Панҷ муҳоҷири тоҷик аз минтақаи Рашт барои бекор кардани ҳукми додгоҳи Люберетскийи шаҳри Маскав талош доранд, ки моҳи январ онҳоро барои гӯё нақзи қоидаи будубош ба ҷарима ва ихроҷ маҳкум намудааст. Шамсиддин Камолов, яке аз муҳоҷирон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шикояти онҳоро зинаи болоии додгоҳ баррасӣ дорад ва то замони ниҳоӣ шудани қазия онҳо ҳаққи будубош дар Русияро доранд. Шикояти кассатсионии муҳоҷирони тоҷик рӯзи 22 январи имсол навишта шудааст.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳодиса аз он шурӯъ шудааст, ки Шамсиддин Камолов, Абубакр Саидов, Мирзоаҳмад Сангаков, Аҳмадшоҳ Давлатов ва Оятуллоҳ Маҷнунов рӯзи 18 январи имсол аз тарафи пулиси Маскав бо иттиҳоми "риоя накардани қонуни муҳоҷират" боздошт ва баъди пофишории ҳомиёни ҳуқуқ озод гардиданд. Шамсиддин Камолов мегӯяд, вақте онҳо дар бораи рафтори ғайриқонунии пулис шикоят карданд, дубора боздошт шуданд ва ин дафъа додгоҳи ноҳияи Люберетский амри ихроҷашонро содир карда ва ҷаримаашон баст.
Шамсиддину Абубакр ва Мирзомаҳмад рӯзҳои наздик ба ватан бармегарданд ва дар инҷо ҳукми додгоҳро интизор мешаванд, ки оё роҳашон ба сӯи Русия боз мемонад, ё баста хоҳад шуд.
Мақомоти пулиси ноҳияи Люберетский иддаои нақзи ҳуқуқи муҳоҷиронро рад намуда, гуфтаанд, баръакс, шаҳрвандони Тоҷикистон қоидаи будубошро риоя накарданд. Бар асоси қонунҳои Русия, муҳоҷироне, ки дар макони сабти расмии иқомат зиндагӣ намекунанд, аз 1 то 2 ҳазор рубл ҷарима ва аз ҳудуди Русия берун карда хоҳанд шуд.
Каримҷон Ёров, аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия гуфт, ба назари ӯ ҳангоми судури ҳукми шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррароти мурофиа риоят нашудааст. Чун ба гуфтаи ӯ, "боздоштшудагон тарҷумон надоштаанд ва ба санадҳое, ки намефаҳмиданд, имзо гузоштанд."
Худи муҳоҷирон низ гуфтанд, пулис бе далели хос вориди манзили онҳо шуда, баъдан дар шӯъба 12 соат нигоҳ доштааст. “Як бачаро гуфтем, ки тарҷумони мо шавад, вале таҳдидаш карданд, ки бо “электрошок” мезананд. Вай дигар гап назад", - гуфт Шамсиддин Камолов.
Панҷ зодаи минтақаи Рашти Тоҷикистон як сол пеш ба Русия барои кор рафта буданд. Баъд аз сабти расмии ҳуҷҷатҳо дар як анбори сабзавот бор мекашиданд ва ба гуфтаи худашон сарфи назар аз музди ночиз, пули патентро мунтазам мепардохтанд.
Оятуллоҳ Маҷнунов 18 сол дорад ва бори аввал ба Русия барои кор рафтааст ва мисли дӯстонаш аз амри ихроҷ андӯҳгин аст. Барои Мирзоаҳмад Сангаков, ки як сол қабл бародарашро аз Русия рондаанд, аз даст додани ҷойи кор бисёр сангин аст. Чун ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир тамоми умеди хонавода ба ӯст, ки барои гардон кардани аробаи зиндагӣ барояшон дасти ёрӣ дароз кунад. "Баъд аз ихроҷ намедонам оилаи мо зиндагиашро чӣ тавр пеш мебарад?" - суол гузошт ӯ
Шамсиддин Камолов, Абубакр Саидов ва Мирзоаҳмад Сангаков ҳоло барои бозгашт ба ватан билет харида ва ба адвокатҳои худ ваколатнома додаанд, ки аз ҳаққи онҳо дар мурофиа дифоъ намоянд. Аммо ду нафари дигар – Аҳмадшоҳ Давлатов ва Оятуллоҳ Маҷнунов – дар ин мурофиаҳо шахсан иштирок мекунанд. То анҷоми мурофиа ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққ доранд, ки дар Маскав бошанд.
Шамсиддину Абубакр ва Мирзомаҳмад ба далели сармо ва кам будани кор билет харидаанд ва рӯзҳои наздик ба ватан бармегарданд ва дар инҷо ҳукми додгоҳро интизор мешаванд, ки оё роҳашон ба сӯи Русия боз мемонад, ё баста хоҳад шуд.
Давлати Қудрат,
Маскав