Ҷавони тоҷик барои ташвиқи ду ноболиғ ба "ҷиҳод" зиндонӣ шуд

Сӯҳроб Ҳасанов

Додгоҳи шаҳри Душанбе як ҷавони 28-соларо бо гуноҳи мағзшӯии ноболиғон ва ташвиқи онҳо барои "ҷиҳод" ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Муҳокимаи Суҳроб Ҳасанов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), рӯзи 27-уми май дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Дар баёнияи расмии додгоҳ омадааст, ки Ҳасанов барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанг дар қаламрави кишварҳои дигар, ифротгароӣ ва талош барои убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, бо вакили мудофеъ ва ё хешовандони Сӯҳроб Ҳасанов тамос бигирад. Назари онҳо дар бораи иттиҳомот ва қарори додгоҳ маълум нест.

Вале додгоҳҳои Тоҷикистон ҳамеша аз тарафи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва Созмони Милали Муттаҳид танқид шудаанд, ки мустақил нестанд ва ҳар иттиҳомеро, ки додситонҳо пешниҳод мекунанд, ба инобат мегиранд. Дигар интиқод ин аст, ки ваҷҳу далелҳои вакилони дифоъ нодида гирифта мешавад ва ҳам эътирофоте, ки зери шиканҷа ҳосил шудаанд, барои судури ҳукм истифода мешавад.

Муфаттишон мегӯянд, Сӯҳроб Ҳасанов, ки худаш тарафдори гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” будааст, "дар шуур ва иродаи чаҳор ноболиғ Сафармуҳаммад Абдуназарзода, Ҳоҷимуҳаммад Файзуллоев, Мустафо Қурбонов ва Ҳабибулло Давлатов ақидаҳои ин ташкилоти ифротиро ҷой кардааст."

Ба гуфтаи муфаттишон, барои мағзшӯии ноболиғон, ки ду нафарашон 16-сола будаанд, Сӯҳроб Ҳасанов аз Телеграм истифода бурда, пайваста ба онҳо ҷангу хунрезиҳои аъзои гуруҳи “Давлати исломӣ”- ро нишон медодааст.

Ба қавли додгоҳ, кор то ба ҷое расидааст, рӯзи 23-юми марти соли 2018 Сӯҳроб Ҳасанов, ду ноболиғ Мустафо Қурбонов, Ҳабибулло Давлатовро гирифта ва хостааст, “якҷоя ба мақсади ҷиҳод ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бираванд.”

Аммо дар роҳ бемории яке аз ноболиғон авҷ гирифтааст, ки ба Душанбе баргаштаанд ва баъдан боздошт шудаанд. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Сӯҳроб Ҳасанов бояд 14 соли умрашро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кунад. Ҳамаи ин ноболиғон аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳастанд.

Сӯҳроб Ҳасанов 10 рӯз фурсат дорад, дар сурати норозӣ будан аз ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят барад, ҳарчанд тағйири ҳукм дар зинаҳои болоии додгоҳ дар Тоҷикистон бисёр кам ба назар мерасад.

Ҳасанов ва чаҳор ноболиғро моҳи сентябри соли 2018 дастгир карданд. Як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор ноболиғ аз оилаҳои ноустувор будаанд: "Падари яке аз онҳо аз модараш ҷудо шудааст, дигарӣ падар надорад, падари дигараш бемории равонист ва падари навраси дигар солҳо дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст. Ҳамеша мехостанд, аз дигарон бартарӣ дошта бошанд, мисли доштани телефони замонавӣ, либос, аммо вазъи иҷтимоӣ ин имконро барояшон надода буд. Зоҳиран орзуи соддалавҳона наврасонро ба ин роҳ бурдааст.”

Ба Радиои Озодӣ маълум нест, мақомот нисбат ба ин ноболиғон чӣ чора андешидаанд ва ё онҳоро чӣ ҷазое додаанд.

Баъд аз зуҳури гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар соли 2014 тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин гуруҳ пайвастаанд. Садҳо нафари дигарро барои эълони садоқат ба ин гурӯҳ ва ё тарғиби ақидаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.