Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На хона ва на ҷойи кор. Табибон "карантин"-ро дар куҷо гузаронанд?


Табибони тоҷик беморони COVID-19-ро муолиҷа мекунанд. Акс аз Хуршед Дӯстов
Табибони тоҷик беморони COVID-19-ро муолиҷа мекунанд. Акс аз Хуршед Дӯстов

Пизишкону парасторони тоҷик, ки ба муолиҷаи беморони COVID-19 машғуланд, пас аз навбатдории тӯлонӣ дар бемористон наметавонанд ба назди оилаҳои худ баргарданд. Онҳо бояд ду ҳафта дар карантин монанд.

Мақомот гуфтанд, барои пизишкон дар шифохонаҳо “минтақаи безарар” омода шудааст ва метавонанд дар он ҷо бимонанд. Пизишкон мегӯянд, пас аз ду ҳафтаи кор бо реҷаи вазнин, истироҳат дар дохили беморхона номумкин аст.

Бархе аз пизишкон мегӯянд, дар хонаҳои иҷора ё манзили наздикон ҷойгир шудаанд, гурӯҳе бо кумаки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар осоишгоҳ ҳастанд. Бархеи дигар намедонанд ба куҷо раванд.

Нақли пизишки тоҷик

Гурӯҳи аввали табибони шӯъбаи осебшиносии беморхонаи Қарияи Боло, баъд аз 14 шабонарӯзи навбатдорӣ ба истироҳат баромаданд ва бо кумаки нафари хайрхоҳе дар яке аз истироҳатгоҳҳои Ромит ҷой карда шуданд. Дар ин шӯъба ҳам ҳоло беморон бо аломатҳои COVID-19 муолиҷа мегиранд.

Хуршед Дӯстов, яке аз ин пизишкон, мегӯяд, аз ин шуъба 42 нафар, бо шумули фаррошон, аз кор фориғ шуда, дар маконҳои гуногун давраи карантинро мегузаронанд.

"Баъди супурдани навбатдорӣ қисме аз парасторон ба хонаи яке аз ҳамкоронамон, ки танҳо зиндагӣ мекард, рафтанд. Бо кумаки Исмоил ном хайрхоҳ 9 пизишки дигар дар меҳмонхонае дар Ромит ҷой гирифта, бо хӯрок таъмин карда шуданд," - гуфт Хуршед Дӯстов.

Мусоҳиби мо мегӯяд, дар рӯзҳои аввали қабули беморон бо нишонаҳои COVID-19, пизишкон аз лиҳози таъминот бо либосу дастпӯш ва маводи дигари зарурӣ мушкил доштанд ва аксаран ин ҳамаро бо пули худ мехариданд. Ӯ аз як гурӯҳи фейсбукӣ ёдовар шуд, ки баъдан дар ин кор барои вай ва ҳамкоронаш ёрӣ кард ва либосу дастпӯшу маводи дигари тиббӣ овард.

"Беморхона ҳам медод, аммо кофӣ набуд, бо мусоидати гурӯҳи фейсбукӣ барои мо 1000 дастпӯш оварданд, 60 дона халат, хеле кӯмак карданд," - нақл кард ӯ.

Бо либоси селофанӣ дар байни чаҳор девор

Барои муроқибат аз гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон пизишкон аз ҳама шӯъбаву ихтисосҳои мухталиф ҳатто аз зоишгоҳҳо ҷалб шудаанд. Хуршед Дӯстов аз рӯи ихтисос осебшинос аст ва мегӯяд, онҳоро пеш аз қабули беморони COVID-19 дар давраҳои махсуси омӯзишӣ ба ин кор омода карданд. Аммо ба гуфтаи ӯ, бори аввал аст, ки бо чунин реҷаи сахт кор мекунанд.

Қаблан мегӯяд, дар ҳафта ё моҳе як бор пизишкон дар беморхона навбатдор мемонданд, ҳоло то ду ҳафта имкони берун шудан аз биноро надоранд. "Бо либоси махсуси селофанӣ ва дар 4 девори бемористон соатҳои тӯлонӣ мондан, барои пизишкон осон нест", мегӯяд, Хуршед Дӯстов.

Вале мусоҳиби мо мегӯяд, дар ҳар гуна шароит ба корашон идома медиҳанд ва тамоми талошро барои муолиҷаву наҷоти беморон равона месозанд. Сахттарин лаҳза дар кори табибон ҳам ҳоло дидани бемороне будааст, ки аз тангии нафас азият мекашанд ё дар ҳолати хеле вазнин ба беморхона расонида мешаваду дигар пизишкон наметавонанд ӯро аз дами марг наҷот диҳанд.

Тартиби кор дар бемористон чӣ гуна аст?

Кор бо гирифторони COVID-19 ҳам ба гуфта табибон осон нест. Чун аксари онҳо дар рӯзҳои аввали бистарӣ шудан ҳолати бади равонӣ ва тарсу ваҳм доштаанд. Беҳрӯз Ашӯров, пизишки бемористони шаҳри Ҳисор, мегӯяд, талош мекунанд ба ин гуруҳи беморон фаҳмонанд, ки худро аз даст надода дар муқобили беморӣ қавӣ бошанд.

Ба гуфтаи Ашӯров, реҷаи кори табибони тоҷик дар шароити феълӣ тақрибан чунин аст: ​"Аз соати 7 либоси махсусро пӯшида, ба назди беморон меравем, муоина мекунем ва машварат медиҳем. Доруҳоро тақсим карда, бо ҳамшираҳо кор мекунем. То нисфирӯзӣ ва баъзан бетанаффус то 8 соат дар ин либос кор мекунем. Баъдан як-ду соат истироҳат дорем."

Ин пизишки тоҷик ҳоло навбатдориашро ба анҷом расонида, ба истироҳат баромадааст. Барои ҳифзи сиҳатии наздикон як муддат аз онҳо ҷудо дар хонаи як дӯсташ зиндагӣ мекунад.

Ҳарчанд ягон дастури вижае дар ин бора нест, мисли Беҳрӯз Ашӯров табибони тоҷик талош мекунанд ба хотири бехатарии пайвандон давоми ду ҳафта ба назди онҳо нараванд.

Пешниҳоди фаъолон ва посухи мақомот

Бо таваҷҷӯҳ ба заҳмати табибон дар ин шабу рӯз ва ба хотири қадрдонӣ аз кори онҳо, фаъолону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод доранд, ки барои истироҳати табибон дар давраи карантин ҷойи мувофиқ бо тамоми шароит фароҳам карда шавад. Бархе мехоҳанд, меҳмонхонаҳои холии шаҳр, дар ихтиёри пизишкон қарор дода шавад ва онҳое ҳам ҳастанд, ки барои пардохти пули иҷораи пизишкон изҳори омодагӣ мекунанд.

Масъулини Вазорати тандурустии кишвар мегӯянд барои баъди кор ба карантин фаро гирифтани пизишкон дар бархе аз бемористонҳо "минтақаҳои масхуси безарар" омода шудааст ва онҳо метавонанд дар ин ҷо бимонанд. Пизишкон мегӯянд, пас аз ду ҳафтаи кор бо реҷаи вазнин, истироҳат дар дохили беморхона номумкин аст.

Дар зимн ахиран мақомоти вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки осоишгоҳҳои минтақа барои қабули пизишконе, ки ба муолиҷаи гирифторони COVID-19 машғул буданд омода шудаанд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳукумат ва вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ аз CОVID-19 ва ҳифзи саломатии беморону табибон меандешад. Вале ҳанӯз ҳам шикоятҳо аз камбуди камбуди маводи зарурӣ дар бемористонҳо нашру расонаӣ мешавад. Ахиран гурӯҳе аз пизишкон ба шарти набурдани номашон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳудудан бист табиби бемористони "Истиқлол" дар Душанбе, ки гирифторони COVID-19-ро муолиҷа мекарданд, худ бистарӣ шудаанд.

Вале мусоҳибони мо, пизишконе, ки дар сафи аввали бархӯрд бо коронавирус қарор доранд, умед доранд, ин вазъ ҳарчи зуд ба поён мерасад ва онҳо метавонанд ба кору зиндагии маъмулии худ баргарданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG