Бархе аз деҳқонон дар манотиқи кишвар шикоят доранд, ки мақомот аз онҳо талаб доранд, то дар заминҳои кишташон ҳатман пахта кишт намоянд. Раҳим Обидов, масъули яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 22 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, мақомот ҳатто гуфтаанд юнучқаи коридаашро аз байн бибарад.
Дар ҳоле ки ба қавли ин мусоҳиби мо "аз пахта чандон фоида намебинем. Фарз кардем, хоҷагии мо аз як гектари пахта дар як сол 16 ҳазор сомонӣ фоида бинад, агар тарбуз кишт кунем, 50 ҳазор сомонӣ фоида мебинем. Мо чаро бояд, зироатеро корем, ки фоидаи зиёд намеорад?"
Айни чунин шикоятҳоро масъулони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ноҳияҳои Шаҳритуси вилояти Хатлон ва Турсунзода дар сӯҳбат бо “Озодӣ” баён доштанд.
Маҷбуркунии саросарии деҳқонон барои кишти пахта дар заминҳо дар ҳолест, ки Тоҷикистон тасмим гирифт имсол майдони кишти пахтаро васеътар кунад. Тибқи нақшаи Вазорати кишоварзӣ, ки масъулонаш онро “дурнамо” мехонанд, дар қаламрави кишвар имсол деҳқонон дар майдони 187 ҳазор гектар бояд пахта кишт кунанд.
Тибқи ин дурнамо, Вазорати кишоварзи майдони кишти пахтаро 25 ҳазор гектар ва ё 19 фисад бештар кардааст. Ин дар ҳолест, ки тайи ҳадди ақал панҷ соли охир, майдони кишти пахта дар кишвар сол ба сол камтар мешуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Каромиддин Холов, масъули раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ дар интихоби кишти зироат озоданд, аммо дар сурате ки хоҷагиҳо пахта кишт намекунанд, корхонаҳои пахтатозакунӣ бекор мемонанд.
Ба гуфтаи Каромиддин Холов, “фарз кардем агар ҳамаи хоҷагиҳо юнучқа корад, бозорро бо дигар маҳсулотҳо кӣ таъмин мекунад? Барои ҳамин Вазорати кишоварзӣ ки сиёсати давлатро дар ин соҳа пеш мебарад, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсия медиҳад, ки ин ё он зиоратро коранд, то гуногунии зироатҳо дар кишвар таъмин бошад. Мақсад аз он иборат аст, ки мо корхонаҳои соҳаи нассоҷиро бояд бо ашёи хом таъмин кунем.”
Холов афзуд, ҳукумати кишвар нияти бар кор даровардани чандин корхонаҳои нассоҷиро дорад, аммо агар ашёи хоми ин қабил корхонаҳо пахта набошад, онҳо наметавонанд ба кор дароянд. Бар замми ин, пахта яке аз маҳсулотҳои содиротии кишвар аст ва агар он кишт нашавад, иқтисодиёт зиён мебинад.
Зимнан пахта дигар аз маҳсулотҳои асосии содиротии кишвар нест.
Агар ба ҷадвали омори содироти кишвар назар кунем, пахта барои Тоҷикистон мисли солҳои қаблӣ дигар ашёҳои аслии содиротӣ нест. Дар соли гузаштаи 2015 кишвар ба хориҷа ба қиммати 144 миллион доллар ба хориҷа пахта содир кардааст, ки каме беш 16 дарсади маҷмуи содироти кишварро ташкил мекунад.
Аммо дар пасманзари кам шудани вориди асъори хориҷӣ аз суи муҳоҷирон ва камбуди асъори хориҷӣ дар бозори арзи дохилӣ, барои Тоҷикистон ҳар гуна манбаи даромади асъори хориҷӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.