Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳукумат то ба ҳол натавонистааст, ки дар ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ пурра муваффақ шавад.
- Афзоиши хатари истисмори ҷинсии занони муҳоҷир, маҳрум будани муҳоҷирони корӣ аз кафолатҳои иҷтимоӣ дар Русия, маҳдудият дар дастрасии фарзандони онҳо ба таҳсил ва то ҳол таҳти ҳимоят қарор надоштани онҳо аз нуктаҳои муҳимест, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар дар гузориши навбатии худ ба Созмони Милали Муттаҳид таъкид кардаанд.
Маош 35 ҳазор рубл. Намедонӣ, ки бихӯрӣ, ба хона фиристӣ ё ҷамъ кунӣ. Ҳеҷ чизаш намемонад
Ин гузориш аз ҷониби Дафтари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар канори ҳисоботи расмии мақомот ба Кумитаи Созмони Милал оид ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва хонаводаи онҳо пешниҳод шудааст.
Мақомот чӣ мегӯянд, ҳомиёни ҳуқуқ чӣ?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Интиқоли тобути 966 муҳоҷир аз Русия ба ТоҷикистонДар гузориши расмии мақомот ба афзоиши муҳоҷирати занон таъкид шудааст. Ба фарқ аз соли 2005, ки ҳамагӣ аз 5 то 6 дар сади муҳоҷиронро занон ташкил медоданд, ҳоло ин рақам ба 17 дар сад баробар шудааст.
Аммо дар гузориши алтернативӣ, ки аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқ пешниҳод шудааст, бештар аз афзоиши таҳдиди хатарҳо ба занони муҳоҷир нигаронӣ мешавад. Дар ин матлаб омадааст, "аксар занони тоҷик дар Русия соатҳои зиёд ва бидуни истироҳат кор карда, мавриди истисмор ва табъизи ҷинсӣ қарор мегиранд".
"Занон дар Русия бештар дар хонаи сокинони маҳаллӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ фаъолият намуда, тамоми вақти онҳо дар як бино ва дар як шароити ноозоду монанд ба зиндон мегузарад. Онҳо ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ надоранд ва хушунати хонаводагӣ ҳам як мушкили доғи занон дар муҳоҷират аст", - навиштаанд ҳомиёни ҳуқуқи башари Тоҷикистон.
"Эҳтимоли ба ғуломӣ афтодан зиёд аст"
Гулчеҳра Бекназарова, ҷомеашиноси тоҷик, ки вазъи занони муҳоҷирро дар Русия пажӯҳиш кардааст, рӯзи 7-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "занони муҳоҷир дар хонаҳои мардум ба поккорӣ ва ё ошпазӣ машғуланд. Аммо ба далели онки шуғли онҳо ғайрирасмӣ иҷро мешавад, зери хатари зиёд ҳастанд. Эҳтимоли қочоқ ё ба ғуломӣ афтодани занон дар чунин шароит зиёд аст."
Бекназарова мегӯяд, мақомот бояд ба танзими мақоми оилаҳои муҳоҷирон дар Русия таваҷҷӯҳ кунанд. Ӯ меафзояд, аз рӯйи зарурат муҳоҷирон санадҳои будубоши худро дар Русия дуруст мекунанд, аммо аксаран оилаҳои онҳо, ки дар муҳоҷират ҳамроҳашон ҳастанд, бидуни ягон санади расмӣ мемонанд ва ин ҳам барои занону кӯдакон дарди сари зиёд меофарад.
"Баъди 90 рӯз бояд бо кӯдакон аз Русия хориҷ шуда, боз баргарданд. Ҳамин тавр дар ҷойгир намудани кӯдакон ба кӯдакистону мактабҳо ба мушкил дучор мешаванд, ки аксаран ба мақоми расмии будубоши онҳо вобастааст", - афзуд ӯ.
Қонун дар бораи "муҳоҷирати корӣ"?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мақомоти Русия мехоҳанд, харҷи депорти муҳоҷирон аз ҷайби худи онҳо бошад. ВИДЕОДар гузориши Маркази ҳуқуқи башар оид ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз он нигаронӣ шудааст, ки шумор ва вазъу кӯдакони муҳоҷирони тоҷик дар Русия мушаххас нашудааст ва дар аксар ҳолат дастрасии ин гурӯҳи кӯдакон ба таҳсил маҳдуд аст.
Ин гузориш ҳамчунин ба он таъкид кардааст, ки Тоҷикистон бо вуҷуди баҳсу баррасиҳо ҳанӯз "қонун дар бораи муҳоҷиратӣ корӣ"-ро қабул накард. Ва қонуни ҳозира "оид ба муҳоҷират" "ҳамаи мавзӯъ ва мушкили марбут ба муҳоҷиронро фаро намегирад".
Аммо мақомоти Тоҷикистон дар гузориши дувуми расмии худ ба Женева оид ба вазъи муҳоҷирони корӣ ки солҳои 2017-ро фаро мегирад аз дастовардҳои кишвар дар ин самт ёдовар шудааст. Дар ин гузориш гуфта шудааст, барои ҳимоя аз ҳуқуқи муҳоҷирон кишвар тамоми санаду барномаҳои зарурӣ, аз ҷумла 9 созишнома оид ба муҳоҷиратро таҳия кардааст.
"50 дархости Тоҷикистон аз Русия"
Мақомоти Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки дар сурати рух додани ҳодисаи табъиз ё боздошт ё ҷинояте нисбат ба муҳоҷирон, додситонӣ ва вазорати корҳои дохилии кишвар аз ҳамтоёни руси худ дархости тафтиши мунсифонаи онро мекунанд. Дар гузориш аз ирсоли 50 дархост барои тафтиши ҳамаҷонибаи ҳолатҳои куштор ва дигар ҷиноятҳо нисбат ба муҳоҷирон ба мақомоти тафтишотии Русия ёдовар шудааст.
Гузориши Тоҷикистон оид ба вазъи муҳоҷирон дар маҷмӯъ аз 87 банд иборат аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксар муҳоҷирон бо таваҷҷӯҳ ба мушкили фаровони худ дар ин кишвар аз муассир набудани тадбиру иқдоми мақомот мегӯянд. Онҳо мегӯянд, ҳуқуқи муҳоҷирон дар кишварҳое ба мисли Русия пайваста поймол мешавад.
"Дар ин ҷо гапи ниҳодҳои Тоҷикистон намегузарад"
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, гуфт, аксар ҷиноятҳое, ки нисбат ба муҳоҷирон сурат мегирад, то ба охир тафтиш намешавад.
"Масалан барои ҳамин қазияи куштору таҷовузи Ҳувайдо, ки доду фарёди зиёд шуд, чӣ кор карданд? Ҳоло барои хонаводаи ӯ бо кумаки муҳоҷирон вакили дифоъ гирифта шудааст. Ё дар қазияи Умаралӣ, ки дар Петербург фавтид, чӣ коре анҷом шуд? Ин рӯйхатро метавон идома дод. Дар ин ҷо гапи ниҳодҳои Тоҷикистон намегузарад", - афзуд ӯ.
Бино ба омори расмӣ, ҳудуди як миллион ва бино ба омори манобеи мустақил бештар аз он шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳайси муҳоҷири корӣ дар Русия ба сар мебаранд ва манбаи аслии таъмини хонаводаҳо дар Тоҷикистон мебошанд.
"Намедонӣ, ки бихӯрӣ, фиристӣ ё ҷамъ кунӣ"
Саид, як муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия таксиронӣ мекунад, гуфт, бо анҷоми моҳи март онҳо ҳам каме оҳи сабук кашиданд. Ба гуфтаи Саид, моҳе қабл аксар муҳоҷирон аз як амалиёт, ки нисбат ба онҳо роҳандозӣ шуда буд, дар ҳоли парешонӣ буданд.
- "Бо ҳар баҳона, аз ҷумла барои санад боздошт мекунанд, мебаранд, хориҷ мекунанд. Ин ҷо шароит мисли пешина нест. Маблағ барои патент 5 ҳазор рубл шудааст, пули иҷора - беш аз 4 ҳазор рубл. Боз роҳкиро ва хӯрок. Маош 35 ҳазор рубл. Намедонӣ, ки бихӯрӣ, ба хона фиристӣ ё ҷамъ кунӣ. Ҳеҷ чизаш намемонад."
Дар гузориши Дафтари ҳуқуқи башар оид ба вазъи муҳоҷирон гуфта шудааст, шумори муҳоҷирони тоҷике, ки хоҳиши тарки кишвар карданро доранд, меафзояд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия танҳо дар соли 2016 беш аз 20 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Пажуҳишҳо муайян кардааст, ки ҳудуди ним миллион ё 500 ҳазор тоҷикистонӣ дар 20 соли ахир шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар гузориши худ ба Женева барои беҳтар шудани вазъи муҳоҷирон ва ҳимоят аз онҳо 9 пешниҳод фиристодааст. Яке аз ин пешниҳодҳо афзоиши сармоягузорӣ ва таҳияи як барномаи фарогири миллӣ дар самти муҳоҷират будааст.