” Абдулаҳад гуфтааст, се бор талош кард аз дасти аъзои "Давлати исломӣ" фирор кунад, вале ба ӯ муяссар нашудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдулаҳад гуфтааст, мақомоти тоҷик ҳам аз тасмими бозгашти ӯ ба ватан огоҳ буданд. “Ройтерс“ навиштааст, ки дар суҳбатҳои ҷавони тоҷик, ки зери назари размандони курд ва аз тарафи ҳамин размандагон сабт шуд, ихтилофот ба назар мерасид.
Ба мо гуфтанд, ки мумкин аз Афғонистон рафтааст
Зубайда ҳам намедонад, ки оё писараш дар сафи ҷангҷӯён меҷангид ва ё не, вале гуфт, аз лаҳзаҳои аввале, ки писараш аз Сурия тамос гирифт, аз рафтанаш ба онҷо изҳори пушаймонӣ мекард ва мехост баргардад.
Зубайда Ғиёсова мегӯяд: “Вай ҳамеша мегуфт, ки оча ман хона меоям. Мақомот ин ҷо ба мо гуфтанд, ки шояд Афғонистон гузашта бошад. Вале ман дилам пур буд, гуфтам ӯ намегузарад, ӯ ватан омадан мехоҳад. Ӯ оиладор аст. Ягон бор ба мо нагуфтааст, ки дар кадом ҷанг иштирок кардааст ё чӣ кор мекард. Фақат мегуфт, ман ватан меоям.”
Гуфтам чаро рафтӣ? Кӣ туро фиристод? Гуфт, оча ҳамин хел шуд, сарамонро тоб доданд.
Ба гуфтаи волидони Абдулаҳад Назаров, мақомоти Тоҷикистон ба ӯ ваъдаи авф додаанд ва гуфтаанд, ки дар баргаштанаш мусоидат мекунанд.
Ба нақли модар, як маротиба ҳам гурӯҳе аз мақомот бо ин ҳадаф аз Душанбе то марзи Туркия рафт ва қарор буд, Абдулаҳад бо чанд оилаи дигар аз ҷумла кӯдакону занони бесаробонмондаро аз марз гузаранд. Аммо худи ҳамон рӯз дар фурудгоҳи Истамбул таркиш шуд ва нақшаи фирори Абдулаҳад аз “Давлати исломӣ” барбод рафт.
“Онҳо дар Ироқ буданд, гуфт то марз мо 9 шабу 9 рӯз омадем. Омаданд, ки ҳамон шабу рӯз фурудгоҳи Туркияро тарконданд ва онҳо натавонистанд аз марз гузаранд. Гашта рафтанд ва ду моҳ дар маҳбас буданд. Мегӯяд, бисёри онҳоеро, ки гурехтанӣ мешуданд, дастгир карда мекуштанд. Ҳамин хел 3 бор гурехтанӣ шуд, натавонист” - афзуд Зубайда Ғиёсова.
"Гуфт, оча ҳамин хел шуд, сарамонро тоб доданд”
Абдулаҳад ба нақли волидон соли 2015 баъди берун шудан аз зиндон ба Русия рафт ва дар шаҳри Санкт Петербург таксӣ меронд. Қарор буд назди бародараш, ки барои ӯ дар Маскав ҷойи кор ёфт биравад, аммо ғайб зад. Пас аз 4 моҳ, тобистони соли 2016 дар як тамоси телефонӣ бо хонавода аз Сурия, аз худ дарак дод.
Модари ӯ мегӯяд: “Гуфт, моро оварданд, ду моҳ дар як таҳхона маҳкам будем. Гуфтам чаро рафтӣ? Кӣ туро фиристод? Гуфт, оча ҳамин хел шуд, сарамонро тоб доданд.”
Ройтерс аз қавли ҷавони тоҷик навиштааст, барои он ба Сурия омад, то замини Хилофатро бубинад ва ба мардуми ситамдидаи ин кишвар кумак кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Волидони мегӯянд, дар бораи марги ду фарзанди Абдулаҳад, ки худи ӯ дар гузориши видеоӣ нақл кардааст, дарак надоштанд. Ҳарчанд медонистанд, ки ӯ онҷо оиладор шудааст ва мехост ҳамроҳи ҳамсари чеченаш ба Тоҷикистон баргардад. Акси фарзандонро ҳам ба модар фиристодааст.
Абдулаҳад дар Тоҷикистон оиладор набуд ва пас аз хатми синфи 9 ба муҳоҷират мерафт. Наздикон мегӯянд, ӯ варзишро дӯст медошт ва мехост низомӣ шавад. Аммо ба далели набуди шароит, муҳоҷир шуд.
Соли 2015 пеш аз охирин сафараш ба муҳоҷират Абдулаҳад пас аз як ҷанги гурӯҳӣ, бо гумони авбошӣ боздошт шуд. Зубайда Ғиёсова модари Абдулаҳад мегӯяд, ӯ фақат мехост ду гурӯҳро аз ҳам ҷудо кунад ва дар пай чанд корд хӯрдаву як сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ба гуфтаи волидон аз онки бегуноҳ зиндонӣ шуд норозӣ буд ва баъди авф озурда ба Русия рафт.
Парванда бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ
Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аксҳо ва дигар далелҳо доранд, ки дар воқеъ Абдулаҳад Назаров дар сафи гуруҳи Давлати исломӣ қарор дошт ва ба зидди ӯ соли 2016 бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ (Зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
Мақомоти Тоҷикистон соли 2014 эълон карданд, нафароне, ки аз узвият дар ДИИШ пушаймон шуда, ихтиёран ба ватан бармегарданд, афв мешаванд.
Волидони Абдулаҳад мегӯянд, бо ҳамин умед ҳам онҳо ҳамеша дар сӯҳбатҳои телефонӣ аз ӯ хоҳиш мекарданд баргардад. Ҳатто нусхае аз қарори авфи ҷавонони пушаймоншударо ҳам тариқи телефон волидон ба Абдулаҳад фиристодаанд, то барои бозгашт талош кунад.
Абдулаҳад, ба гуфтаи раиси маҳаллаи Бинокорон, яке аз ду ҷавонест, ки аз ин ҷо ба Сурия рафтааст. Нафари аввалӣ ҳам биноба хабарҳо он ҷо кушта шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Домодам нест, духтарам зиндонист". Набераҳои Сабзагулро аз Ироқ меорандДар маҷмуъ баъди зуҳури гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар 5 соли ахир 1900 нафар аз Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ аз ҷумла “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Садҳо нафар аз онҳо дар ин ҷангҳо ҳалок шуданд. Ин афрод на фақат танҳо балки хонаводаҳои худро ҳам ба Ховари Миёна бурдаанд.
Дар як гузориш, ки ҳукумати Тоҷикистон, ки тобистони соли гузашта ба Созмони Милал фиристодааст, гуфта мешавад "дар қаламрави Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳое, ки гирифтори ҷанг ҳастанд, 234 оила иборат аз 840 нафар аз Тоҷикистон қарор доранд. Дар байни онҳо 309 мард, 279 зан ва 110 духтару 142 писар ҳастанд.”