Барои ҷустуҷӯи Осияи 5-сола гурӯҳи махсус созмон додаанд (ВИДЕОИ НАВ)

Осия рӯзи нопадид шуданаш ҳамин пироҳанро дар тан доштааст.

Гурӯҳи махсус аз ҳисоби кормандони бахши кофтукови ҷиноии Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур ташкил шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки барои пайдо кардани Осияи 5-сола, ки рӯзи 8-уми август аз назди хонаашон дар яке аз маҳаллаҳои марказии Душанбе нопадид шуд, гурӯҳи махсус таъсис додаанд. Дар ин бора рӯзи 12-уми август як манбаъ дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ба қавли ин манбаъ гурӯҳи ҷустуҷӯӣ аз ҳисоби кормандони бахши кофтукови ҷиноӣ таъсис шудааст, аммо ҳанӯз ҳам дараке аз Осия Диловарова пайдо накардаанд.

Назира, модари Осия низ рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти чаҳор рӯз ҳеҷ хабаре аз ҷигарбандаш надорад ва мақомоти пулис ба ӯ гуфтаанд, ки ба ҷустуҷӯи духтараш идома медиҳанд. Осия, ки дар санадҳои расмиаш бо номи Сабоҳат Диловарова сабт шудааст, соатҳои 12-13 аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1 воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе гум шуд ва аз ҷое, ки Малика ва Сабинаи 5-сола низ 25-уми марти соли 2013 гум шуданд ва то ҳол аз онҳо дараке нест. Хонаи Малика ва Сабина дар ошёнаи 1-ум буд ва хонаи Назира Диловарова дар табақаи 8-ум аст.

Осия ягона духтари Назира Диловарова аст, ки танҳо духтарашро ба воя мерасонд, зеро қабл аз таваллуди ӯ Назираи 29-сола аз шавҳараш ҷудо шудааст. Модари Осия аз ин пештар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи нопадид шудани духтараш кор мекард ва Осияро холааш нигоҳубин мекард. Ба қавли холааш, худаш мехост, Осияро ба ҷойи кораш барад ва ба ӯ гуфт, ки то ҳаммом карданаш мунтазир бошад. Вақте аз хона берун омад, дигар аз Осия дараке набуд ва ба ҷустуҷӯи ӯ пардохт. Холаи Осия, ки нахост номаш бурда шавад, изҳор дошт, ки фурӯшандаи об дар наздикии хона Осияро дидааст. Осия 1 сомонӣ дар даст аз фурӯшанда об хостааст, аммо чун пулаш нарасидааст, ба ӯ надодаанд.

Ва Осия ба тарафи фурӯшгоҳи Садбарг, яке аз маҳаллаҳои серодами шаҳри Душанбе меравад. Баъди ҷустуҷӯи бенатиҷа холааш ба модари Осия тамос мегирад ва ӯ соати 16 ба маъмурони милиса муроҷиат мекунанд. Нопадид шудани як се духтари 5-сола ва аз як маҳалла ва дар муддати камтар аз якуним сол, бахусус сокинони хиёбони Айниро ба ваҳшат андохтааст, ҳарчанд дар дигар гӯшаҳои Душанбе аз нопадид шудани ин духтар бисёриҳо хабар надоранд. Ҳамсояҳо мегӯянд, мумкин аст, Осия раҳгум зада бошад ва ба хотири пулу мол рабудани ин тифл ҳам аз эҳтимол дур аст, зеро хонаводаи Назира Диловарова, хонаводаи сарватманд нестанд.

Худи пайвандони Осия мегӯянд, баъд аз гум шудани Маликаву Сабина ба ӯ ёд доданд, ки рақами хонаашон чанд аст ва дар куҷо зиндагӣ мекунад ва ӯ духтари зираке буд ва ҳамаи нишонаҳоро медонист. Айни замон эълон дар бораи гум шудани Сабоҳат дар гӯшаҳои мухталифи Душанбе насб шудаанд, вале то кунун касе ба модари Осия хабаре дар бораи духтараш надодааст. Аз онҳое, ки Осияро дидаанд, хоҳиш кардаанд, ки ба ин 919 292 473, 904 400 077 тамос бигиранд. Бедарак шудани се тифл аз як маҳалла дар тӯли бештар аз як сол, бешак вазорати умури дохилиро таҳти фишор қарор хоҳад, ки ба суолҳо дар бораи бедарак шудани кӯдакон дар ин кӯчаи марказии шаҳри Душанбе посух бигӯяд.

Маҳаллаи зиндагӣ ва нақли онҳое, ки Сабоҳатро пеш аз гум шуданаш дидаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷое ки Осия, Малика ва Сабина гум шуданд, чӣ ҷоест?