Ҳудуди 60 дар сад аз шаҳрвандони нави Қирғизистонро дар ин сол зодагони Тоҷикистон ташкил додаанд. Ин танҳо бахше аз раванди бузурги муҳоҷирати тоҷикистониҳост, ки тайи солҳои истиқлол мушоҳида шудааст.
- Раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков рӯзи 20-уми феврали имсол чанд қарори ба шаҳрвандӣ пазируфтан ва ё аз шаҳрвандӣ маҳрум кардани сокинонро содир кард. Мувофиқи қарори нашршуда дар сайти президенти Қирғизистон, аз 884 нафаре, ки шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтаанд, 535 нафари онҳо зодагони Тоҷикистон, асосан қирғизҳои маҳаллӣ аз ноҳияҳои Мурғоб, Лахш (Ҷиргатоли пешин) Исфара ва навоҳии дигар будаанд.
Донишҷӯёне, ки дар кишвари таҳсилкардаи худ мемонанд, ба он ки дар Тоҷикистон метавонанд соҳиби кор шаванд ва он кор маоши қобили мулоҳизае дошта бошад, бовар надоранд
Тибқи маълумоте, ки дар бораи ин шаҳрвандон ироа шудааст, гуфта мешавад, бештари онҳо дар Қирғизистон зиндагӣ ва иқомат мекардаанд. Ин нишон медиҳад, ки онҳо дар Қирғизистон соли аввал нест, ки ба сар мебаранд, балки раванди тӯлонии ба даст овардани шаҳрвандиро пушти сар гузоштаанд.
Чанде пештар бархе аз қирғизҳои маҳаллие, ки ба Қирғизистон кӯч баста буданд, таърихи кӯчидани худро бо Радиои Озодӣ шарик карда буданд. Далели аслии кӯчидан ба назари онҳо шароити сахти иқтисодӣ ва набуди рушд дар оянда дар Тоҷикистон будааст. Дар ватани таърихӣ сарфи назар аз мушкилиҳои ибтидоӣ, қирғизҳои маҳаллӣ барои худ имкониятҳои бештареро мебинанд.
Вале на танҳо қирғизҳои маҳаллӣ тарк кардани кишварро барои ба даст овардани шароити беҳтар беҳтар мешуморанд.
Дар як рӯз 16 нафар Тоҷикистонро тарк мекунад?
Розиқ Содиқов, яке аз ҳазорҳо тоҷикистоние аст, ки мехоҳад аз рӯйи барномаи русии “кӯчонидани ҳамватанон” шаҳрвандии Русияро ба даст биоварад ва дар ин кишвар кору зиндагӣ кунад.
“Ман донишгоҳи Русия, риштаи идораи давлатии факултаи иқтисодро хатм намудаам. Дар Тоҷикистон ҷоизадори риштаи ҷудо ва номзад ба устоди варзиш будам ва фикр мекунам барои ба даст овардани шиносномаи русӣ баъзе бартариҳоро дорам”, - мегӯяд Розиқ.
Ҳоло ӯ муваққатан дар яке аз бошгоҳҳои варзишии Маскав ба сифати мураббӣ кор мекунад. Мегӯяд, ки баъди ба даст овардани шаҳрвандии Русия имкони зиёдтар барои машғул шудан ба кори дӯстдошта пайдо мекунад.
Сол то сол теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар Русия кор ва зиндагӣ кунанд, бештар мешаванд. Дар 11 моҳи соли гузашта 5,5 ҳазор нафар ҳаққи рафтан ба Русияро бар асоси барномаи давлатии кӯчонидан дарёфт кардаанд. Раҳбари намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар умури муҳоҷират дар Тоҷикистон Владимир Маркевич дар поёни соли гузашта гуфта буд, шумораи касоне, ки мехоҳанд ба Русия бираванд, сол то сол зиёдтар мегардад.
“Барои мисол, дар тамоми соли гузашта 1200 хонавода ба Русия рафта буд, яъне дар ин сол 200 хонавода бештар мешавад. Дар соли 2016 ҳамагӣ 820 хонавода буд”, - таъкид кард Маркевич
Агар омори ироашударо ба шумораи рӯзҳои сол тақсим кунем, чунин натиҷа ба даст меояд, ки ҳар рӯз кишварро аз рӯйи маълумоти расмӣ ҳудуди 16 нафар тарк мекунад.
Давраҳои муҳоҷират
Коршиноси соҳаи муҳоҷират, профессор Раҳмон Улмасов муҳоҷирати оммавии тоҷиконро ба ду давра тақсим мекунад: Замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки 600 ҳазор паноҳанда кишварро тарк карданд. Аз ҷумла 300 ҳазор русзабонҳо. Ва давраи баъдиҷангӣ, ки то кунун идома дорад ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз 750 ҳазор то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад.
“Вақте мардум мераванд, он ҷо решаҳои худро густариш медиҳанд ва ин решаҳо мутаносибан пеш аз ҳама хешу наздиконашонро даъват мекунанд”, - мегӯяд Улмасов.
Дар воқеъ, теъдоди шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунанд, сол то сол бештар мешавад. Дар соли 2017 аз рӯйи маълумоти ВКД-и Русия шумораи чунин шаҳрвандон беш аз 29 ҳазор нафарро дар бар гирифта, ки нисбат ба соли 2012 се баробар бештар будаанд.
Кишварро мутахассисон тарк мекунанд
Барномаи кӯчонидани русӣ, асосан ҷалби мутахассисонеро, ки таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи махсуси серхаридор – духтурон, омӯзгорон, олимон, соҳибкорон ва ғайраро дар манотиқи гуногуни Русия, пешбинӣ мекунад.
Тибқи изҳороти сафири Русия дар Тоҷикистон Игор-Лякин Фролов, ба тоҷикони хатмкардаи донишгоҳҳои Русия имкон дорад дарёфти шаҳрвандии русӣ содатар карда шавад. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 8 ҳазор донишҷӯ дар намояндагиҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ва на кам аз 20 ҳазор дар худи донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
Аз нуқтаи назари таъминоти кадрӣ барои Тоҷикистон чунин раванд, сарфи назар аз ин ки бештари мутахассисон он ҷо кор пайдо мекунанду маблағи муайяне ба кишвар мефиристанд, метавонад ноумедворкунанда бошад. Зеро, ба гуфтаи коршиносон, кишвар метавонад дар рӯёрӯйи буҳрони кадрӣ қарор бигирад ва маблағҳои масрафшуда барои таҳсил донишҷӯён, натиҷаҳои мавриди назарро надиҳанд.
Зимнан, як соли таҳсил дар мактабҳои олии Маскав дар соли 2019 аз 260 ҳазор ($3950) то 620 ($9500) ҳазор рубл вобаста ба ихтисос арзиш дорад. Барои таҳсили буҷавӣ давлат ҳам тақрибан ҳамин ҳад масраф мекунад.
Дар мактабҳои олии Русия донишҷӯёни тоҷик асосаназ рӯйи саҳмияҳое, ки Русия барои Тоҷикистон ихтисос додааст, ё саҳмияҳое, ки ҳукумат ва президенти Тоҷикистон ҷудо кардаанд, таҳсил мекунанд.
Муҳоҷират – ёрии иҷтимоие барои давлат
Коршиноси шуъбаи муҳоҷирати Институти тадқиқоти иҷтимоиву сиёсии Академии улуми Русия Зафар Вазиров мегӯяд, муҳоҷирати тоҷикон моҳиятан сарбории иҷтимоии давлатро камтар мекунад. Зеро, ба қавли ӯ, аҳолии кишвар бо суръат меафзояд ва барои ин шояд худи ҳукумат ҳам манфиатдор бошад.
Ба сифати омилҳои асосии муҳоҷират ин коршинос далоили иқтисодӣ, иҷтимоию демографӣ ва сиёсиро ном мебарад, ки дар солҳои ахир ба назар мерасанд. “Фирори мағзҳо”-ро Вазиров як падидаи табиие, медонад, ки мушкилоте барои иқтисод меофарад. “Донишҷӯйҳое, ки дар кишвари таҳсилкардаи худ боқӣ мемонанд, ба он ки дар Тоҷикистон метавонанд соҳиби кор шаванд ва он кор маоши қобили мулоҳизае дошта бошад, бовар надоранд”, - мегӯяд Вазиров.
Муҳоҷират ба Аврупо – падидаи нав
Ба ҷуз аз Русия дар солҳои ахир бисёре аз тоҷикистониҳо талош мекунанд бо дарёфти паноҳандагии сиёсӣ ба кишварҳои аврупоӣ бираванд. Раванди асосии муҳоҷират ба Аврупо, соли 2015, баъди ғайриқонунӣ ва мамнуъ эълон шудани ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуруъ шуд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ ва омӯзишӣ барои бештари қишрҳои ҷомеа ҷиҳати муҳоҷират ва кӯчидан ба Русия дар қадами аввал аст. Ҳукумат, мисле мушоҳида мешавад, аз “фирори мағзҳо” чандон нигарон нест ва бештар рӯйи воридоти маблағҳои муҳоҷирон ҳисоб мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2018 Тоҷикистон бори аввал таъминкунандаи асосии муҳоҷирон барои Русия шуд ва дар ин бахш ҷойи Украинаро гирифт. Ҳар чаҳорумин муҳоҷири қонунӣ дар соли 2018 ба Русия аз Тоҷикистон рафтааст.