Зулайхои тоҷик аз Сеул бо тоҷи Маликаи зебоӣ баргашт ВИДЕО

Зулайхо Носирова ҳангоми намоиши либосҳо

Зулайхо Носирова, ҷавонзани 28 солаи тоҷик, ки ахиран аз озмуни ҷаҳонии World Beauty Queen 2017 бо тоҷи маликаи зебоӣ ва унвони “абаристеъдод” баргашт, аслан на ба хотири дарёфти ҷоиза, балки барои соҳиб шудан ба ягон қарордоди ҳамкорӣ ба ин озмун рафт. Аммо бахт ба рӯяш хандид. Ҳам соҳиби қарордод бо маблағи хуб шуд ва ҳам дар миёни беш аз 40 зебосанам аз кишварҳои мухталиф ҷойи дуввумро гирифту, тоҷи зебоиро ба сар кард.

Озмуни маликаи зебоӣ дар Сеули Корея рӯзи 2- юми июл анҷом ёфт. Зулайхо мегӯяд, бидуни ягон омодагии хос ба озмун рафт. Модари ду фарзанд, зани муҳосиб ва ҳам донишҷӯи донишгоҳ, ки ба ҳайси “модел” ҳам кор мекунад барои омодагӣ фурсати зиёд надошту интизороташ ҳам бузург набуд.

Ман намегӯям, ки зеботарин будам

“ Ман намегӯям, ки ман дар ин озмун зеботарин будам. Онҷо чунон духтарони зебову хушқаду қомат зиёд буданд. Ман ба ҳар ҳол соҳиби ду фарзандам, онҳо ҳама ҷавон буданд, боре таваллуд накардаанд. Болои ин барномаи озмун ҳар лаҳза иваз мешуд ва моро месанҷиданд” – мегӯяд, ӯ.

Ба гуфтаи Зулайхо озмун чанд марҳила дошт ва иҷрои шартҳояш ҳам осон набуд. Вале мушкилтаринаш барои Зулайхо ин пӯшидани бикинӣ - либоси оббозӣ буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зулайхои тоҷик аз Сеул бо тоҷи Маликаи зебоӣ баргашт

​“Дар озмуне, ки бо либоси бикинӣ мо ҳозир мешудем, ҳама бо ифтихор рӯйи саҳна меомаданд, вале ман маълум буд, ки шарм медорам, он ҷо одам хеле зиёд буд. Мисли помидор сурх мешудам, вале табассум мекардам ва бовариро ба худ аз даст намедодам. Ҳатто фардои ин озмун вақте ман барои ширкат дар як бахши дигари озмун назди доварон ҳозир шудам боз аз эҳсоси он, ки онҳо рӯзи пеш маро бо бикинӣ дидаанд, шарм мекардам. Ба онҳо ҳамин ҳам писанд омад, ки ман каме шармгинам” - гуфт Зулайхо ба Радиои Озодӣ.

Ин аввалин ҷоизаи байналмилалии Зулайхо дар чандин соли фаъолияти моделиаш аст, аммо то ин замон ӯ дар озмунҳои дигари зебоӣ ҳам ширкат карда, соҳиби унвонҳои мухталиф шудааст. Ин ҳама мувафақият ҳам ба Зулайхо духтаре аз як оилаи оддиву суннатии тоҷик, ки ҳанӯз баъди хатми мактаб модел шудан мехост, ба осонӣ даст надод. Пушти ҳамаи ин мувафақиятҳои ӯ нокомиву шикастҳои зиёде аст.

Пирӯзӣ баъд аз шикаст дар зиндагӣ

Волидон дар 18 солагӣ барояш иҷоза надоданд, модел шавад. Дар ҳамин син ӯ ба ҷавоне дил баставу оиладор шуд, аммо бахташ омад накард ва бо ду фарзанду андӯҳи зиёд ба хонаи падар баргашт.

“Дар мо маъмулан то духтар пушташ тахтро набинад, мустақил ва озод намешавад. Оиладор шудам, аммо зиндагии хуб надоштам. Ман дар зиндагӣ чандин бор шикаст хӯрдаам, баъди ду ҳафтаи издивоҷ аллакай дар азоб будам. Махсусан баъд аз ҷудо шудан аз шавҳар ҳамеша фикр мекардам, ки ман чӣ тавр ду кӯдакро ба по мехезонам. Ман худам ҳоло ҷавон ҳастам. 22 сол доштам. Вале дар ниҳоят фаҳмидам, ки ман бояд аз ӯҳдаи ҳама кор бароям. Ба худ гуфтам ман модарам ва ба хотири кӯдаконам бояд худро ба даст гирам” - мегӯяд Зулайхо.

Маҳз ҳамин шикасту рехт ва мушкилот дар дар зиндагӣ ба гуфтаи Зулайхо аз ӯ як духтари оддиву ба қавле “хонагӣ” як нафари комилан дигар, зани пуркору муваффақ ва модели касбӣ сохт. Ӯ ҳоло дар баробари ширкат дар намоишҳои зебоӣ, кори ҷиддитаре ҳам дорад. Дар як созмон ба ҳайси муҳосиб кор мекунад ва ҳамчунин дар бахши ғоибонаи Донишгоҳи миллӣ мехонад.

Кӯшиш мекунам ба ҳама корам бирасам

Ҳоло ҳуқуқшиносони студияи “Новая Эра” ки Зулайхо ҳам он ҷо кор мекунанд, қарордоди ин моделро бо маҷаллаи бонуфузи занона "ELLE" меомӯзанд.

Зулайхо мегӯяд, дар миёни 47 нафар рақибаш дар озмуни маликаи зебоии Корея, ки ҳама аз ӯ ҷавонтар буданд, ӯ тавонист соҳиби пешниҳоди хуби ҳамкорӣ бо ин маҷалла шавад.

Бо дугона.

Қарордод ҳоло барои 3 моҳ имзо шудааст ва маблағаш ҳам беш аз 40 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Зулайхо мегӯяд, барояш ин қарордод хеле муҳим буд ва агар кораш омад кунад, соҳиби манзили шахсии худ мешавад

“Ман ба наздикӣ 29 сола мешавам ва хонаи худро надорам. Маълум аст, ки барои ин пули калон лозим аст. Ба ман бисёриҳо мегӯянд, ҳоло ки ҷавони аз ҳусни зоҳириат бояд истифода барӣ. Ман аввал наметавонистам, аз зоҳири худ истифода барам, Вале дар охир ба худам бовар кардам. Намехоҳам, кӯдаконам дар кӯча монанд. Барои ҳамин талош мекунам” - мегӯяд, ӯ.

Тибқи қарордод феълан Зулайхо бояд чун чеҳраи ин маҷала, ороишоту сару либосро тарғиб кунад. Барои бо бикинӣ зоҳир шудан дар саҳфаҳои маҷала Зулайхо метавонист, маблағи бештаре дарёфт кунад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҷомеае, ки ӯ дар он зиндагӣ дорад, феълан ӯ аз пушидани либоси бараҳна худдорӣ мекунад.

“Дар қарордод, бикинӣ, ороишот, куртаҳо ва ороишоти мӯй таъкид шудааст. Эҳтимол ман аз аксбардорӣ бо бикинӣ даст кашам, чун зимни навору аксбардорӣ модел бояд шарм надорад, вале ростӣ вақте нисфи баданам кушода аст, ман шарм медорам.”

Валидон ҳам агарчӣ ҳоло аз мувафақиятҳои ӯ хушбахтанд ва дар озмуни ахири ҷаҳони баробараш дар ҳаяҷон буданд, аммо намехоҳанд Зулайхо аз чаҳорчуби як зани шарқӣ берун равад.

Кӯдаконам бароям муҳимтар аз ҳар издивоҷ аст

Сабоҳат Носирова модари Зулайхо мегӯяд: “Дигар мо дар тамоми корҳояш дастгирӣ мекунем ӯро мо тарафдораш ҳастем ва ҳамеша кӯмакаш мекунем. Ҳамеша аз фарзандон муроқибат мекунем, то ӯ карйера бисозад.”

Аммо мадари ӯ гуфт 2 - 3 моҳи аввал арӯс бояд танҳо бе кӯдаконаш бошад. Вале ман фикр кардаму гуфтам, ман ин қадар сол азият кашидам кӯдаконамро калон кардам, дар боғчаву мактаби хуб мехонанд, ронанда доранд. Ман наметавонам ба хотири шумо онҳоро акнун тарк кунам. Агар бо ман зиндагӣ кардан мехоҳед, бояд онҳоро ҳам қабул кунед.

Мисли ҳар модар модари Зулайхо ҳам мехоҳад, дар баробари карера духтараш, бахти худро пайдо кунад, аммо бо ду фарзанд барои Зулайхо модари зебосанам фикри бунёди оилаи нав осон нест.

Дар ҷомеаи суннатие мисли Тоҷикистон, ба гуфтаи Зулайхо, кам марде розӣ мешавад, занро бо фарзандонаш қабул кунад. Агар ҳам нафаре ба ин розӣ шуд, ба бовари Зулайхо фақат аз рӯйи ҳавову ҳавас хоҳад шуд на барои зиндагии пойдору муваффақ.

“10-уми декабр ман бояд арӯсӣ мекардам. Ҷавон ба ҳама шартҳоям розӣ буд, тарабхона ва ҳама тараддудро дида будем. Аммо мадари ӯ гуфт 2 - 3 моҳи аввал арӯс бояд танҳо бе кӯдаконаш бошад. Вале ман фикр кардаму гуфтам, ман ин қадар сол азият кашидам кӯдаконамро калон кардам, дар боғчаву мактаби хуб мехонанд, ронанда доранд. Ман наметавонам ба хотири шумо онҳоро акнун тарк кунам. Агар бо ман зиндагӣ кардан мехоҳед, бояд онҳоро ҳам қабул кунед” -гуфт, Зулайхо.

Зулайхо қарор кард аз издивоҷу оиладорӣ бидуни фарзанд даст кашад. Ӯ мегӯяд, баъди ин ҳам чандин нафари дигар хостгораш шуданд, боз ҳам ба ҳамин шарт, ки бидуни фарзанд вориди хонаи онҳо шавад. Шарте, ки Зулайхо қабулаш надорад.

Вале бо ғолибият дар озмуни ҷаҳонии World Beauty Queen 2017 Зулайхо бовар дорад ӯро зиндагии дигаре интизор аст. Акнун роҳи ӯ ба озмунҳои маъруфу бонуфузи дигари ҷаҳонӣ боз хоҳад шуд ва эҳтимол қарордодҳои бештару беҳтари ҳамкорӣ ҳам дарёфт хоҳад кард.