Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ чаҳор сол ба раёсати Эрон менишинад


Мақомоти Эрон гуфтанд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ раисиҷумҳури нав интихоб шудааст.

Вазири кишвари Эрон Мустафо Муҳаммад Ноҷар хабар дод, ки, бар пояи иттилои пешакӣ, тақрибан 50,7 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй аз ин номзади 64-солаи рӯҳониёни мӯътадил пуштибонӣ кардаанд.

Шаҳрдори Теҳрон Муҳаммадбоқир Қолибоф дар сабқати номзадҳо дар мақоми дуввум аст – ӯ ба дарёфти тақрибан 16 дар сади раъйҳо муваффақ шудааст.


Эълони пирӯзии Рӯҳонӣ дар интихоботи Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:39 0:00

Интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо ширкати шаш довталаб рӯзи ҷумъа, 14 июн, баргузор шуд. Дар раъйдиҳӣ, ба иттилои вазорати кишвар 36,7 миллион шаҳрвандон, яъне 72,7 дар сади интихобкунандагон ширкат доштанд. Раъйдиҳӣ панҷ соат бештар аз вақти муқаррарӣ давом кард ва ҳавзаҳои райдиҳӣ то соати 23 шаб дарҳои худро боз нигоҳ доштанд. Қарор буд дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон раъйдиҳӣ то соати 18:00 вақти Эрон давом кунад, вале вазорати кишвар, ки бар равандҳои интихоботӣ назорат мекунад, вақти раъйдиҳиро барои шаҳрвандон се бор тамдид кард ва он то соати 23:00 вақти Эрон идома ёфт.

Нозирони байналмиллалӣ бар ҷараёни райдиҳӣ назорат накардаанд. Вале матбуоти Эрон аз қавли мақомоти интихоботӣ гузориш додаанд, ки шумораи ширкаткунандагон дар интихоботи кунунӣ нисбат ба интихоботи 4 соли пеш бештар будааст.

Назархоҳиҳо дар остонаи интихобот ҳокӣ буданд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси пешини ҳайати музокироти ҳастаии Эрон ва ҷонибдори гурӯҳи ислоҳталабон ва Муҳаммадбоқир Қолибоф-шаҳрдори кунунии Теҳрон рақибони аслии ин итихобот ба шумор мераванд.

Ёдовар мешавем, ду рӯз пеш аз раъйдиҳӣ бародари хурдии раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ аз номзади Ҳасани Рӯҳонӣ пуштибонӣ карда буд. Ба навиштаи хабаргузории ISNA, Ҳодӣ Хоманеӣ аз мардум хост, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ифрот дар кишвар дар интихоботи президент ба Ҳасани Рӯҳонӣ раъй диҳанд. Руасои ҷумҳурии пешини Эрон Муҳаммад Хотамӣ ва Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ҳам хостори пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоб шуда буданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ ба курсе менишинад, ки онро ду давра пайиҳам Маҳмуди Аҳмадинажод ишғол карда буд.
XS
SM
MD
LG