Шодиҷон Боевро, ки ба гуфтаи мақомот дар вилояти Нангарҳори Афғонистон ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст, аввали моҳи июн истирдод кардаанд ва ӯ айни замон дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб аст.
Як манбаъ аз мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи ҷиноятии Боев, сокини маҳаллаи Борбадро муфаттишони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр тафтиш мекунанд.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт: “Бо ҳамон моддаҳое, ки соли гузашта парванда боз шуд, тафтиш мешавад. Ӯро мақомҳои амниятии Афғонистон боздошт карда, ду ҳафта пеш ба Тоҷикистон супурданд.” Ҷавони тоҷик ба зархаридӣ ва узвият дар созмони террористӣ муттаҳам мешавад. Падараш Акаҷон Боев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ Шодиҷонро ба Кӯлоб овардаанд ва бо писараш сӯҳбат ҳам дошт.
Акаҷон Боев афзуд, аз писараш пурсидааст, ки аз чӣ роҳе аз Русия ба Афғонистон сафар карда ва ба сафи гурӯҳе, ки бо ҷиноятҳои гӯшношунидаш маъруф шудааст, пайвастааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ аз қавли писараш гуфт, ки ӯ аввал аз Русия ба Туркия сипас ба Эрон ва аз онҷо ба Афғонистон рафтааст. Баъди як моҳи иқомат дар шаҳри Ҷалолобод ба манотиқи қабоилнишини вилояти Нангарҳор паноҳ бурдааст, ки гурӯҳи ДИИШ дар Афғонистон маҳз дар инҷо пайдо шуд ва урдӯгоҳ низ дошт.
Дар ин вилоят нерӯҳои Амрико барои маҳви паноҳгоҳи зеризаминии ҷангҷӯёни ДИИШ соли 2017 бомби GBU-43/B ба кор бурд, ки бузургтарин бомби ғайриатомӣ аст ва онро “модари ҳамаи бомбҳо” меноманд. Дар натиҷа 100 ҷангҷӯи гурӯҳ ба шумули шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд.
Падараш хост, ки ӯро ба Тоҷикистон биёранд
Додситонии Кӯлоб моҳи январи соли 2018 гуфт, ки узвияти Шодиҷон Боев дар ДИИШ дар Афғонистон тасдиқ шудааст ва ба зидди ӯ бо иттиҳоми “зархаридӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Хушвахт Машрабзода, додситони минтақаи Кӯлоб он замон гуфт, ки падари ҷавон аз ҳузури писараш дар сафи ДИИШ хабар дод ва хоҳиш кард, ӯро ба Тоҷикистон баргардонанд.
Дар ихтиёри Радиои Озодӣ ду акси Шодиҷон Боев ҳаст, ки ӯ дар яке бо ҳамсоли худаш парчами ДИИШ- ро дар даст доранд ва рӯи он ба хати кирилли Хуросон ҳам навишта шудааст. Дар акси дуввуми тарғиботӣ ин ҷавон мусаллаҳ аст ва дар маҳалле акс гирифтааст, ки ба Афғонистон шабоҳат дорад. Ӯ дар назди хонаи гилин аст ва марде бо либоси суннатии афғонӣ дар ақиб истодааст.
Акаҷон Боев зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Чанд маротиба дар шӯъбаи умури дохилӣ дидам ва пурсидам. Гуфт, ки гурехтам ва ба дасти Толибон афтодам. Аз дасти Толибон ба дасти сарбозони амрикоӣ афтодам ва баъди он ба Тоҷикистон интиқол доданд. Ӯро сарбозони амрикоӣ ҳамроҳи афғонҳо ба Тоҷикистон равон кардаанд.“ Таҳқиқи дурустии гуфтаҳои ин ҷавони тоҷик аз дигар манобеъ имконнопазир аст.
Шодиҷон Боев зоҳиран дар байни 8 шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки ба гуфтаи дипломатҳои тоҷик, онҳоро охири моҳи июн ба кишвар бозпас оварданд.
Волидайни Шодиҷон Боев мегӯянд, ки писарашон соли 2016 баъди хатми синфи 10, мактабро тарк кард ва барои кор ба Русия рафт. Он ҷо бо бародарони модараш дар сохтмоне машғули кор будааст. Ба қавли волидайн писари навҷавон фирефтаи гумоштаҳои гурӯҳи Давлати исломӣ шудаанд, ки садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия ба Сурияву Ироқ фиристодаанд.
Акаҷон Боев мегӯяд: “Гуфт, ки маро фиреб карда буданд. Соли гузашта, то ҳамин моҳҳо сӯҳбат мекардам, аммо зангҳояш қатъ шуд, дигар тамос намегирифт. Ду ҳафта пеш хабар доданд, ки ба Тоҷикистон овардаанд.” Шодиҷон Боев аз аввалин шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки ба узвият ба ҳалқаи ДИИШ дар Афғонистон муттаҳам мешавад ва қарор аст, дар назди додгоҳ посух бидиҳад. Шодиҷон Боев фақат 18 сол дошт, ки ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон пайваст.
Соли 2016 мақомоти амниятии Афғонистон аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Нангарҳор хабар доданд. Раёсати амнияти миллии Афғонистон гуфт, ки Эҳсонуллоҳ Тураев ва Осим Довудӣ ният доштаанд, дар ноҳияи Ачин ба "Давлати исломӣ" бипайванданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки то кунун бештар аз 1200 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва аксарияти онҳо ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мисли “ДИИШ” пайвастаанд. Дар бораи ҳузури ифротгароёни тоҷик дар Афғонистон маълумоти дақиқе то кунун нашр нашудааст.