Кӯча ба кӯча. Тоҷирон - дар ҷустуҷӯи харидор (ВИДЕО)

Камбуди харидор дар бозорҳо бахше аз тоҷирони тоҷикро маҷбур кардааст, ки худ ба ҷустуҷӯи харидор хона ба хона бигарданд.

Акси садои бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши рубл дар дар бозорҳои Тоҷикистон рӯшан ба гӯш мерасад ва рафҳои бехаридори бозорҳо аз ин гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷайби харидорон ба андозаи солҳои қаблӣ серпул нест. Акнун мардум на танҳо аз хариди ашёи гаронбаҳо, мисли хонаву мошин худдорӣ мекунанд, балки дар хариди либосу кафшу ҳатто рӯмол низ “хасис”-тар шудаанд.

Тоҷирони бозорҳои бузурги Душанбе, мисли “Корвон” ва “Ганҷина” мегӯянд, моли бо сад мушкилу азоб аз Чину Туркия овардаашон ба фарқ аз ҳамин мавсими соли гузашта ду баробар камхарид шудааст.

Гулчеҳра Ҳасанова дар фурӯшгоҳи “Ганҷина” либоси занонаи истеҳсоли Туркия мефурӯшад. Ӯ мегӯяд, ки имсол ба маблағи беш аз 10 ҳазор доллар либосҳои зимистона овард, аммо натавонист ҳатто 10 дарсади молашро фурӯшад. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, тайи ду моҳи ахир тамоми рӯзаш қариб дар интизори харидор мегузарад ва беҳтарин ҳафтаи кориаш ҳам, ҳафтае будааст, ки то 3 молаш ба савдо равад.

“Албатта ҳар сол дар ин мавсим як каме харидуфурӯш кам мешавад, аммо имсол вазъ хеле бад шуд. Баъзеҳо дигар дари мағозаҳояшонро баставу кор ҳам намебароянд. Болои ҳамаи ин сар аз соли нав аз мо 40 дар сад бештар андоз талаб мекунанд. Ва акнун маҷбур шудаем, ки барои ақалан пайдо кардани пули андозу иҷора баъзан барои харидороне, ки мешиносем ба таври нася молро диҳем,”- мегӯяд Гулчеҳра Ҳасанова.

“Дигар савдо мисли пештараҳо гарм нест. “Муфлис шуда рафтан ҳам мумкин. Ин пуле, ки ҳоло аз фурӯши мол ба даст меорем, намедонем, ба андоз диҳем ё иҷора ба ишками фарзандон сарф кунем. Зиндагӣ мушкил шудааст ҳам барои мо ва ҳам ба харидорон,” – мегӯяд як фурӯшандаи ҳудудан 50-сола, ки дар ҳамсоягии дӯкони Гулчеҳра Ҳасанова мағоза дорад ва худро Сафарбӣ муаррифӣ кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бӯҳрони иқтисодии Русия ба Тоҷикистон ҳам таъсир кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам, таъсири амиқи бӯҳрон дар бозорҳои харидуфурӯши кишварро таъид мекунанд. Тибқи омори расмӣ, танҳо моҳи декабри соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 гардиши савдои хориҷӣ 2,2 физ, ё беш аз 10 миллион доллар кам шудааст. Шариф Раҳимзода, вазири акнун собиқи рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳам дар рӯзҳои охири дар ин маснад буданад, бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ гуфта буд: “Мо хоҳем нахоҳем дар ҳолати кам шудани интиқоли пулӣ, бахши савдо ва хизмтарасонӣ поён меравад. Моро зарур аст, ки рушди иқтисодии кишвар, зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилиро аз ҳисоби бахши воқеӣ таъмин кунем. Мо барои ин 3 нақшаи эҳтимолияти рушди иқтисодро пешниҳод кардем.”

Дар ҳоле ки масъулин аз таҳияи барномаҳо барои бурунрафт ва ҷилавгирӣ аз таъсироти манфии бӯҳрон хабар медиҳанд, тоҷирон ва мардум аллакай барои худ як шароит нави харидуфурӯшро ба роҳ мондаанд. Сард шудани харидуфурӯш дар бозорҳои мухталифи кишвар сар аз карда аз бозори мошин то хонаву молу моло дар кишвар ва кам шудани қобилияти харидории мардум, боис ба зиёд савдои ғайринақдӣ ва тиҷорати хонагӣ шудааст.

Моҳлиқо, зане, ки ҳоло аз дохили хонааш молу колои аз Туркия овардаи худро ба савдо мегузорад, мегӯяд, фарқи кори ӯ аз бозор дар он аст, ки ба харидоронаш, ки ғолибан аз ҳамсояву хешу табораш иборат аст молу маводи заруриро нася медиҳад: Албатта, баъдан ҷамъ кардани маблағ осон нест ва яку якбора мо наметавонем даромад бубинем, аммо ба ҳар сурат дар шароити феълӣ, ки қурби доллар баланд шудааст, бо ҳамин роҳ мо кори худро пеш мебарем.”

дар пешбурди зинадгии худ саҳм мегузорем.”

Ҳоло бархе тоҷирҳо ба умеди рӯзи беҳтар нанишаста дар пайи харидор моли худро бо мошин ва боркашҳои хурд аз кӯча ба кӯча ва аз шаҳр ба шаҳр мебаранд.

Маршруткаи пур аз ашёи рӯзгор, мисли косаву табақро, мо дар яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Заҳматободи Душанбе дидем, ки дар гирди худ занони зиёдеро ҷамъ оврада буд. Сарварбӣ, зане, ки дар пайи таблиғи зиёди фурӯшанда аз ин дӯкони хурди чархдор як бастаи бузурги косаву табақ харидорӣ кард, дар сӯҳбат бо мо гуфт, агар ба “Султони Кабир” мерафт, ҳам вақт ва ҳам маблағи бештараш сарф мешуд: “Маҷмӯи кострюлҳоро 500 сомонӣ харидам. Аз дари хонаам. Агар ба гуфтаи худи фурӯшанда бовар кунам, дар бозор ҳамин баста 700 сомонӣ арзиш дорад.”

Камхаридор шудани бозори мошину хона ҳам чунин шароитро пеш овардааст ва ҳоло дар эълонҳо ҳам дида мешавад, ки соҳибони манзилҳои фурӯшӣ ба харидорон имкон медиҳанд маблағро ба таври қисм-қисм пардохт кунанд.

Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик, ин хизматрасониеро, ки натиҷаи бӯҳрон аст, мусбат арзёбӣ мекунад, агар ба қавли ӯ ин соҳибкорон кори худро расмӣ дар доираи қонун ба роҳ монанд: “Албатта, бо ин роҳ молҳои ниёзи мардум ба истеъмолкунанда мустақиман мерасад ва ин то андозае омили поин рафтани нарх мешавад. Ва аз сӯи дигар ин барои харидор хеле муфид аст, чун молу маводи заруриаш то пеши дараш меояд. Қонунгузории Тоҷикистон ҳам дар ин масъала ягон маҳдудияте эҷод накардааст, фақат онҳо бояд як навъи патент дошта бошанд, то андозро пардохт кунанд.”

Сард шудани харидуфурӯш дар бозорҳои кишвар ва коҳиш ёфтани қобилияти харидории мардум, ки аксарият аз ҳисоби фарзандону ҳамсарони муҳоҷири худ зиндагии хешро пеш мебурданд, аз чанд моҳи пеш аз ҷониби иқтисодшиносон ҳам пешгӯӣ мешуд. Ба таъкиди таҳлилгарон, ҳоло ин бӯҳрон ба бозори маводи ғизоӣ чандон таъсир накардааст, чун мардум наметавонанд аз ҳисоби хурду хӯрок зиёд сарафаҷӯӣ кунанд. Онҳо мегӯянд, то тобистон эҳтимол дорад ин бозор ҳам ба бӯҳрон рӯ ба рӯ шавад. Аммо мардум, ки дар ҳар шароит барои худ то андозае роҳи бурунрафт аз мушкилро пайдо мекунад, ба ҳар сурат, ба оянда бо умед менигаранд.