Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, умедвор аст, пешниҳодҳои онҳо барои “афви муҳоҷирони тоҷик” ба гӯши мақомоти Русия расидаанд ва онҳо иҷоза медиҳанд, то садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дигарбора ҳаққи бозгашт ба Русияро бигиранд.
Вазири тоҷик рӯзи 4-уми апрел ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милал гуфт, “То имрӯз теъдоди онҳое, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳруманд 201 ҳазору 147 нафарро ташкил медиҳанд. “
Русия солона ҳазорон муҳоҷири тоҷикро ба далели риоят накардани меъёрҳои кору истиқомат аз қаламраваш меронад ва аксари онҳо ҳақ надоранд, барои 5 сол ва ё камтар аз он ба он кишвар бозгарданд.
Сумангул Тағойзода, ки рӯзи 4-уми апрел дар шаҳри Женева дар нишасти кумитаи СММ суҳбат мекард, гуфт, “ҳукумат тамоми чораҳои заруриро меандешад ва масъалаи авфи навбатиро бо мақомоти Русия дар миён мегузорад, то онҳое, ки аз ҳаққи сафар маҳруманд ва ё ғайриқонунӣ кору иқомат мекунанд, мушкилашонро ҳал кунанд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли вазири тоҷик, сар аз мақомоти поёнӣ то ба болотарин сатҳ дар ҳукумат масъалаи афвро бо мақомоти Русия дар миён гузоштаанд. Ӯ гуфт: “Мо ин масъалаҳоро дар тамоми маҳфилу мулоқотҳо дар бораи муҳоҷират ва дар тамоми сатҳҳо дар миён мегузорем. Ман фикр мекунам, ки ин ин масъаларо ҳамкорони мо (дар Русия), ки бо муҳоҷирони мо кор мекунанд, шунидаанд ва умедворем, ба таври мусбат ҳал мекунанд.”
Сумангул Тағойзода зимни суҳбат дар нишаст аз афви муҳоҷирони тоҷик дар соли 2017 ёдовар шуд ва гуфт, “Дар натиҷаи ин афв тақрибан 120 ҳазор шаҳрванди мо афв шуданд ва онҳо ҳаққи бозгашт ба Русияро пайдо карданд. Бештар аз 100 ҳазор нафар кору иқомати худро қонунӣ карданд.”
Вазири кор ва муҳоҷират ҳамчунин эътироф кард, ки зимни ин маърака мушкилот вуҷуд доштанд ва “Мушкилӣ дар он буд, ки фурсат барои огаҳ кардани муҳоҷирон аз афв бисёр кутоҳ буд.”
Муҳоҷирони тоҷик ва ҳомиёни ҳуқуқ пайваста мақомоти Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки аз ҳуқуқи садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳимоят карда наметавонад.
Дар Русия, ки бештар аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд, боздоштҳои бесабаб, бадрафторӣ бо муҳоҷирон, ихроҷи пайвастаи онҳо аз Русия як амри маъмулист ва ба гуфтаи муҳоҷирон, “мақомот бо вуҷуди онки ин ҳамаро мебинанду медонанд, коре барои ислоҳи ин вазъ намекунанд.”