"Бастагони Ҳасан Рӯҳонӣ собиқаи ҳамкорӣ бо тоҷиконро доранд ва огоҳӣ ва шинохти худи ӯ ҳам аз вазъияти Тоҷикистон хуб аст."
Таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ба мақоми раисиҷумҳури Эрон расидани Ҳасан Рӯҳонӣ боиси тағйири умдае дар равобити Эрон бо Тоҷикистон нахоҳад шуд, балки ба эҳтимоли ғолиб, равобити наздике, ки байни Теҳрону Душанбе бахусус дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод ҳосил шудааст, дар даврони Ҳасан Рӯҳонӣ метавонад ба ҳадде густариш биёбад.
Назари коршинос
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақа мегӯяд, Ҳасан Рӯҳонӣ дар аҳди дастикам се раисиҷумҳури ахир – Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Муҳаммади Хотамӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод – дар мақомҳои баланди давлат ва парлумони Эрон кор кардааст ва бо вазъи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, огоҳии хуб дорад: “Ҳусни назари эшон ба Тоҷикистон низ барои коршиносон амре шинохташуда аст. Ҷудо аз фасли иртибототи расмӣ, наздикон ва бастагони Рӯҳонӣ бо намояндагони Тоҷикистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кор кардаанд, байни онҳо ва тоҷиконе ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, иртибототи хубе вуҷуд дошт. Бино бар ин, омадани Ҳасан Рӯҳонӣ барои Душанбе фурсати муносиберо барои як таккон бахшидан ба равобити ду кишвар фароҳам мекунад.”
Оқои Бекмуҳаммад мегӯяд, мардуми Тоҷикистону Эронро риштаҳои зиёди фарҳангиву забонӣ ва таърихӣ ба ҳам пайваст медиҳад ва аз ин рӯ, “бо шинохте ки мардумони мо аз ҳамдигар доранд, бо рафтану омадани сарони ин кишварҳо, ман фикр намекунам, ки дар равобити Душанбеву Теҳрон тағйир ё таҳаввули ҷиддие ба миён биояд. Тағйире агар пеш биояд, метавонад нисбӣ бошад, на бисёр ҷиддӣ ва амиқ. Вале бо таваҷҷӯҳ ба сатҳи огоҳӣ ва собиқаи кори Рӯҳонӣ дар аҳди се раисиҷумҳури ахир ман бар ин боварам, ки сатҳи равобити мо дар аҳди ӯ аз он сатҳе ки ҳаст, ба ҳеҷ сурат пойинтар нахоҳад омад. Аммо ба ин далел ки Эрон дар арсаи байналмилалӣ гирифтории зиёде хоҳад дошт, бояд ибтикорро акнун бештар Душанбе ба даст бигирад.”
Таьрихчаи "дӯстӣ"-и ду президент
Эрон бо беш аз 200 миллион доллар ҳаҷми солонаи табодули молу коло аз ҳамкорони умда дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, аз сармоягузорони муҳими иқтисоди ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Эрон нахустин кишвари хориҷист, ки ҳанӯз дар таърихи 9 январи соли 1992 сафораташро дар Душанбе боз кард. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият дошта, байни ду кишвар тайи 21 соли равобит беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Умдатарин тарҳҳое ки бо сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон иҷро шудаанд, яке бунёди нақби Истиқлол(Анзоби собиқ) бо 40 миллион доллар таъмини молии Теҳрон аст ва якеи дигар – тарҳи нирӯгоҳи дувуми Сангтӯда, ки бо 180 миллион доллар сармоягузории Эрон сохта мешавад. Қарордоди сохтмони ин нақбу ин нирӯгоҳ ҳанӯз дар аҳди раисиҷумҳури ислоҳталаб Муҳаммади Хотамӣ имзо шуда буд, вале ҳарду тарҳ бештар ба номи раиси кунунии он ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод бармегардад, ки ба фарқ аз раҳбарони қаблии давлати Эрон тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дӯстии хеле наздик пайдо карда, равобити, ба таъбири ҳарду, “бародарона”-еро ба роҳ андозад.
Ба ҳадде ки дар тӯли 8 соли раёсаташ, бино ба ҳисобҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод бо раҳбари ҳеҷ як кишвари дигаре ин қадар мулоқоти рӯбарӯ надоштааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон. Оқои Раҳмон низ аз соли 2006 ба ин тараф бештар аз ҳама ва бо майли бештарин ба дидори “дӯсти теҳронӣ”-аш мешитофт.
Тоҷикистон дар ивази кумакҳои саршори иқтисодии Теҳрон, аз Ҷумҳурии исломӣ дар истодагариаш дар баҳси барномаҳои ҳастаӣ бо Ғарб ҳимоят мекард ва ҳамеша ба зарурати ҳалли ин баҳс аз роҳҳои дипломатӣ исрор меварзид. Мақомоти баландпояи тоҷик на як бору ду бор аз минбарҳои баланди байналмилалӣ таъқиби фанновариҳои ҳастаиро ҳаққи ҳар кишвар меномиданд, ки албатта, пеш аз ҳама манзурашон Эрон буд.
Албатта, дар ин миён мунтақидон чунин як омадани манофеъи як низоми худкомаи дунявӣ бо як режими сарсахти мазҳабиро, ки Эрон аст, ба чолиш кашида, мегуфтанд, Теҳрон мебоист дар ивази ёриҳои иқтисодиаш Душанберо ба мулоимтар кардани сиёсатҳои динситезонааш ташвиқ кунад. Гурӯҳи дигар, бахусус тундравони мазҳабӣ аз эҳтимоли дар Тоҷикистони аксаран суннимазҳаб майдони бештар пайдо кардани мубаллиғони мазҳаби дар Эрон ҳокими шиъа изҳори нигаронӣ мекарданд.
Ба ҳар сурат, маҳз дар аҳди Аҳмадинажод нигоҳи қаблан ғайридӯстонаи Душанбе нисбат ба Теҳрон, ки аз ҳимояти Ҷумҳурии исломӣ аз мухолифини исломии давлати Эмомалӣ Раҳмон дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон маншаъ мегирифт, комилан иваз шуд ва Душанбе Эронро ба ҳайси як муттаҳиди муҳими худ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон пазируфт.
Расми ифтитоҳи нақби Истиқлол дар соли 2006 дар ҳузури Аҳмадинажод ва Раҳмон доир шуд. Қарор буд, Маҳмуди Аҳмадинажод дар расми ифтитоҳи чархаи дувуми нирӯгоҳи Сангтӯда-2, ки мебоист, ба истилоҳ тоҷи 8 соли равобити танготанги ӯву Раҳмон мешуд, низ ширкат кунад. Аммо ин маросим чанд дафъа ба таъхир уфтод ва инак, бо баргузории интихоботи ҷадид дар Эрон ва маълум шудани исми ҷойгузини Аҳмадинажод яқин шуд, ки ин тоҷро акнун ба сари Ҳасани Рӯҳонӣ хоҳанд гузошт.
Нозирони умур мегӯянд, Ҳасан Рӯҳонӣ шояд чунин дӯстии наздикеро, ки Аҳмадинажод бо Раҳмон дошт, нишон надиҳад, вале ба ҳайси як нафари амалгаро ва огоҳ аз вазъияти Тоҷикистон Эронро дар истгоҳи бародарӣ бо Тоҷикистон ҳифз хоҳад кард. Аз тарафи дигар ҳарду тарҳи асосии Эрон дар Тоҷикистон – ҳам нақби Истиқлол ва ҳам Сангтӯда-2 – ниҳолҳоеянд, ки дар замони дар Эрон сари қудрат будани ислоҳталабон шинонда шуданд, вале меваашро Аҳмадинажоди усулгаро хӯрд.
Бо вуҷуди суханҳои баланд дар бораи дӯстиву бародарӣ ва мулоқотҳои бешумор амалан дар ин 8 соли ҳамкорӣ бо Аҳмадинажод байни Тоҷикистону Эрон ягон қарордоди бузурге имзо нашуд, ки имрӯз ҳамчун ёдгори бевоситаи ин даврон боқӣ бимонад. Як иллати ин, албатта, фишори таҳримҳо ва дар инзивоъи рӯзторӯз бештари байналмилалӣ қарор гирифтани Эрон буд, ки сарсахтона аз барномаҳои ҳастаияш даст кашиданӣ нест. Вале бубинем, ки бо омадани Ҳасан Рӯҳонӣ, ин нафари моил ба ислоҳот ва наздик ба пойгоҳи ақидатии ислоҳталабон ба раёсати давлати Эрон, чӣ ниҳолҳои тозае дар боғи ҳамкориҳои ду кишвари ҳамзабон қомат баланд хоҳанд кард.
Ва як дарси интихоботи Эрон
Аммо як дарси интихоботи Эрон барои кишвари мо, ба гуфтаи як мусоҳиби мо дар Душанбе ин аст, ки дар ин 21 соле ки дар Тоҷикистон як нафар - Эмомалӣ Раҳмон - раҳбар аст, дар Эрон инак президенти чорум сари кор меояд. Чизе ки ба бовари мусоҳиби мо, барои Тоҷикистон низ омӯхтанист.
Назари коршинос
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақа мегӯяд, Ҳасан Рӯҳонӣ дар аҳди дастикам се раисиҷумҳури ахир – Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Муҳаммади Хотамӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод – дар мақомҳои баланди давлат ва парлумони Эрон кор кардааст ва бо вазъи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, огоҳии хуб дорад: “Ҳусни назари эшон ба Тоҷикистон низ барои коршиносон амре шинохташуда аст. Ҷудо аз фасли иртибототи расмӣ, наздикон ва бастагони Рӯҳонӣ бо намояндагони Тоҷикистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кор кардаанд, байни онҳо ва тоҷиконе ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, иртибототи хубе вуҷуд дошт. Бино бар ин, омадани Ҳасан Рӯҳонӣ барои Душанбе фурсати муносиберо барои як таккон бахшидан ба равобити ду кишвар фароҳам мекунад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад