Олга Тутубалина: Зиёиён бо "ишораи боло" ба додгоҳ рафтаанд

Олга Тутубалина

Намояндагони созмонҳои эҷодӣ алайҳи хабарнигор ва муҳаррири ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” Олга Тутубалина ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурдаанд. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, як нусхаи ин даъво рӯзи 5 июл ба ин расона расидааст. Даъвогарон ҳамчун ҷуброни маънавӣ аз хабарнигор 200 000 сомонӣ, муодили беш аз 40 000 доллар, товон хостаанд. Онҳо ҳамчунин аз додгоҳ хостаанд, ташхиси додгоҳии лингвистикӣ доир карда, ба хотири таъмини заминаи молии даъвояшон молу мулки манқулу ғайриманқули Олга Тутубалинаро ба ҳабс бигирад.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Олга Тутубалина



Олга Тутубалина рӯзи 5 июл дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз сарусадое ки ин моҷаро дар матбуот ва маҳфилҳо барпо кард, интизор надошт, ки муасссисаҳои эҷодӣ боз ҳам барои додгоҳӣ кардани масъала ҷуръат кунанд. Олга Тутубалина афзуд, фикр мекунад, ки рафтан ба додгоҳ тасмими мустақилонаи худи созмонҳои эҷодӣ нест, балки бо "ишорае аз боло" чунин иқдом кардаанд.

Тутубалина: Ростӣ, ман баъд аз он ки дар атрофи изҳороти аввали даъвогарони кунунӣ сару садои иттилоъотӣ бархост, аз ҷумла аз тарафи Меҳмон Бахтӣ, фикр мекардам, ки онҳо дигар даъво нахоҳанд кард, чунки агар додгоҳ мурофиаи одилона барпо кунад, онҳо имкони пирузӣ надоранд. Ман фикр мекардам, ки онҳо бо ҳуқуқшиносон машварат мекунанд ва вазъиятро мефаҳманд ва ба матбуот мақола менависанд. Вале ин эҳсос маро фиреб дод.

Озодӣ: Шумо барои худ вакили мудофеъ гирифтаед ва вай ба шумо роҷеъ ба ин парванда чӣ машварат медиҳад?

Тутубалина: Мо вакили мудофеъ дорем ва вай бо мо роҷеъ ба масъалаҳои таҳрири забонӣ кор мекунад. Вале ман медонам, ки ҳоло додгоҳи иқтисодӣ ин даъворо қабул накардааст. Ба мо усулан нусхаи ин даъворо фиристоданд. То ҷое ки ман медонам, додгоҳи иқтисодӣ наметавонад ин даъворо қабул кунад, зеро ин баҳси иқтисодӣ нест. Ба ҳамин сабаб мо ягон иқдоме намекунем. Ҳоло фақат аз ин кор чанд соат гузаштааст ва мо баъдтар муносибати худро ба он маълум мекунем.

Озодӣ: Шумо ва вакили мудофеъи шумо бо Меҳмон Бахтӣ барои муомилае дар ин замина мулоқот ва гуфтугӯ накардаед?

Тутубалина:
На, мо мулоқот накардаем ва ман худамро гунаҳгор намедонам ва ин гуна мулоқотҳо маъно надорад.

Озодӣ: Дар доираҳои рӯзноманигорӣ чӣ мегӯянд, оё онҳо аз шумо ҳимоят мекунанд?

Тутубалина:
Ман дар бораи тадбирҳои онҳо чизе намедонам, вале боз ҳам мегӯям, ки аз супурдани ин даъво танҳо ду соат гузаштааст. Барои ҳамин ҳоло матбуот вокуниш нишон надодааст, вале фикр мекунам, ки вокуниш мешавад, чунки дар оғоз расонаҳои хабарии ҳам чопӣ ва ҳам созмонҳои рӯзноманигорӣ аз ман усулан ҳимоят карда буданд. Дирӯз роҷеъ ба ин масъала Шӯрои матбуот баргузор шуд. Дар он ҷо аз ман ҳимоят карданд. Шояд имрӯз то пагоҳ баёнияи матбуотии Шӯрои матбуот ,ба нашр расад. Умуман ман асосҳои ҷиддӣ дорам, то ба ин хулоса бирасам, ки ин ишорае аз болост.

Бино ба гузориши “Азия Плюс”, даъвогари асосӣ Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон буда, ин муассисаро дар ин даъво Фарҳангистони улум, Иттиҳодияҳои рассомону оҳангсозону меъморон ва номзади илми тиб, устоди кафедраи амрози пӯст ва амрози ҷинсии Донишгоҳи тибб Дилбар Абдиева ҳамроҳӣ кардаанд.

Онҳо дар даъвои худ гуфтаанд, матлаби Олга Тутубалина бо номи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») эътибори касбии як гурӯҳи бузурги мардум, яъне як гурӯҳи иҷтимоиро, ки афроди машғули меҳнати фикрӣ ва дорои маълумоти барои анҷоми ин кор лозим, аз қабили муҳандисон, табибон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, кормандони илму фарҳанг ва ходимони давлатиро фаро мегирад, паст мезанад."

Онҳо дар даъво худ ҳамчунин гуфтаанд, ки Тутубалина дар матлаби худ зиёиёнро ба “наҷосат” монанд кардааст, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Дар ин даъво аз ҷумла аз фарҳангҳои тафсирӣ иқтибос шудааст, ки дар он вожаи “наҷосат” ҳамчун чизҳои беҳуда ва тамоман нолозим тафсир мешавад. Ба бовари даъвогарон, Тутубалина бо корбурди ин вожа зиёиёнро таҳқир карда, ба онҳо осеби маънавӣ расондааст, ки намунааш азобу машаққати ахлоқӣ ва зиёнест, ки ба ашхоси ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба ҷонибҳои даъвогар расидааст. Даъвои дигари созмонҳои эҷодӣ ин аст, ки Олга Тутубалина дар матлабаш суханони асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленинро ба таври инҳирофомез овардааст.

Хабарнигори “Азия Плюс” дар матлаби Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции»), ки моҳе пеш ба муносибати бозгашти шоири маъруф Бозори Собир аз Амрико нашр кард, суханони Владимир Ленинро, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд», иқтибос оварда, гуфтааст, ки натанҳо Бозори Собир, балки хеле дигар аз зиёиёни тоҷикро, ки корашон ба ҷуз лаганбардории ҳукумат нест, низ метавон айни баҳои Ленинро дод.



Меҳмон Бахтӣ

Дар пайи нашри ин матлаб раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодӣ ва донишгоҳҳои олӣ ин суханони рӯзноманигорро таҳқири тамоми зиёиёни Тоҷикистон хонда, билофосила таҳдид карданд, ки ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Раиси Иттиҳодияи адибон Меҳмон Бахтӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд: “Ҳатто агар як нафар одиро бигзор зиёӣ ҳам набошад, деҳқон ё коргар ва умуман инсон бошад, «гуҳ» гуфтан мумкин аст? Аз рӯи фаросати инсонӣ ва одоби журналистӣ мумкин аст?.. Агар ман раиси Иттифоқи нависандагон намебудам, медонистам бо он зан чӣ кор кунам. Ҳамин вазифаам маро нигоҳ доштааст.”

Аммо Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия Плюс” ба дунболи ин сӯҳбати Меҳмон Бахтӣ ба Озодӣ гуфт, мавқеъашро нисбат ба зиёиёни тоҷик дигар накардааст: “Ман фикри худро тағйир доданӣ нестам. Вале бояд таъкид кунам, ки вақте ман дар бораи зиёиён ҳарф мезадам, ҳамаи онҳоро дар кулл дар назар надоштам, албатта... Ман он зиёиёнеро дар назар доштам, ки ҳамчун зиёӣ рафтор намекунанд. Ҳама медонанд, ки чунин ба ном равшанфикрон хеле зиёданд. Бидуни бурдани номҳои мушаххас ҳам чунин нафарон зиёданд, Дар мулоқотҳои солонаи зиёиён бо раисиҷумҳур ҳама мебинем онҳоро, ҳама медонем, ки масъалаҳои доғи ҷомиаро намебардоранд, танҳо аз мушкилоти шахсии худ гап мезананд. Ман фикр намекунам, ки ин зиёиёне нестанд, ки сазовори ин ном бошанд.”