"Патент муҳоҷири кориро ба гови ҷӯшоии Русия табдил медиҳад"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз моҳи январи соли 2016 қимати иҷозаи кор ё "патент" барои муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия чанд баробар боло меравад ва ҷайбҳои бе ин ҳам холишудаи муҳоҷирони кориро тиҳитар мекунад. Бисёр муҳоҷирон мегӯянд, ки бо ин ҳол наметавонанд аз рӯи қонун кор кунанд ва маҷбуранд аз қонун сарфи назар намоянд.