Манъи боздошти гуруҳии муҳоҷирон дар Свердловск

Додситонии Свердловск аз мақомоти пулис хостааст, ки ба боздоштҳои дастҷамъии муҳоҷирон хотима диҳанд. Додситонӣ мегӯяд, тақрибан 90 дарсади муҳоҷирони то ин дам боздоштшуда қонунҳоро риоя мекарданд ва ҳоҷат ба дастгир карданашон набуд.

Додситонии Свердловски Русия аз мақомоти пулиси вилоят тақозо кардааст, ки ба боздоштҳои дастҷамъии муҳоҷирон хотима диҳанд. Додситонӣ бар пояи санҷишҳои Кумисиюни ҷамъиятии назоратӣ гуфтааст, тақрибан 90 дарсади муҳоҷирони то ин дам боздоштшуда қонунҳои иқомат ва кор дар Русияро риоя мекарданд ва ҳоҷат ба дастгир кардани онҳо набуд.

Дмитрий Рожин, узви ин комиссиюн ва раҳбари созмони “Правовая основа”, 13 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди тақозои додситонӣ боздоштҳои бидуни сабаби муҳоҷирон дар Свердловск, аз ҷумла, дар маркази вилоят - шаҳри Екатеринбург камтар шудааст. Рожин мегӯяд, дар гузашта кормандони пулис дар ҷараёни амалиёти “Нелегал” садҳо муҳоҷирро боздошт карда, новобаста ба он ки гуноҳ доранд ё не, ба шӯъбаҳои пулис мебурданд.

"Мо ба ин масъала таваҷҷуҳ кардем ва маълум шуд, ки ҳуҷҷати аксари муҳоҷирон дуруст аст ва нишон медиҳад, ки онҳо ба таври қонунӣ дар Русия зиндагӣ ва кор мекунанд. Бо назардошти чунин ҳолат суоле пеш омад, ки чаро чунин одамонро ба шӯъбаҳои пулис меоранд?" - гуфт ӯ.

Дмитрий Рожин

Кумиссиюни ҷамъиятии назоратӣ ба додситонии Свердловск чунин намунаҳоро пешниҳод кардааст ва додситонӣ бо назардошти ин пешниҳодҳо ба хулосае расидааст, ки пулис бояд ба амалиёти боздошти дастҷамъонаи муҳоҷирон хотима диҳад.

Ҳоло аъзои кумиссиюн дар шӯъбаҳои пулис китоби сабтиноми афроди ба пулис овардашударо тафтиш мекунанд ва аз ин китобҳо дидан мумкин аст, ки вақтҳои охир боздоштҳои дастҷамъӣ камтар шудаанд ва пулис тақозои додситониро дар назар мегирад.

Аз сӯи дигар, Дмитрий Рожин мегӯяд, амалиёти “Нелегал” заминаи қонунӣ надорад ва онҳо анҷоми амалиёти боздошти дастҷамъиро дар ягон қонун пайдо накардаанд. Дар қонун ин нукта нишон дода шудааст, ки пулис ҳақ дорад, ҳуҷҷати шаҳрванди хориҷиро фақат тафтиш кунад, вале барои хориҷӣ ё муҳоҷир буданаш набояд боздошт шавад, меафзояд мусоҳиби мо.

Кумиссиюни ҷамъиятии назоратӣ ҳамчунин ба шӯъбаҳои пулис пешниҳод кардааст, ки бояд рақамҳои телефонҳои ҳамаи консулгариҳои мавҷудаи кишварҳои хориҷӣ дар Екатеринбургро дошта бошанд ва дар вақтҳои зарурӣ бо онҳо тамос гиранд.

Фаррух Мирзоев, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург, аз тасмими додситонии вилояти Свердловск истиқбол кард. Ӯ гуфт, “шояд ин қадами аввалин барои ба низом даровардани суботи кору зиндагии муҳоҷиронест, ки дар вилояти Свердловск мебошанд. Дар гузашта пулис ва кормандони хадамоти муҳоҷират ба амалиёти боздошт даст мезаданд. Муҳоҷироне, ки ҳеҷ гуноҳ надоштанд ва ҳуҷҷатҳояшон ҳам дуруст буд, ҳатто ду-се рӯз аз кор ва даромад мемонданд.”

Фаррух Мирзоев

Ин гуна боздоштҳо маъмулан дар сохтмонҳои бузург, бозорҳо ва анбори меваҷоти рақами 4-и Екатеринбург ва ҷойҳои ҳамоиши муҳоҷирон сурат мегирифт. Чун бештари муҳоҷирони корӣ саводи кофии ҳуқуқӣ надоранд, ҳангоми боздошт ба таҳдидҳои пулис дар бораи сабти ҷои иқомат ва ё баҳонаҳои дигари онҳо бовар мекунанд.

Саидҷон, муҳоҷири кории тоҷик дар Екатеринбург, мегӯяд, ӯ низ мушоҳида кардааст, ки вақтҳои охир боздошти гуруҳии муҳоҷирон камтар шудааст. Ӯ гуфт, “дар сохтмон кор мекунам. Бачаҳо ҳуҷҷат доштанд ё надоштанд, меомаданду ҳамаро бор карда мебурданд. Агар мепурсидӣ, ки ҳуҷҷатҳои ман дуруст аст, чаро боздошт мекунед, мегуфтанд, ки аввал аз санҷиш гузарондан даркор. Барои ин пурсиш мебурданду дар дохили панҷара маҳкам мекарданд ва ҳар гоҳе, ки гӯё “вақт” пайдо карданд, ҳуҷҷатҳоятро тафтиш мекарданд. Агар ягон сабабе наёфтанд, масалан, мегӯянд, Шумо дар хонае, ки зиндагӣ мекунед, прописка (сабти иқомат) надоред ё ягон баҳонаи дигар.”

Баъд аз дархости додситонӣ Андрей Швидко, раҳбари раёсати пулиси шаҳри Екатеринбург, низ ба кормандонаш ҳушдор додааст, ки агар боздоштҳои бесабаб мушоҳида шавад, ҳамон корманди пулис ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Пеш аз ин дастур, моҳи июн, пулис бо дархости Кумиссиюни ҷамъиятии назоратӣ гузоришеро дар бораи натиҷаҳои амалиёти “Нелегал” пешниҳод кардааст, ки дар ҷараёни он 7 ҳазор муҳоҷир боздошт шуда ва танҳо ҳуҷҷати 700 нафари онҳо камбуд доштаасту бас. 6 ҳазору 300 нафари дигар бесабаб боздошт шуда будаанд, гуфта шудааст дар ин гузориш.