Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик гуфтанд, ки марзбонҳои Русия онҳоро ҳангоми убуру мурур аз сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон ба покиза тарошидани ришашон маҷбур кардаанд.
-
Муҳоҷириони тоҷик ҳар се моҳ барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия маҷбуранд, марзи ин кишварро гузаранд. Онҳо бештар ба Қазоқистон ва Украина мераванд.Дар гузашта ҳам сарҳадбонон ба одамони ришдор бо шубҳа менигаристанд. Пурсуҷӯ мекарданд, ки оё бо созмонҳои террористиву экстремистӣ ягон иртибот доранд ё не.
Зуҳуриддин Ғиёсов, муҳоҷири кории тоҷик, чанд рӯз пеш барои дуруст кардани санадҳо марзи Русияву Қазоқистонро гузашт ва дар онҷо аз ӯ ва ҳамроҳонаш талаб кардаанд, ки риши худро бигиранд. Ғиёсов дар яке аз сохтмонҳои Маскав кор мекунад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Сарҳадбонҳо ришгирак доданд"
"Вақте то гузаргоҳи марзӣ 300 километр монда буд, ронандаи таксӣ аз мо хост, ки ба ягон сартарошхона даромада, риши худро бигирем, вагарна марзбонҳо гузаштан намемонанд. Мо ба гапи ронанда гӯш накарда ва гуфтем, ки моро зудтар ба марз расонад. Чанд ҳамроҳам риш доштанд. Риши ман ҳам дамида буд", - нақл кард Зуҳуриддин Ғиёсов.
Ба қавли ин муҳоҷири тоҷик, вақте ба назди гузаргоҳи Маштаково дар марзи вилояти Оренбурги Русия бо Қазоқистон расиданд, сарҳадбонҳо гуфтаанд, ки ришҳоро тарошанд. Ӯ гуфт, "сарҳадбонҳо ришгирак доданд. Ман ва ҳамроҳонам дар утоқи дастшӯии гузаргоҳи марзӣ ришамонро покиза тарошидем ва танҳо баъди он сарҳадро гузаштему баргаштем."
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, аз ин гузаргоҳ теъдоди зиёди муҳоҷирони кории тоҷик убур мекунанд ва сарҳадбонҳо ба хотири муқоисаи чеҳра бо сурати шиноснома аз ҳама талаб мекунанд, ки ришашонро бигиранд. "Сарҳадбонон ба мо нагуфтанд, ки оё ягон қонун ва ё талаботи нав ҷорӣ шудааст ё не, танҳо гуфтанд, ки ришатонро гиред", - иброз дошт муҳоҷири дигари тоҷик.
Муҳоҷириони кории тоҷик ҳар се моҳ барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия маҷбур ҳастанд, марзи Русияро як дафъа убур кунанд. Ин аст, ки муҳоҷирон бештар ба гузаргоҳҳои наздиктарини Русия бо Қазоқистон рафта, марзро мегузаранд ва дар фосилаи чанд соат дубора вориди қаламарави Русия мешаванд.
Дар нуқтаи марзбонӣ: "Маҷбурӣ нест"
Дар Хадамоти марзбонии вилояти Оренбурги Русия, ки гузаргоҳи “Маштакова” зертобеи он аст, гуфтанд, марзбонҳо касеро барои тарошидани риш маҷбур намекунанд. Аммо ҳолатҳое пеш меояд, ки мушаххас кардани шахсияти шаҳрванд ва муқоиса кардани он бо сурате, ки дар шиносномаҳо ҷой шудааст, мушкил мешавад.
“Аз ин рӯ, бархе аз шаҳрвандон барои мушаххас кардани шахсияти худ ришашонро мегиранд”, - гуфтанд дар Хадамоти марзбонии Оренбург.
Аммо таксиронҳое, ки муҳоҷиронро то ба гузаргоҳҳои марзӣ бурда меоранд, гуфтанд, ин талабот ба ҳама дахл дорад ва бидуни гирифтани риш сарҳадбонҳо дар шиноснома муҳр намегузоранд.
"Мепурсанд, ки ба гуруҳҳои тундрав иртибот доранд ё не"
Абдураҳмон Манонов, такссирони тоҷик, ки дар масири Маскав – сарҳади Қазоқистон мусофир мекашонад, рӯзи 5-уми декабр гуфт, талаби риштарошӣ як моҳ пеш оғоз шуд.
Ӯ гуфт, “пештар ҳам ба одамони ришдор сарҳадбонон бо шубҳа менигаристанд, пурсуҷӯ мекарданд, ки бо созмонҳои террористиву экстремистӣ ягон иртибот доранд ё не. Ҳоло аз ҳама талаб мекунанд, ки ришашонро бигиранд. Бинобар ин, мо аз қабл ба мусофирон мегӯем, ки ришашонро тарошида, баъд ба сафар бароянд”.
"Риштарошон" дар Тоҷикистон
Дар гузашта баъзе аз сокинони Тоҷикистон аз вуҷуди маъракаи "риштарошон" дар кишвар низ хабар дода буданд. Чандин шоҳид дар солҳои 2014-2015 бо нашри аксҳои ибтидо бериш ва баъди “ташриф” ба мақомот алакай бериши худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки дар Тоҷикистон чунин маърака вуҷуд дорад.
Вале мақомот ҳамеша тибқи кадом дастуре сурат гирифтани ин кор, бахусус иҷборан тарошидан ё кӯтоҳ кардани риши мардонро рад мекарданд. Як мақоми вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳатто гуфта буд, ки ду масъули ин вазоратро барои “худсарӣ” ва ҷабран тарошидани риши мардум ҷазо додаанд.
Шумо ҳам агар дар ин бора видеои ҷолиб ва ё хабаре доред, метавонед ба мо бифристед ва аз тариқи Вайбер, ИМО, Телеграм ва ё Вотсапп. Шумораи моро дар телефони худ ҳифз кунед: +420 724 053 959