Аксар наздикони “ҷиҳодиён”-и тоҷик дар Сурия ва Ироқ аз канда шудани тамос бо наздиконашон сӯҳбат мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки тақрибан ним сол боз аз Сурия ва Ироқ ҳеҷ тамос бо онҳо нест ва аз зиндаву мурда будани пайвандонашон низ огаҳӣ надоранд.
То ним соли пеш аз қаламрави ДИИШ бо пайвандонашон бештар ҳамсарони “ҷиҳодиён”-е тамос доштанд, ки шавҳаронашон дар ҷангҳо кушта шуда буданд.
“Агар зинда мондам...”
Майрамбӣ Олимова, ки духтараш бо чаҳор фарзанд ду сол боз дар қаламравҳои таҳти назорати гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба сар мебарад, бори охир шаш моҳи пеш дар тамос шудааст. Гулрӯ дар тамоси охирин бо модараш гуфтааст, ки шояд дигар бо ӯ натавонад сӯҳбат кунад. “Гуфт, оча, ҳоло болои сарамон ҳавопаймоҳо бомбаборон мекунанд. Агар зинда мондам, занг мезанам. Занг назадам, пас, дидор дар қиёмат. Ҳоло намедонам ба ӯ чӣ шуд, ки дигар ҳеҷ занге назад”, - гуфт Майрамбӣ Олимова рӯзи 14 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гулрӯ Олимова, духтари 26-солаи ин зан ҳамроҳ бо се кӯдаку шавҳараш аввали соли 2015 тариқи Русияву Туркия ба Сурия рафт, вале пас аз шаш моҳи зиндагӣ дар он ҷо дар яке аз ҷангҳо шавҳараш кушта шуд. Гулрӯ, ки тифли чорум дар батнаш буд, пас аз марги шавҳар фарзандашро таваллуд кард. Майрамбӣ мегӯяд, соле пеш духтараш занг зада гуфт, ки гурӯҳи ДИИШ онҳоро аз шаҳри Манбиҷи Сурия ба Мавсили Ироқ мебарад. Он замон амалиёт барои озодсозии Манбиҷ ҷараён дошт. Ҳоло Мавсил макони аслии задухӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии Ироқ бо ДИИШ гаштааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Охирин видео
Мисли Майрамбӣ Олимова аксар наздикони “ҷиҳодиён”-и тоҷик мегӯянд, тамосҳо бо наздиконашон ним сол боз қатъ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2016 нашру пахши наворҳои видеоӣ аз ҷониби онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ тахминан аз байн рафт. Соли 2015 авҷи пахши сӯҳбатҳои таблиғотии видеоии ҷангҷӯёни тоҷик дар Ютюб, Фейсбук ва Однокласники буд. Паёми видеоии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар даъвати пайвастан ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва таҳдиду таҳқири мақомдорони тоҷик буд.
Шабакаи иҷтимоии Одноклассники дар ибтидои соли 2016 саҳифаҳои онҳоро баст ва видеоҳои марбут ба онҳоро низ пок кард. Парвиз Саидраҳмонов, ки дар ДИИШ ба худ исми Абу Довудро интихоб карда буд, аз ҳама бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои тарғиботӣ пахш мекард. Ӯ аз ғизохӯрӣ то ҷангу хуфтани “ҷиҳодиён”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекард ва ба ин васила аз дигар сокинони Тоҷикистон даъвати пайвастан ба ДИИШ-ро мекард. Ӯ аз аввалин ҷангиёне буд, ки видеоҳои суханронии Гулмурод, Ҳалимов сарҳанги фирории тоҷикро дар соли 2015 нашру пахш мекард. Аммо аз охири соли 2015 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нопадид шудааст.
Муҳаббат Маҳмудова, модари ӯ мегӯяд, пас аз онки хонаводааш дар Тоҷикистон даъвати ӯро барои рафтан ба Ироқ напазируфт, як сол боз дигар ӯ бо онҳо тамос надоранд. Ҳанӯз гумон меравад ӯ зинда аст, вале дигар ҳеҷ кори тарғиботие дар шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом намедиҳад. Охирин видеое, ки ӯ дар моҳи июни соли равон нашр кард, таҳдидаш ба Радиои Озодӣ буд, ки дар бораи духтари чорсолааш гузорише нашр кард. Сумая, духтари чорсолаи ӯ Шаҳриёр Давлатов, як сарояндаи шабеҳи Парвизро “падар” хонда буд. Ӯ дар ин навори видеоиаш гуфт, бо ин гуна гузоришҳо ӯ аз “ҷиҳод” барнамегардад. Модари Парвиз низ ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро пас аз шаш моҳи нопадид шуданаш дар ин навори видеоӣ дид ва дигар ним сол боз аз ӯ хабаре нест.
Сарнавишти норӯшани “келин”-ҳои ДИИШ
То ним соли пеш аз қаламрави ДИИШ бо пайвандонашон бештар ҳамсарони “ҷиҳодиён”-е тамос доштанд, ки шавҳаронашон дар ҷангҳо кушта шуда буданд. Ду соли пеш домод ва писари Салом Юнусов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо духтару келин ва ҳафт наберааш ба сафи ДИИШ пайвастанд. Хабари марги писараш ва комилан корношоям шудани домодаш дар пайи захмӣ шудан дар ҷангҳо ба ӯ расидааст. Ин мард дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дақиқан бештар аз ним сол боз тамос бо духтару келинашро, ки гоҳ-гоҳ бо ӯ тамос мегирифтанд, аз даст додааст.
Сайфиддин Қосимов, сокини 71-солаи ноҳияи Фархор, ки ду писараш дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шудааст, соле боз аз сарнавишти келин ва чаҳор наберааш хабар надорад. Ду писари ин мард - Файзиддин ва Сангак соли 2014 ба Сурия рафта буданд, вале аввали соли 2015 хабари маргашон расидааст. Ин мард мегӯяд, келинаш то охири соли 2015 бо наздикони худаш ва онҳо тасмо доштааст, вале дигар ҳоло сарнавишташ номаълум аст. Ашурмоҳ Саидалиева, сокини ноҳияи Бохтар, ки бародараш дар Сурия кушта шудааст, ҳамчунин гуфт, пас аз марги бародараш дар як соли пеш ҳамсараш дигар бо онҳо тамос нагирифт.
“Ҷангиёни ОМ дар се-шаш моҳи аввали ҷанг кушта мешаванд”
Ноа Таккер, як шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ мегӯяд, омӯзиши гузориш ва тақҳиқоти байналмилалӣ собит мекунад, ки ҷангиёни Осиёи Марказӣ дар сафи ДИИШ ҳамоно мавқеи чандон баланд ё боризе надоранд. Аз ҳамин хотир, гуфт ӯ, ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ баробари пайвастан ба сафи ин гурӯҳ, ба ҷабҳаи пеши ҷанг, зери оташу тиру туфанг сафарбар ва дар фурсати кӯтоҳ аз байн бурда мешаванд. Вай гуфт, дар гузоришҳои як соли охири размандагони курдҳои пешмарга таъкид мешавад, ки дар ҷабҳа ҷасадҳои зиёди ҷангиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикону узбакҳо ошкор мешавад.
“Мӯҳлати миёнаи будубоши ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ дар Сурия аз се то шаш моҳро дар бар мегирад. Танҳо шумори хеле ками онҳоро имкон медиҳад, ки умри тӯлонитаре бибинанд. Ҷангҳо хеле пуршиддат ва ҳатто хона ба хона мегузарад. Онҳое ҳам, ки на дар майдони ҷанг кушта мешаванд, бисёр вақт ҳамчун бомбгузори маргталаб истифода мешаванд. Бо ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ ингуна ҳодисаҳо зиёд рух медиҳад”.
Дигар аз Сурия барнагаштанд
Дар соли 2015 мақомоти интизомӣ аз бозгашти наздик ба 30 тан аз ҷангҳои Сурия ва беш аз 70 нафари дигар аз Туркия, ки мехостанд, аз марз убур кунанд, сабт карданд. Мақомот онҳоеро, ки бо эҳсоси пушаймонӣ аз ҷангҳои Сурия ва Ироқ баргашта буданд, бар асоси эзоҳи моддаи 401, яъне “Зархаридӣ”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карданд. Аммо дар соли 2016 дигар касе аз ҷангҳои Сурия бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан барнагашт. Бобоҷон Қаюмов, як ҷавони тоҷик, ки наздик ба панҷ моҳ дар сафи ДИИШ дар Сурия қарор дошт ва охири соли 2015 аз Сурия ба ватан баргашт, мегӯяд, ҳоло роҳҳои то Туркия расидани тоҷикон баста шудааст.
"Ҳоло марзҳои Туркия аз контроли ДИИШ хориҷ шудааст. Аз назорати ДИИШ фирор кардан сахт буд, вале ҳоло боз сахттар шудааст. Чун то марзи Туркия аз ҳудудҳои таҳти назорати нерӯҳои мухолифин ва ҳатто дар бархе нерӯҳои ҳукумати Сурия ва Ҷабҳат-ан-нусра, ки душманони сарсахти ДИИШ ҳастанд, бояд гузашт. Фикр мекунам, пушаймоншудаҳо зиёданд, аммо наметавонанд, баргарданд", - гуфт ӯ.
Ҳамчунон ки бозгашти ҷангҷӯёни тоҷик аз Сурия ва Ироқ дигар мушоҳида намешавад, дар соли 2016 пайвастани ҷавонони тоҷик низ хеле кам шуда буд. Охирин пайвастани пурсарусадои як шаҳрванди Тоҷикистон ба ДИИШ дар моҳи феврали соли 2016 сабт шуд. Ҳумайро Мирова, ҳамсари Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН бо чаҳор кӯдакаш аз Тоҷикистон фирор кард ва эҳтимол меравад, дар Сурия қарор дорад.
Муҳаммадризо Халифазода, сухангӯи Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, воқеан, дар соли равон пайвастани тоҷикон ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” кам шудааст.
“Маводи мухаддир ворид шуд, пас террорист низ мегузарад”
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ, ба коҳиши тамосҳо аз Сурия ва Ироқ ва коҳиши пайвастани сокинон ба ин созмон шубҳа дорад. Ӯ мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд, пайвандони онҳо эҳтиёткор шудаанд. “Вазифаи онҳо аст, ки бо хонавода ва ҳамдиёрон тамос бигиранд ва таблиғ кунанд. Ташвиқ бояд баранд ва ақидаи мардумро дигар кунанд. Ҳоло фикр мекунам, эҳтиёткор шудаанд ва тамосҳо доранд, вале намехоҳанд, ошкор шаванд. Шеваи тамосҳоро дигар кардаанд. Шояд аз тариқи Русия тамос бигиранд ва бо дигар василаҳо, ки мақомот огоҳ нашаванд. Фикр мекунам, инро наздиконашон ба хотири фишор надидан аз мақомот пинҳон мекунанд”.
Ҳамчунин Ҳодизода мегӯяд, ба гумони ӯ пайвастан ба созмонҳои ифротӣ кам нашудааст, балки масирҳо тағйир ёфтаанд. Ӯ гуфт: “Ҳоло Туркия масири шинохташуда шуд ва дигар ба он тариқ нахоҳанд рафт. Чун роҳҳо дар дохили Сурия ҳам баста ҳаст. Рафтан кам нашуд, балки фишор зиёд шуд ва масирҳояшон ошкор гашт, аз ин рӯ онҳо пинҳонкориро интихоб карданд. Гумон мекунам, ҳоло онҳо тариқи Урдун ва Миср ба Ироқу Сурия мерасанд. Аз сӯи дигар, тамаркузашон Афғонистон шудааст. Бибинед, ба ҳар роҳе, ки интиқоли маводи мухаддир имконпазир аст, рафтани инсонҳо ҳам он ҷо мумкин аст. Агар аз як сарҳад як кило маводи мухаддир убур кунад, пас аз он ҷо даҳ терорист ҳам метавонад, убур кунад.”
Рустам Шоҳмадов, як ҷавоне, ки мавзӯъҳои марбут ба ифротгароиро зиёд пайгирӣ кардааст, мегӯяд, аз сӯҳбатҳои охирини ҷиҳодиҳо бармеомад, ки дигар онҳо аз пахши наворҳояшон ҳарос доранд. “Аз сӯҳбатҳояшон чунин фаҳмида мешуд, ки онҳоро аз рӯи пахши наворҳояшон макони зситашон муайян мешавад. Аз тарафи дигар хонаводаҳояшон эҳсос мешуд, ки дигар барояшон беаҳамият шудааст. Чун онҳо ба гуфйтаи худашон аз баҳри зану фаразанд гузашта, барои рафтан ба биҳишт Ироқу Сурия рафтаанд”, - гуфт,ӯ
Беш аз ду ҳазор гумонбар дар “ҷиҳод”
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳузури беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ тасдиқ шудааст. Аммо як ҳамсӯҳбати мо аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар асл беш аз ду ҳазор нафар ҳамчун гумонбар дар ҷангҳои Сурия сабт шуда ва танҳо алайҳи 1090 нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Беш аз ҳазор нафари дигар ҳоло гумонбаранд ва далелҳои ҷиддӣ дар бораи ҳузури онҳо дар Сурия то ҳол дастрас нест. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, тибқи далелҳои дастрасшуда аксар ҷангиёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ кушта шудаанд, вале чун тасдиқи сад дарсади ҳалокати онҳо дастрас нест, парвандаҳои онҳо низ қатъ намешавад. Ӯ гуфт, воқеан аксари тамосҳо аз Сурия қатъ шудааст ва танҳо гоҳ-гоҳ “ҷиҳодиёне”, ки дар Раққаи Сурия ба сар мебаранд, бо пайвандонашон тамос доранд.