Сардори шӯъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб аз чӣ фавтид?

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол иллати марги Кенҷабой Ҷӯраев – сардори шӯъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб – дақиқ нашудааст. Тафтиши ин қазияро кормандони додситонии ноҳияи Варзоб бар уҳда доранд.

Ҷасади Кенҷабой Ҷӯраев 28 июл, пас аз шаш рӯзи нопадид шудани ӯ, аз теппаҳои атрофи Хоҷа Обигарми ноҳияи Варзоб ёфт шуда, наздиконаш мегӯянд, сарусадо дар бораи гӯё худкушиаш асос надорад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, барои худкушии Кенҷабой Ҷӯраев ягон замина ё баҳона вуҷуд надошт. ​Яке аз наздиконаш низ рӯзи 8 август гуфт, «агар худкушӣ карданӣ буд, чаро дар хонааш накард ва ба Хоҷа Обигарм рафтааст? Соҳиби чор фарзанд буд ва зиндагии хуб дошт.»

Дар ҷавоб ба ин суол, ки оё дар бадани Кенҷабой Ҷӯраев нишонаҳои марги маҷбурӣ мушоҳида шудааст, ё не, ин мусоҳиби мо афзуд, «ҷасад дар давоми шаш рӯз сиёҳ шуда буд. Дар сардхона тамоми чизҳои лозимро барои таҳқиқ гирифтаанд ва мо низ натиҷаи ташхисро интизорем.»

То ҳоло тамосҳо бо муфаттиши парванда бе натиҷа буд. Вале дар Палатаи ҳисоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ аз рӯзи 22 июл барои табобат рухсат гирифта буд ва онҳо аз наздиконашон фаҳмидаанд, ки Кенҷабой Ҷӯраев дар хонааш нест. Сулҳия Назарова, сухангӯи Палатаи ҳисоб, рӯзи 8 август гуфт, "баъди ду рӯзи рухсат гирифта рафтанаш наздикони Ҷӯраев омаданд, ки оё ӯ дар ҷойи кор ҳаст ё нест? Ё ба ягон сафари корӣ рафтааст? Мо гуфтем, ки ӯ ҷавоб гирифта буд ва бояд дар хонааш машғули табобат бошад.»

Рӯзи ҷумъаи 5 август дар Палатаи ҳисоби Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор шуда, аммо Дилмурод Давлатзода, раиси ин ниҳод дар бораи марги мармузи Кенҷабой Ҷӯраев, корманди Палатаи ҳисоб ибрози назар накард. Сулҳия Назарова далели ин амрро ба камбуди маълумот дар бораи ҷузъиёти марги Кенҷаев марбут донист. Ӯ гуфт, “ маълумоти пурра надоштем. Ба мо муаррифӣ карданд, ки ӯ худкушӣ кардааст. Сабаби марги Кенҷаев чӣ буданаш маълум нест. Танҳо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ба ин савол ҷавоб гӯянд.»

Нусратулло Саидов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, тафтишоти парвандаи марги Кенҷабой Ҷӯраевро ниҳодҳои додситонӣ анҷом медиҳанд, аз ин лиҳоз ӯ дар ин бора маълумоти кофӣ надорад. Саидов дар посух ба ин савол, ки чаро дар бораи марги полковники милитсия дар сомонаи вазорат ҳатто хабари кӯтоҳе нашр нашуд, гуфт: “Дар сомона танҳо натиҷаи тафтишоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ё хабарҳо аз манобеи муътамад чоп мешаванд”.

Мақомоти додситонии ноҳияи Варзоб дар робита ба марги мармузи сардори Шӯъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб, полковники милиса Кенҷабой Ҷӯраев парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Наздикони Кенҷабой Ҷӯраев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вай дар манзили зисташ дар маҳаллаи 46-ум табобат мегирифт ва ба ин муносибат дар таътил буд. Ба гуфтаи онҳо, нисфирӯзи 22 июл чанд нафари ношинос ба наздики манзили Кенҷабой омада ва ӯро ба берун даъват карданд ва пас аз сӯҳбат, вай савори мошини "Тайота-Кемри"-и сафеди онҳо шуд ва ҳамроҳашон рафт. Яке аз наздикони Кенҷабой Ҷӯраев гуфт, “қабл аз ин, ки дар ин мошин савор шавад, ба хона баргашт ва гуфт, ки ҷое меравад ва баъди бозгашт аз аптека доруҳояшро низ меорад."

Наздикони Кенҷабой Ҷӯраев мегӯянд, ки ҷустуҷӯи чандрӯзаи онҳо бенатиҷа монд ва танҳо рӯзи 28 июл аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ онҳоро аз пайдо шудани ҷасад иттилоъ доданд ва даъваташон карданд, ки ба сардхонаи "Медгородок" омада ва ӯро шиносоӣ намоянд.

Ба гуфтаи наздикони Кенҷабой Ҷӯраев, вақте ҷасадро диданд, ранги пӯст аз гармии шадид дар як ҳафта сиёҳ шуда буд ва фақат аз либосаш тавонистанд, ки ӯро шиносоӣ намоянд. Ҷасади Кенҷабой Ҷӯраев рӯзи 28 июл дар зодгоҳаш деҳаи Куми ноҳияи Айнӣ ба хок супорида шудааст.

Кенҷабой Ҷӯраеви 40-сола тайи чанд соли охир дар мақоми сардори Шӯъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоби Тоҷикистон кор мекард. Қаблан ӯ дар мақоми сардори Шӯъбаи кор бо ҳайати шахсии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифои вазифа намудааст. Ӯ чанд муддат дар Оҷонсии мубориза бо коррупсия низ фаъолият доштааст.