Имрӯз фақат дар бораи як мавзӯъ суҳбат мекунем ва он ҳам латукӯб шудани табиби тоҷик, ки гирифторони СОVID-19-ро муолиҷа мекард ва ӯро ба ҳадде заданд, ки мағзи сараш осеб дид.
Ёқуб Дадаҷонов, табиби шифохонаи бемориҳои сироятӣ дар Турсунзодаро рӯзи 20-уми июн бо ин гуфта, ки як бемори илтиҳоби шушро муолиҷа карда натавонист, ҳамроҳ бо парастору фарроши бемористон задаанд.
Азбаски ҳодиса дар замони пандемияи коронавирус ва замони кори фавқулода зиёди табибон рух дод, гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора баҳси зиёдеро дар саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм барангехт. Бисёре аз корбарон хешовандони фавтидаро сахт танқид кардаанд, ки ба ҷойи қадрдонӣ табибро задааст.
Корбаре бо номи Шарифов Давлат Сафаралиевич дар ин бора дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст:
"Лаҳзаи беморӣ писарон аз падарон ва хешу табор аз аёдат парҳез мекарданду тақдири падар ва бародаронашонро ба дасти табибон супурда мегурехтанд. Шоҳидем, ки писарон падарони аз ин беморӣ фавтидаашонро худашон дар гӯр намондаанд. Табибон ҷонашонро дар хатар монда, шабу рӯз нахобидаву мубориза бурданд ва имрӯз чунин амалро ба онҳо раво дидаанд."
Айни назарҳо дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм ҳам зиёд аст ва бисёре аз корбарон навиштаанд, бадрафторӣ бо табибон дар ин замон носипосӣ дар ҳаққи онҳост.
Яке аз корбарони саҳифаи мо дар посух ба онҳое, ки тарафи хешовандони фавтидаро гирифтаанд, гуфтааст: "Туро падарат ҳамин қадар калон кардааст, вале ягон дафъа соати дуи шаб болои сараш омада, мепурсӣ, ки падар хуб ҳастӣ, ё не? Табиби бечора шаби дароз се ва ё чаҳор бор беморонро хабар мегирад.”
Мадинахон Олимҷонова дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст, зоҳиран хабари марг хешовандони фавтидаро ваҳшатзада кардааст, ки нохудогоҳ ба табиб дарафтодаанд.
Шарҳи Мадинахон Олимҷонова ин аст: "Шунидани хабари марги падараш, шояд якбора ба асабҳояш таъсир расондааст. На танҳо он одам, бисёре аз шахсон баъди шунидани ин гуна хабари шум ба ин ҳолат гирифтор мешаванд."
Дар воқеъ, баъди ин ҳодиса писари марди фавтида аз Ёқуб Додоҷонов барои рафтораш узр пурсидааст, вале бо вуҷуди ин корбарон ӯро танқид кардаанд, ки натавонистааст, худро ба даст бигирад. Айни замон мақомоти интизомӣ гуфтанд, қазияро таҳқиқ мекунанд, то сабабҳои латукӯби табиб маълум шавад.
Корбари дигари Фейсбук Фаррух Эмомов гуфтааст, агар ҳамингуна рафтор дар Тоҷикистон идома кунад, табибон аз кишвар мегурезанд. Ӯ мегӯяд: "Ҳоло ҳамин хел танқиду латӯкуб ва пастзании табибони мо идома ёбад, баъди боз шудани роҳҳо, ягон табиб дар беморхонаҳо намемонад. Табибони моро дар тамоми дунё ҷон-ҷон гуфта, ба кор мегиранд. Бисёрашон аллакай нақшаи рафтанро кашидаанд."
Дар ин миён яке аз корбарони саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук, Шарипова Каёнуша, гуфтааст, ки соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, яке аз соҳаҳоест, ки онро беқадр кардаанд. Вай навиштааст: "Ман духтурам, вале гуфтаниям, дар байни ҳамаи соҳаҳо аз ҳама беқадр соҳаи тандурустӣ будааст. Агар мефаҳмидам, ин қадар соҳаи паст аст, умуман табиб намешудам. Мо духтурҳо шаб хоб нестем, доим дар бари беморонем, вале ба қадри табиб намерасанд."
Дар умум дар бораи гузориши латукӯби табиби бемористони сироятии Турсунзода дар Фейбуку Инстаграм бештар аз 400 шарҳ гирифтем.
Шумо ҳам назару видеову хабарҳоятонро бифристед ва ба ин шумора (+420) 607 900 808. Вотсапу Вайбер ва Телеграму Имо дорад.