Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соатҳои аввали оташбас дар шарқи Украина


Нирӯҳои Украина дар наздикии Дебалтсево
Нирӯҳои Украина дар наздикии Дебалтсево

Аз нимаи шаб дар шарқи Украина қарордоди нави оташбас расман оғоз ёфт. Вале аллакай аз чанд мавриди поймол шудани ин оташбас гузориш шудааст.

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ба нирӯҳои мусаллаҳи кишвараш амр дод, то бар асоси қарордоди нави оташбас тирандозиро дар хатти ҷанг бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина қатъ кунанд. Тибқи ин қарордод, оташбас дар шарқи Украина мебоист аз нимашаби шанбе ба якшанбе ҷорӣ шавад.

Порошенко, ки чанд лаҳза қабл аз оғози оташбас аз бинои вазорати дифои Украина сӯҳбат мекард, гуфт, дар ин лаҳазот “ҷаҳон нафасашро дарун гирифтааст” ва умедвор аст, ки ин оташбас ҷомаи амал мепӯшад. Вале ӯ афзуд, тирандозии шадиди ҷудоиталабон дар Дебалтсево метавонад ба талошҳои сулҳ халал ворид кунад.

Тибқи қарордоде, ки дар пайи 16 соат музокироти шадиди раҳбарони Русияву Украина ва Олмону Фаронса рӯзи 12 феврал дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус ба имзо расид, нирӯҳои Украина ва ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия бояд бо расидани 15 феврал, яъне ҳамагӣ як дақиқа пас аз соати 12 ба вақти маҳаллӣ, дигар даст аз тирандозӣ мекашиданд.

Петро Порошенко ҳангоми эълони оташбас
Петро Порошенко ҳангоми эълони оташбас

Бино ба хабарҳо, баъди нимашаб тирандозиҳо дар шаҳри Донетск, ки таҳти назорати ҷудоиталабон қарор дорад, қатъ шудааст. Дар шаҳри Артёмивск, ки дар шимоли Дебалтсево ва таҳти назорати нирӯҳои Украина қарор дорад ва тайи ду рӯзи охир ду дафъа мушакборон шуд, низ зоҳиран тирандозиҳо дигар шунида намешаванд.

Аммо бо гузашти ҳамагӣ чанд соат тарафҳои зидахли низои шарқи Украина ба айбдор кардани ҳамдигар дар поймол кардани қарордоди оташбас сар карданд. Раҳбари СБУ - хадамоти амнияти Украина Валентин Наливайченко гуфт, тақрибан 50 дақиқа баъд аз оғози расмии оташбас дар бораи як тирандозӣ аз минтақаи таҳти назорати, ба гуфтаи Наливайченко, шаҳрвандони Русия, ки либоси казакӣ ба тан доранд, гузориш шудааст.

Ҷудоиталабон ба навбати худ нирӯҳои Украинаро айбдор карданд, ки баъди нимашаб даст ба истифодаи тӯпхонаҳо бурдаанд. Хабаргузории Донетск, як баландгӯи чирикиҳо, аз қавли Эдуард Басурин, яке аз раҳбарони ҷудоихоҳон хабар дод, ки нирӯҳои украинии мустақар дар Дебалтсево бо истифода аз тӯпхонаҳову мушакҳо сангарҳои чирикиҳоро тирборон кардаанд.

Қаблан мақомоти Амрико дар бораи аз сӯи ҷудоиталабон тӯпборон шудани Дебалтсево, як шаҳри муҳими воқеъ дар байни ду маркази асосии чирикиҳо – Луҳанск ва Донетск изҳори нигаронӣ карданд. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри дар як тамоси телефонӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров ба иҷрои оташбас даъват ва аз талошҳои Русия ва ҷудоиталабон барои тасарруфи Дебалтсево, ки таҳти назорати нирӯҳои давлатии Украина қарор дорад, изҳори ташвиш кард.

Барак Обама
Барак Обама

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама низ, бино ба гуфтаи Кохи Сафед, дар сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко аз хушунатҳо дар атрофи Дебалтсево “изҳори нигаронии амиқ” кардааст.

Обама ҳамчунин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки ҳамроҳ бо руасои ҷумҳуриҳои Русияву Украина ва Фаронса дар музокироти Минск ширкат дошт, сӯҳбат кардааст. Кохи Сафед гуфт, Обама ва Меркел “бар сари зарурати фишор ба тамоми тарафҳое, ки ба оташбас ва созишномаҳои протоколии моҳи сентябри гузашта дар Минск бадастомада ва ба нақшаи ахири дар ин ҳафта дар Минск таҳияшуда имзо кардаанд, назари ҳамсон доранд.”

Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи 14 феврал 3 аксеро нашр кард, ки ба гуфтаи сухангӯи ин вазорат Ҷен Псаки, “дар атрофи Дебалтсево мустақар кардани теъдоди бузурги тӯпхонаҳо ва мушакандозҳо аз сӯи низомиҳои Русия ва тирборони сангарҳои нирӯҳои Украина аз сӯи онҳоро намоиш медиҳад.” Ҷен Псаки гуфт, “мо мутмаинем, ки инҳо таслиҳоти Русияанд, на аз ҷудоихоҳон.”

Русия иттиҳомоти баёншуда аз сӯи Ғарб дар бораи фиристодани нирӯ ва аслиҳа ба ҷудоиталабонро чандин бор ба такрор рад кардааст. Аммо дар Ғарб ва дар Киев мутмаинанд, ки ҷудоиталабонро дар Луҳанску Донетск маҳз Русия бо пулу нирӯву силоҳ таъмин ва аз нигоҳи сиёсӣ пуштибонӣ мекунад.

Ин ҷудоиталабон чанд соат қабл аз оғози оташбас асир уфтодаанд
Ин ҷудоиталабон чанд соат қабл аз оғози оташбас асир уфтодаанд

Изҳороти раҳбарони ҷудоиталабон дар арафаи оғози оташбас шубҳаҳоеро дар мавриди риоя шудан ё нашудани он аз сӯи чирикиҳо ба бор овардааст. Александр Захарченко, раҳбари худхондаи ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск”, тавре хабаргузории русии РИА Новости аз қавлаш овардааст, гуфтааст, ки ҷангиёни ӯ ба нирӯҳои Украина имкони “фирор” аз Дебалтсеворо нахоҳанд дод. Ҷудоиталабон мегӯянд, танҳо чораи нирӯҳои Украина таслим шудан аст.

Хабаргузории Ройтерс хабар дод, ки хабарнигоронаш рӯзи 14 феврал дар як посгоҳ шоҳиди ба сӯи Дебалтсево ҳаракат кардани корвони нави мошинҳо ва тӯпхонаҳои ҷангӣ шудаанд. Ин посгоҳ, ба навиштаи Ройтерс, аз сӯи даҳҳо ҷанговари зоҳиран касбӣ назорат мешуд ва дар ин корвон тонкҳову мошинҳои зиреҳпӯш ҳам будаанд. Яке аз чирикиҳо дар ин посгоҳ ба шарти набурдани номаш дар шарҳи ин корвони аз посгоҳи онҳо гузашта гуфтааст, ҷангиёни маҳаллӣ аз сӯи “меҳмонон аз Русия” кумак мегиранд.

Ҷудоиталабон дар вилоятҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафта ва тақрибан нисфи аҳолиашон русзабони Донетск ва Луҳанск моҳи апрели соли 2014, бо илҳом аз тасарруфи як моҳ аз он қабли нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия, низ бо талаби ҷудоӣ аз Киев ошӯб бардоштанд.

Онҳо бо тасарруфи марказҳои маъмурӣ ва қисматҳое аз ин ду вилоят аз таъсиси ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар доданд. Ҷудоихоҳон якбора соҳиби теъдоди бузурги нирӯву тонку тӯпу мошинҳои зиреҳпӯш шуданд ва 10 моҳ боз бо нирӯҳои давлатии Украина ҷангҳои хунинеро пеш мебаранд, ки ба ҳисоби СММ, қариб 5500 кушта ба ҷо гузоштааст. Ҳарду вилояти ошӯбзада бо Русия ҳаммарзанд ва дар Киев мӯътақиданд, ки дар паси ин ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар шарқи Украина маҳз Маскав истодааст.

XS
SM
MD
LG