Фотимахон Эшонова, модари Ёқуб Эшонов рӯзи 25 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш Ёқуб, ки дар Сурия қарор дошт, ҳоло дар Русия мебошад ва гуфтааст, ки ба Тоҷикистон бармегардад.
Ба гуфтаи Фотимахон, писараш дар пайи дархостҳои пайдарпайи онҳо тарки Сурия кардааст ва мехоҳад чанд муддат дар Русия кор кардаву пуле пайдо намуда, сипас ба Тоҷикистон баргардад.
Ӯ афзуд, ки дар ин бора мақомоти интизомии ноҳияи Исфараро дар ҷараён гузошта ва шумораи телефони писараш дар Русияро ба онҳо додааст, то аз ин амр мутмаин бошанд. Ӯ мегӯяд, ки сардори шӯъбаи корҳои дохилии Исфара Бахтиёр Бобоев бо писараш дар тамос шуда ва барои ҷангиёне, ки бармегарданд, “афви тиллоӣ” ваъда намудааст.
Волидони Ёқуб Эшонов дар ҳоле хабари бозгашти ӯ аз Сурияро таъйид карданд, ки дар моҳи сентябр ҳамсари ӯ гуфта буд, ки шавҳараш дар Истанбули Туркия қарор дорад ва аз он ҷо ба Маскаву баъд ба Ватан меоянд.
Гуландом Эшонова, сокини деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара, роҳи тӯлониеро аз Тоҷикистон то Туркия тай карда, сипас худро ба назди ҳамсараш – Ёқуб Эшонов, ки дар Сурия меҷангид, расондааст. Вале наздикони ӯ мегӯянд, қасди Гуландом аз ин сафар на ҳамроҳии шавҳараш дар ҷанги Сурия, балки берун кашидани ӯ аз ин “ботлоқ” будааст.
Ёсинхон Эшонов, падари Ёқуб он замон аз келини худ ситоиш карда, ӯро боҷуръату дилогоҳ номид, ки тавонистааст, ҳамсари худро ба тарки ҷанг ва бозгашт ба Ватан ризо кунад. Эшонов дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, “онҳо аз Истанбул бо мо дар тамос шуданд, ки аз Сурия ба Туркия расидаанд. Ҳоло мехоҳанд аз роҳи заминӣ ба Маскав омада, сипас ба Ватан баргарданд."
Ин сокини шаҳри Исфара нақл кард, арӯси хонадонро хабари аз Маскав ба ҷанги Сурия рафтани писараш дар моҳи июни соли ҷорӣ ба сафари тӯлонӣ, аммо хатарбор водор кардааст. Сафаре, ки ба қавли Ёсинхон Эшонов, метавонист келинашро ҳам ба доми ҷангиён афканда, ба ҷои он ки ба захмҳояшон марҳам бишавад, намак пошад.
“Писарам моҳи июн, баъд аз як моҳи ба Сурия рафтанаш бо мо дар тамос шуд. Гуфт, дар Сурия асту дар ҳаққаш дуо кунем. Мо хеле зиқ шудем. Ҳамсараш гуфт, ман мераваму шавҳарамро аз таҳи замин ҳам бошад, ёфта меорам. Ҳарчанд гуфтем, он ҷо - ҷанг, мумкин баргашта омада натавонӣ. Аммо гапи моро қабул накард ва ба гапаш истоду рафт. Маҷбур ба Душанбе рафта, ӯро ба Истанбул гусел кардам”.
Ҳоло наздик ба 20 ҷавони деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара дар ҷанги Сурия иштирок доранд. Ду нафари онҳо ҳамроҳи ҳамсару кӯдакони худанд ва ба наздиконашон гуфтаанд, алайҳи режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, меҷанганд. Ин гуруҳи ҷавонон, ба гуфтаи ҳамдеҳагонашон, дар минтақаи назди Маскави Русия кор мекарданд ва дар тӯли на камтар аз як соли охир ба Сурия рафтаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад