Падари мотамзадаи Умеда: "Омадам, манаҳи духтарам баста буд"

Умеда тамоми аҳли хонаводаро дар мотам нишонд

Мақомот дар Рашт сабабҳои худкушии як духтари 14-соларо таҳқиқ доранд, ки дар айвони хона худро ба дор овехтааст. Умеда Эшонқулова хонандаи синфи 8-уми мактаби рақами 30 аз деҳаи Лоёбаи ҷамоати Нусратулло Махсум, ҳафтаи гузашта аз мактаб баргашта ва худро куштааст.

Наздикони Умеда мегӯянд, дар рафтори ӯ қабл аз худкшӣ ва худи ҳамон рӯз ягон тағйирот мушоҳида накардаанд. Ба гуфтаи онҳо Умеда субҳ хушҳол ба назар мерасид ва чун ҳамеша аз мактаб бо баҳои аъло баргашта, ҳамроҳи модараш ба кори хона машғул мешуд.

Падараш Дилбаршоҳ Эшонов рӯзи 9 -уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабари худкушии ҷигарбандашро дар ҷойи кор шунид.

Ман дар кор будам, ки занг заданду хабари шумро расонданд. Омадам манаҳаш баста буд.

“Субҳ мактаб рафт, аз ман барои чизе пул пурсид. 5 сомон додаму шухӣ кардам, ки 2 сомонӣ бақияро биёр. Гуфт, дада додӣ, тамом дигар напурс. Аз дарс омада хӯрок хурдааст. Ман дар кор будам, ки занг заданду хабари шумро расонданд. Омадам манаҳаш баста буд”.

Ба қавли падар, Умеда духтари “эркаи” хонавода буду тамоми хостаҳояш иҷро мешуд. Умеда Эшонова байни се бародар ягона духтари хонавода буд. Ҳоло волидон мегӯянд, намедонанд, далели худкушии духтари 14-солаашон чӣ буд.

“Духтари дӯстдормон буд, агар нохуни пояш дард мекард, болои сар мекардем. Эрка буд, аммо одоби намунавӣ дошт” – мегӯяд, падараш.

Ҳоло падар сари тасодуфӣ будани худкушӣ ҳам фикр дорад. Дилбаршоҳ Эшонов мегӯяд, 4 рӯз пеш аз ҳодиса, барои чорво ресмон харида буд. Умеда аз падар хостааст, ки порае аз ресмонро барои ӯ диҳад, то арғунчак созад.

“Фикр мекунам, шояд хост арғунчак созаду тасодуфӣ шуда бошад” – мегӯяд ӯ.

Ҳамсабақони мотамзада ва идомаи тафтиши марги Умеда

Умеда ҳеҷ нома ё паёме ҳам намондааст. Пулиси ноҳияи Рашт тафтиши қазияи марги ӯро идома медиҳад. Масъулини ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум дар Рашт мегӯянд, хонаводаи Умеда Эшонова, зиндагии хуб доранд ва оилаи намунавӣ буданд. Ягон нофаҳмие байни волидони духтар вуҷуд надоштааст.

Як омӯзгори Умеда дар мактаби деҳаи Лоёба дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ӯ чун як духтари донову оромтабиат ёд овард. Ба гуфтаи омӯзгор ҳама хонандагони мактаб ва ҳамсабақони Умеда, аз марги ӯ такон хӯрдаву ғамгин шудаанд ва ба суолҳои муфаттишон дар бораи сабабҳои марги эҳтимолии Умеда ҳам посух гуфтаанд.

Ягон фарзия нест, фақат гуфтанд, духтарак бемории ҷоғар дошт, шояд ҳамин як сабаб бошад.

Ниссо Азизова, мудири шӯъбаи кор бо занони ноҳияи Рашт рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин аввалин худкушӣ дар 5-соли ахир дар ноҳия аст. Ба гуфтаи ӯ дар Рашт худкушӣ бисёр кам будааст ва соли 2014 як зан дар ин ҷо ба сабаби хушунати хонаводагӣ бо ҳадафи худкушӣ, худро оташ зад буд.

“Тааҷҷубамон ин аст, ки чандин сол боз чунин ҳодиса набуд. Зиндагии бад надоштанд. Серфарзанд набуданд, ки гӯем мушкиле доштанд. Ягон фарзия нест, фақат гуфтанд, духтарак бемории ҷоғар дошт, шояд ҳамин як сабаб бошад.”

Худкушии 83 ноболиғ дар як сол

Дар Тоҷикистон худкушӣ як зуҳуроти нигаронкунанда боқӣ мемонад ва бахусус дар байни ноболиғон. Ба иттилои Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон танҳо дар соли 2017, дар кишвар 83 ноболиғ худкушӣ кардаанд. Ба гуфтаи ваколатдор, 27 наврас ба сабаби бемории руҳӣ, 12 нафар ба далели шароити вазнини зиндагӣ ва муноқишаҳои оилавӣ қасди ҷони худ кардаанд.

Аммо сабаби худкушии 43 навраси дигар мисли Умеда Эшонова номаълум боқӣ мемонад. Воқеан дар аксар маврид, худкушии ноболиғон барои волидону мақомот мармуз ва норӯшан аст. Волидон дар чунин ҳолатҳо ба далоиле ё намехоҳанд ошкор аз дунёву мушкилоти фарзандони худ сухан кунанд ва ё дар воқеъ аз дарду олами онҳо огоҳ нестанд ва омили марги фарзандонро то ба охир барояшон номаълум боқӣ мемонад.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозод, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, дар гузориши ахири худ бо таваҷҷӯҳ ба зуҳуроти худкушии кӯдакон аз он нигаронӣ кардааст, ки кор бо равони кӯдакон дар кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ӯ дар ин гузориш аз камбуди равоншиносони кӯдак изҳори ташвиш кардааст.

Умеда Эшонова духтари ягонаи хонавода ва наврасе, ки бо далелҳои номаълум худро ба дор овехт, ба гуфтаи волидон орзу дошт, баъди хатми мактаб таҳсилро дар Донишгоҳи тиббӣ идома диҳад. Падар ҳам мегӯяд, розӣ буд, духтараш пизишк шавад, аммо ин орзуи худ ва волидонро Умеда ба хок бурд.

Ба назари шумо, сабабҳои худкушии ноболиғон дар Тоҷикистон кадомҳоянд. Шарҳи худро дар поварақи гузориш бинависед ва ё аз тариқи Вайбер, Вотсапп, ИМО ва Телеграм ба мо ва ба ин рақам бифристед: +420 724 053 959