Паём аз Ироқ: “Оча, як илоҷ кун, маро ба Тоҷикистон бибар”

Акси Гулрӯ Олимова аз шиносномааш

Гулрӯ Олимова, ҷавонзани тоҷик, ки як сол боз тамосҳояш аз қаламрави таҳти назорати гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқ бо наздиконаш қатъ шуда буд, ҳафтаи гузашта ба модари худ занг зада гуфтааст, ҳарчӣ зудтар наҷоташ диҳанд.

Тамос баъди як сол

Гуфт, ки оча ба умеди Лоиқ (шавҳараш) бесоҳиб мондам. Оча, як бало кун, маро ба Тоҷикистон бибар.

Гулрӯ аз камтарин шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки пас аз як сол бо пайвандонаш тамос гирифтааст. Ин зан ҳамроҳ бо шавҳар ва се тифли хурдсолаш соли 2014 аз тариқи Русия-Туркия ба Сурия рафта буд. Дар онҷо як соли пеш шавҳараш кушта шуд ва шаш моҳ пас аз марги шавҳар тифли чаҳорумашро таваллуд кард.

То соли гузашта дар шаҳри Манбиҷи Сурия зиндагӣ мекард, вале пас аз озод шудани ин шаҳр аз дасти ДИИШ Гулрӯ ба модараш хабар дод, ки ба шаҳри Мавсили Ироқ, пойтахти дигари ин гурӯҳи худхонда рафтааст. Пас аз он тамосҳояш қатъ шуд ва то як ҳафтаи пеш аз ӯ хабаре набуд. Мақомоти Ироқ ду ҳафта қабл хабар доданд, ки бахшҳои асосии шаҳри Мавсилро аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод карданд.

Гулрӯ ба модараш аз чӣ гуфт?

Майрамбӣ Олимова

Майрамбӣ Олимова, модари Гулрӯ, рӯзи 22-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, духтараш тамос гирифт ва гуфт, ки бинобар беморӣ ва ноамнӣ дар як соли охир имкони тамос надошт. Ӯ ба модараш гуфтааст, дар Мавсил зери назорати як гурӯҳи дигар зиндагӣ мекунад.

Бинобар сабабе, ки Майрамбӣ Олимоваи 67-сола иттилои дақиқ дар бораи гурӯҳҳо дар Ироқу Сурияро надорад, дар сӯҳбат мушаххас накардааст, ки ин гурӯҳ кадом гурӯҳ аст. Ӯ танҳо дар бораи маҳалли зисти духатараш пурсидааст. “Гуфт, ки хонааш дар ошёнаи аввали як бинои бисёртабақа дар Мавсил ҳаст. Дар рӯ ба рӯи хонааш мағоза ҳаст ва кӯдаконаш гоҳ-гоҳ ба он ҷо мераванд. Пеши хонааш ҳавлӣ ҳаст. Гуфт, ки як бало карда, маро аз ин ҷо бароред. Ҷарроҳияш кардаанд ва то ин вақт дар беморхона будааст. Гуфт, оча ба умеди Лоиқ (шавҳараш) бесоҳиб мондам. Оча, як бало кун, маро ба Тоҷикистон бибар. Гуфт, ки кӯдаконам хурд ҳастанд ва ҷунбида наметавонам”, - нақл кард Майрамбӣ Олимова.

Телефони Гулрӯ ҷавоб намедиҳад

Ҳангоми тамоси такрорӣ бо забони арабӣ аз гӯшӣ ибораи “муваққатан хомӯш будани симкорт” садо дод.

Ин зан мегӯяд, пас аз ин тамос дубора аз рақами духтараш занг омад ва ин бор писари ҳафтсолаи ӯ бо номи Аҳмадҷон сӯҳбат кардааст. Ба қавли Майрамбӣ, “аз набераам пурсидам, ки модараш куҷост. Ӯ гуфт, ки ба беморхона рафтааст. Ҳамроҳашон як зани дигар аз Фархор низ ҳаст.”

Ба рақами телефоне, ки ба Майрамбӣ Олимова аз Ироқ занг задаанд, мо низ кӯшиши тамос гирифтан кардем. Ду бор ба ин рақам занг рафт, вале касе ба он ҷавоб надод. Баъдан, ҳангоми тамоси такрорӣ бо забони арабӣ аз гӯшӣ ибораи “муваққатан хомӯш будани симкорт” садо дод.

Гулрӯ Олимова дар ҳоле аз қаламрави Ироқ ба модараш занг задааст, ки аксари пайвандони ҷангҷӯёни тоҷики ДИИШ мегӯянд, як сол боз ҳеҷ тамосе бо наздиконашон надоранд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба шаҳрвандоне, ки дар ин шабу рӯз хоҳиши бозгашт ба ватанро доранд, кумак мекунанд.

Вазир: Ҳарчанд мушкил аст, барои баргаштан ёрӣ мекунем

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, бинобар нооромиҳо баргардондани афроди пушаймоншудае, ки дар минтақаҳои таҳти назорати ДИИШ ҳастанд, кори мушкил аст, вале онҳо барои баргардонидан талош доранд. Ӯ гуфт, “13 нафар имсол ихтиёрӣ ба Ватан баргашт ва соли гузашта 70 нафар аз чунин давлатҳои ҷангзада баргаштанд. Дар ин ҷода корҳои мо хеле ҷиддӣ идома дорад. Фикр мекунам, боз чандин нафарони дигарро аз ин ҳодисаҳои нангин ба ватан бармегардонем. Касе ихтиёран бармегардад, аз ҷавобгарӣ озод аст.”

Беш аз ҳазор нафар ба ДИИШ пайвастаанд

Нооромиҳо дар Сурия ва Ироқ аз соли 2011 шурӯъ шуд ва ширкати тоҷикон дар ин ҷангҳо дар сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ан-нусра” аввали соли 2014 ошкор шуд. Мақомот аз пайвастани беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар ба ин гурӯҳҳои тундрав дар хоки Сурия ва Ироқ иттилоъ медиҳанд.

Дар ин миён, беш аз 300 нафари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳад. То кунун ҳудуди сад нафар аз ин ҷангҷӯён баргаштаанд, ки аксаран ҷавонони танҳо ҳастанд. Танҳо моҳи феврали имсол Алишер Қодирқулов, сокини 24-солаи ноҳияи Ашт аз қалмарави Ироқу Сурия ҳамроҳ бо ҳамсару ду кӯдаки хурдсолаш ба Тоҷикистон баргашт.