ВИДЕО: Марзбонҳои қирғиз дар Овчӣ-Қалъача

Марзбонҳои қирғиз дар яке аз кӯчаҳои Овчӣ-Қалъача

Сокинони Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як видеоро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, ки ба қавли онҳо аз гаштугузори марзбонҳои мусаллаҳи қирғиз дар маҳалли зисти тоҷикон ҳикоят мекунад.

Сокинони ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз гаштугузори марзбонҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар қаламрави зисти онҳо изҳори нигаронӣ карданд. Як сокини ин ҷамоат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи севуми март гурӯҳе аз марзбонҳои қирғизро дар маҳаллаи “Баҳор”-и Овчӣ-Қалъача вохӯрдаанд, ки дар даст автомати “Калашников” доштаанд.

"Мо аз сержанти қирғиз пурсидем, чаро бо аслиҳа ба ҳудуди деҳаи тоҷикон дохил шудаанд. Онҳо раҳбари худро даъват карданд ва ӯ гуфт, ин замини онҳост, барои ҳамин ҳаққи дохил шуданро доранд. Ҳоло он ки аз пеш ин замини мо буд ва аз солҳои 90 дар ин ҷо даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд," - афзуд мусоҳиби мо.

Дар як навори видеоие, ки ин мусоҳиби Радиои Озодӣ бардоштааст ва дар ихтиёри мо гузошт, ҳаракати 3 марзбони қирғиз дар маҳаллаи “Баҳор”-и ҷамоати Овчӣ-Қалъача ва автомобили “Жигули”-и онҳо бо рақами давлатии Қирғизистон дида мешавад. Мусоҳиби мо гуфт, ин навор соатҳои 12:30-и рӯзи 3 март бардошта шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нороҳатии сокинони марзии Суғд аз гаштугузори сарҳадбонҳои мусаллаҳи қирғиз

​Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз хабари ҳузури марзбонҳои мусаллаҳаш дар манотиқи баҳсии ҷамоати Овчӣ -Қалъачаро шарҳ надодааст. Соҷида Ҷақолоева, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Қирғизистон дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз ин қазия изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, "чунин маълумот ба дасти мо нарасидааст." Гулмира Бурубоева, раиси дафтари матбуоти нирӯҳои марзбонии Қирғизистон ба Озодӣ гуфт, ки онҳо гузоришҳо дар бораи ҳузури марзбонҳои мусаллаҳи қирғиз дар қитъаҳои баҳсии марз дар минтақаи Овчӣ - Қалъачаро таҳқиқ хоҳанд кард.

Як сокини дигари ҷамоати Овчӣ – Қалъача, ки худро Хурсанд муаррифӣ кард, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гоҳу ногоҳ пайдо шудани патрули мусаллаҳи Қирғизистон дар маҳалли тоҷикон ба сокинон фишори равонӣ меорад: "Намедонем онҳо чиву киҳоро посбонӣ ё назорат мекунанд. Ин ҷо Афғонистон ё Сурия нест, ки ин гуна зарурати чунин посбонӣ бошад. Мо шунида будем, ки баъд аз созишномаи давлатҳоямон акнун сарҳадбонҳои мову қирғизҳо якҷоя посбонӣ мекунанд. Аммо патрули қирғизҳо гоҳе шабонаву гоҳе рӯзона танҳо пайдо мешавад."

Рӯзи 25 августи соли 2014 низомиёни қирғиз дар пайи монеъ шудани сокинони Овчӣ-Қалъача ба роҳсозӣ ба сӯи онҳо ва марзбонҳои тоҷик оташ кушоданд ва 2 нафар - як афсари марзбон ва як сокини одиро куштаву 5 тани дигарро захмӣ карданд. Сокинони Овчӣ-Қалъача мегӯянд, ҳамакнун дар кӯчаву маҳаллаҳои худ дидани марзбонҳои мусаллаҳи қирғиз онҳоро дар таҳлука меандозад. Онҳо мақомоти маҳаллиро аз ин амалкарди марзбонҳои Бодканд огоҳ карда, дархост намудаанд, ба ин мушкил расидагӣ кунанд, то ангезаҳое барои муноқишаи марзӣ пайдо нашавад.

Бимоҳрӯ Қосимова, раиси ҷамоати Овчӣ Қалъача рӯзи 4 март дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ инро тасдиқ кард ва афзуд, сокинон рӯзи якшанбеи гузашта низ аз пайдо шудани гурӯҳи марзбонҳои мусаллаҳи қирғиз дар деҳаи Овчӣ-Қалъача онҳоро дар ҷараён гузошта буданд: "Мо рафта бо масъулони ҷамоати Қулундии ноҳияи Лайлак гуфтугӯ кардем. Гуфтем, патрули сарҳадбонҳои қирғиз ба қаламрави Тоҷикистон ворид нашавад, ки ин мардумро ноором мекунад ва кӯдаконро метарсонад. Созиш шуд, ки дигар сарҳадбонҳои қирғиз ба хоки мо намедароянд."

Айни видео дар Ютуб:

Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров як минтақаи муноқишахези марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб мешавад, ки ҳанӯз хатти марзи он муайян нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳайати ҳукумати Қирғизистон таҳти раҳбарии муовини сарвазир Абдураҳмон Маматалиев рӯзи 4 март ба Душанбе парвоз кард. Шӯъбаи иттилоотии ҳукумати Қирғизистон гуфт, аз 4 то 7 март дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии комиссияи байнидавлатии таъин ва аломатгузории марз баргузор мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон раҳбарӣ мекунад.

Аз 971 километр марзи мустақими Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо 506 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Вале ихтилофи назари ду кишвар дар масоили марзӣ боис шуд, ки тайи 6 соли охир ду кишвар дар масъалаи таъини марзҳои худ ягон километр пеш нарафтанд. Соли гузашта дар беш аз 30 таниши марзӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, асосан дар марзи навоҳии Исфараву Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо вилояти Бодканд се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.