Сафири Олмон дар Душанбе гуфт, мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа масъалаи ҳузури мухолифони ҳукумат дар кишварашро бо ӯ дар миён гузоштаанд. Найтхарт Хёфер-Виссинг гуфт, дар посух аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, "далелҳои собит биоранд, ки он афрод қонуншиканӣ кардаанд". "Дар он ҳолат Олмон чора меандешад", - афзуд ӯ.
Дипломати олмонӣ, ки рӯзи 2-юми феврал дар ҳошияи як нишаст дар Душанбе бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт: "Ман ба мақомоти тоҷик борҳо гуфтам, ки агар дар бораи қонуншикании ин афрод далел дошта бошед, лутфан расонед. Мо месанҷем ва хулоса мебарорем. Аммо қонунӣ будан ё набудани чизеро додгоҳи Олмон маълум мекунад."
Олмон дар баробари Лаҳистон яке аз кишварҳои аврупоист, ки садҳо нафар аз тарафдорони Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва гуруҳе аз дигарандешони тоҷик дар он ҷо паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтаанд. Теъдоди дақиқи онҳо маълум нест.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бишчевич: Ҳайронам, ки чаро бархе ИА-ро "душман"-и Тоҷикистон медонандНайтхарт Хёфер-Виссинг афзуд, кишвараш ба ақидаҳои сиёсии паноҳҷӯён коре надорад ва фақат дар сурате дар муқобили онҳо чора меандешанд, ки қонунҳои Олмонро риоят накунанд.
Бори аввал нест, ки сафири як кишвари ғарбӣ ба нигарониҳои мақомоти тоҷик дар бораи паноҳгоҳ додан ба мухолифини ҳукумат посух медиҳад. Қаблан Петр Ивашкевич, сафири Лаҳистон дар Тоҷикистон гуфт, созмонҳое, ки дар Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эълон шудаанд, бар асоси қонунҳои ин кишвари аврупоӣ чунин арзёбӣ намешаванд ва аз ҳамин сабаб аъзои онҳо дар қаламрави Лаҳистон қонунӣ ба сар мебаранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Кӣ аз меъёрҳои дугона истифода мебарад?”
Дар чанд соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон талош кардааст, ҷомеаи ҷаҳониро водор кунад, ки созмонҳое назири Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24”-ро созмонҳои ифротӣ эълон кунанд. Чанд аъзои ҳизбу гуруҳи мазкур дар кишварҳои аврупоӣ бо талаби мақомоти тоҷик боздошт шуданд, аммо то кунун ягон кишвар, ба ҷуз Русия онҳоро истирдод накардааст.
Дар миёни он афроде, ки ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурданд, аъзои Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” зиёданд.
Ин афрод ғолибан баъди соли 2015 рӯ ба Аврупо оварданд. Замоне ки Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар ташкили ошӯби нофарҷоми моҳи сентябри соли 2015 ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор ва ин созмонро мамнӯъ ва террористӣ эълон кард. Вале раҳбарияти ҲНИТ ин иттиҳомотро қотеона рад карда ва беасос донистааст. Онҳо мегӯянд, ҳадафи мақомот аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ягона ҳизби исломӣ ва мухолифи ҳукумат буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Модари Абдусамадов хост, худро дар назди САҲА оташ занад. ВИДЕО“Гурӯҳи 24”, ки ҳамчунин аксар тарафдоронаш дар Аврупо ба сар мебаранд, соли 2014 экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шудааст. Мақомоти тоҷик ин гуруҳро дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ муттаҳам мекунанд ва то имрӯз бо дархости Душанбе чанд узваш дар Русия боздошт, ба Тоҷикистон истирдод ва ба ҳукмҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.
Аксари ин муҳокимаҳо пушти дарҳои баста баргузор шудаанд ва хешовандони маҳкумшудаҳо дурустии ҳукми додгоҳро зери суол бурдаанд.
Мақомоти тоҷик борҳо гуфтаанд, кишварҳои аврупоӣ ба аъзои ин ҳизбу гуруҳҳо паноҳгоҳ медиҳанд, ки истифода аз "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм аст.