Падари як ҷавони 26-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ иддао дорад, ки ба сабаби бепарвоии табибон писари кордхӯрдааш фавтидааст ва аз додситонӣ хостааст, ин масъаларо таҳқиқ кунад.
Абдураҳмон Сангинов, падари Шаҳобиддин Сангинов аз деҳаи Чортут ба Радиои Озодӣ гуфт, агар ба писараш саривақт кӯмаки тиббӣ мерасонданд, ҷавонмарг намешуд. Табибон мегӯянд, ҳамакорро барои наҷоти ҷавон карданд ва баръакс таъхири худи хешовандон дар овардани бемор ба шифохона сабаби марги Шаҳобиддин шудааст.
Абдураҳмон Сангинов рӯзи 26-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, агар пизишкони бемористони маъруф бо номи “1-ум Советский” ва шифохонаи “Қарияи боло” ба писараш фавран ёрии тиббӣ мерасониданд, намефавтид. Шаҳобиддин Сангинов рӯзи 21-уми май баъд аз як моҷарои хонаводагӣ корд хӯрдааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Падараш мегӯяд: “Вайро бо таксӣ ба бемористони “1-ум Советский” мебаранд, худаш мефарояд меравад, аммо духтурҳо карантин гӯён, қабул намекунанд. Баъд ба ман занг зада гуфтанд, ки ба “Қарияи боло” мераванд. Ман ба ҳамон ҷо рафтам. Табибон гуфтанд, ки дору ва хун биёрам. Дар фикри овардани хун будем, ки гуфтанд, писарат фавтид”.
Аммо табибоне, ки ҷавонро барои муолиҷа ва ҷарроҳӣ қабул кардаанд, мегӯянд, сабаби марги Шаҳобиддин дер муроҷиат кардан ва таъхири хешовандон дар овардани ӯ ба бемористон будааст. Абдулғанӣ Шофаимов, ҷарроҳи бахши қабули беморони “Қарияи боло” рӯзи 26-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, беморро баъд аз хунрезии зиёди дохилӣ ба шифохона овардаанд.
Ӯ афзуд, беморро ба кадом далеле якуним соат дертар овардаанд ва ҳарчанд медонистанд, ки дар бемористони “1-уми Советский” карантин аст, ӯро аввал ба онҷо бурдаанд. Сӯҳбати Радиои Озодӣ бо Абдулғанӣ Шофаимов сари мизи ҷарроҳие сурат гирифт, ки Шаҳобиддин рӯи он ҷон бохтааст.
Табиби тоҷик гуфт, замони муроҷиат ба бемористон, вазъи ӯ бениҳоят вазнин буд ва набзаш ҳам тақрибан эҳсос намешуд: “Вақте ҷарроҳиро шурӯъ кардем, маълум шуд, ки корд ба рагҳои хунгарди шуш расидааст. Дар ковокии қафаси сина беш аз се литр хун лахт баста буд. Ин ҳолат ҳолати терминалӣ (вартаи марг) аст, шоки омехтаи дараҷаи чаҳорум. Яъне дар бадани бемор хуни лозима намондааст.”
Абдураҳмон Сангинов доир ба таъхир дар муроҷиат ба шифохонаҳо зиёд суҳбат накард, вале гуфт, ки ба Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ шикоят навишта, хостори таҳқиқи ҳодиса шудааст. Айни замон таъкид мекард, “бепарвоии пизишкон” буд, ки натавонистанд писарашро наҷот диҳанд. Абдураҳмон Сангинов гуфт, ки писараш дар моҷарое бо хонуми додараш корд хӯрдааст. Фарди гумонбар ба қатлро маъмурони милиса дастгир кардаанд ва сабабҳои моҷаро тафтиш мешавад.
Наздикони Шаҳобиддин иддао доранд, ки агар пизишкони бемористони “1-уми Советский” ӯро қабул мекарданд, вай зинда мемонд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба ин бемористон рафт, ки Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов ном дорад ва дар онҷо то ду ҳафта пеш гирифторони бемории COVID-19 муолиҷа мешуданд.
Дар паси дари шӯъбаи қабули беморхона навиштаҷоти “КАРАНТИН” насб шуда буд ва посбон гуфт, даҳ рӯзи ахир ин бемористон поккорӣ мешавад ва ҳеҷ бемори наве қабул нашудааст. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан дар бемористони мазкур чанд гирифтори коронавирус боқӣ мондаанд ва ҳатто дар сурати изтирорӣ беморонро қабул намекунанд.