Як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки барои дароз кардани мӯҳлати будубошаш дар Русия муваққатӣ аз қаламрави ин кишвар берун шуда, ба Донетски Украина рафтааст, се ҳафта боз дар марзи миёни Русияву Украина дармондааст. Охонҷон Дадобоеви 23-сола, сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ҳоло на метавонад ба Русия баргардад ва на ба Тоҷикистон биёяд.
Ба қавли пайвандони Дадобоев, баъд аз чанд рӯзи сахту сангинаш дар сармо, сафорати Тоҷикистон дар Украина мусоидат кардааст, то як сокини маҳаллӣ дар наздикиҳои гузаргоҳи “Новоазовск” ба ӯ сарпаноҳ бидиҳад. Маркази мусоидат ба ҳалли мушкили муҳоҷирон дар Хуҷанд низ қазияи Дадобоевро пайгирӣ дорад. Модари Охунҷон Дадобоев -- Мавлуда Тӯрақулова ба ин марказ барои ба Тоҷикистон баргардондани писараш ёрӣ хостааст.
Таҳмина Файзуллоева, ҳуқуқшиноси ин марказ, рӯзи 16 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо бо сафорати Тоҷикистон дар Украина суҳбат кардем. Гуфтанд, ҳозир масъалаи боз намудани долони муваққатӣ аз қаламрави Русияро мунтазиранд, ки тавассути он шаҳрвандони дар Украина дармондаи тоҷик тавонанд ба Русия ё Тоҷикистон баргарданд.”
Ба гуфтаи Файзуллоева, Охунҷон Дадобоев, сокини 23-солаи ҷамоати Шарифови шаҳри Конибодом, моҳи сенятбри соли 2013 барои кор ба вилояти Ростови лаби Дон рафтааст. Сипас, рӯзи 26 январи соли равон ба хотири дароз кардани мӯҳлати будубоши муваққатиаш дар Русия барои кӯтоҳмуддат тавассути автомобил ба вилояти Донетски Украина мегузарад. Аммо дар бозгашт сарҳадбонҳои Русия ба далели ин ки вай дигар ҳаққи вуруд ба ин кишварро надорад, намегузоранд ба ҳудуди Русия гузарад.
Гузаргоҳи марзии “Новоазовск”, ки ҳоло Охунҷон Дадобоев дар наздикии он қарор дорад, дар 55-километрии шарқи минтақаи ҷангзадаи Мариупол ҷойгир аст. Мақсуд Бӯриев, писархолаи Охунҷон, мегӯяд, ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо пайвандонаш гуфтааст, ҳоло бо пайдо кардани сарпаноҳ дар вазъи беҳтаре қарор доранд:
“Раҳмат ба он марди украиние, ки ба Охунҷон сарпаноҳ додааст. Мо аз онҳо беҳад миннатдорем. Он ҷо ҳамроҳи Охунҷон як шаҳрванди дигари Тоҷикистон аз Спитамен ва як шаҳрванди Узбакистон низ будаанд. Онҳоро ҳам сарҳадбонҳои рус барои гузаштан ба хоки Русия иҷозат надодаанд. Онҳо занг зада, ба мо гуфтанд, ҳоло онҳо на роҳ ба тарафи Русия, на ба тарафи Донетски Украина надоранд, чунки роҳҳо баста аст. Гуфтанд, мунтазирем, ҷангу тирпарониҳо пурра бас шавад, баъд ба роҳ мебароем.”
Мусоҳиби мо афзуд, бародари Охунҷон бо номи Авазбек, ки дар Русия қарор дорад, ба бародари дармондааш дар Украина ёрӣ мерасонад: “Авазбек ба гузаргоҳи сарҳадӣ рафта, тавассути баъзе таксиронҳо ба Охунҷон ғизову дигар маводи зарурияшро мерасонад.”
Ба қавли ӯ, Охунҷон Дадобоев гуфтааст, то сарпаноҳ додани марди украинӣ, вай ҳоли баде дошт ва баъзе шабҳои сарди зимистонро дар берун саҳар мекард. Аз ин рӯ, сармо хӯрдаву сиҳатиаш хуб нест.
Пайвандони вай дар шаҳри Конибодом мегӯянд, онҳо умедворанд мақомоти масъули тоҷик ҷиҳати аз ин ҳоли мушкил берун овардани Охунҷон ва мисли ӯ барин шаҳрвандони дар марзи Украинаву Русия дармондаи тоҷик иқдоми ҷиддӣ рӯи даст хоҳанд гирифт.
Маркази мусоидат барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар Хуҷанд мегӯяд, ҳоло масъулони вазоратҳои умури хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон, хадамоти муҳоҷират, ниҳоди ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон ва сафорати Тоҷикистон дар Киевро дар бораи қазияи Охунҷон Дадобоев дар ҷараён гузоштааст.