Дар Русия аз 1 сентябри имсол имтиҳони муҳоҷирони корӣ барои дарёфти шаҳодатнома ё сертификат оғоз мешавад, зеро аз 1 январи соли 2015 корхонаву ширкатҳо аз муҳоҷирон дар бораи супурдани имтиҳонҳои пешбинишуда шаҳодатнома хоҳанд хост. Нархи расмии ин шаҳодатномаҳо 90 доллар муқаррар шудааст. Рӯзномаи “Известия” мақолаеро ба нашр расондааст ва пешниҳод кардааст, ки дар имтиҳонҳо чӣ масъалаҳо ва чӣ саволҳо бояд аз ҳар муҳоҷири корӣ пурсида шавад.
То ҳол 5 навъи саволномаҳо барои ин имтиҳонҳо пешниҳод шудааст. Масалан, муҳоҷирони корие, ки ба истилоҳ “корҳои сиёҳ” анҷом медиҳанд, яъне ба рӯбу чини кӯчаву хиёбонҳо машғуланд ва ё дар сохтмонҳо кор мекунанд, аз таърихи Русия имтиҳон месупоранд. Ба ин имтиҳон 20 савол дохил мешавад ва он давраи Руси Киев, истилои муғулҳо, Русияи подшоҳӣ ва давраи Шӯравиро дар бар мегирад.
“Известия”рӯзномаи ҷонибдори Кохи Кремл аст ва ба муҳоҷирони корӣ, ки аксаран аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва Қафқози ҷанубӣ ба Русия омадаанд, пешниҳод мекунад, ки онҳо бояд дар аксҳо биноҳои машҳур, аз қабили Болшой театри Маскав ё охирин подшоҳи Русияро шиносанд. Ҳамчунин муҳоҷирон бояд бидонанд, ки дар солҳои Шӯравӣ чӣ навъ хадамот ба шаҳрвандон ба таври ройгон пешниҳод мешуд. Масалан, таҳсил ва хадамоти тиббӣ дар он солҳо ройгон буд.
Тибқи яке аз саволномаҳо муҳоҷири корӣ бояд бигӯяд, ки Шоҳ Ивани 4 бо кадом номҳо машҳур буд, бо номи Тишайший, Грозний ё Освободител? Дар саволнома ҳамчунин саволе дар бораи муҳорибаи Куликово ҳаст ва пурсида мешавад, ки дар асри 18 дар солҳои раҳбарии кадом шоҳ Қрим дар таркиби Русия буд.
Ҳамаи ин барои чӣ?
Рӯшан нест, ки то чӣ андоза ин навъ саволҳо барои имтиҳон содда ва ё душвор аст ва чаро дониши муҳоҷирони кориро дар ин мавзӯъҳо имтиҳон мекунанд. Дар саволномае, ки рӯзномаи “Известия” ба нашр расондааст, пешниҳод мекунад, ки муҳоҷирони корӣ ҳангоми супурдани имтиҳон метавонанд аз китоби луғати номҳои таърихӣ истифода баранд.
Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар таҳияи ин саволҳо ширкат кардааст ва мегӯяд, ки дар аввалҳои моҳи сентябр ин саволҳо пурра дар сомонаи онҳо ба нашр мерасад ва муҳоҷирони корӣ дар зарфи 35 дақиқа бояд ба онҳо ҷавоб диҳанд. Саволҳо дар бораи таърихи Русия илова бар саволҳо дар бораи савияи дониши забони русии муҳоҷирони корӣ аст, ки дар моҳи ноябри соли 2012 пешниҳод шуда буд.
Масъалаи имтиҳон аз муҳоҷирони корӣ дар бораи забон ва таърих замоне матраҳ шуд, ки дар ҷомеаи ин кишвар рӯҳияи зидди муҳоҷират ташдид ёфт. Миллатгароён бар зидди афзоиши шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия садо баланд мекарданд. Имтиҳон аз забони русӣ 15 дақиқаро дар бар мегирад ва ба он хондани матне ба забони русӣ, 10 дақиқа гуфтугӯ дар мавзӯъҳои гуногун, дуруст навиштани калимаҳо ё имлои забони русӣ ва пур кардани анкетаҳо ба забони русӣ дохил мешавад. Ба муҳоҷирон бештар анкетаҳои қабул ба корро пешниҳод мекунанд.
Дар қонунҳое, ки ин имтиҳонҳоро ба танзим медароранд, барои коршиносон ё кормандони баландихтисос имтиҳон ё санҷише пешбинӣ намешавад, балки аксари онҳоро худи корхонаву муассисаҳо дар кишварҳои мухталифи Шӯравии пешин, аз қабили Тоҷикистон пайдо мекунанд ва барои кори муайян ба Русия меоранд.
Хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия ва донишҷӯёни ин донишгоҳҳо низ ҳангоми ба коргирӣ аз имтиҳон озоданд. Вале кӣ метавонад замонат диҳад, ки ин имтиҳонҳо тартибу низоми ҷиддӣ хоҳад дошт ва ё дар кишваре мисли Русия барои гирифтани сертификат ё шаҳодатнома дастандаркорон тавассути миёнравҳо ришвахорӣ нахоҳанд кард.