Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз БҶ: Ба Ӯзбакистон қарз надиҳед


Сарони эътилофи Cotton Campaign дар Вашингтон аризаеро бо 140 ҳазор имзо ба президенти Бонки ҷаҳонӣ супориданд.

Дар он аз Бонки ҷаҳонӣ хоста мешавад, ки муваққатан додани қарзро ба Ӯзбакистон қатъ кунад. Ҳомиёни ҳуқуқи байналхалқӣ, иттифоқҳои касаба ва эътилофи тиҷоратии Cotton Campaign аз президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ким хостанд, то замоне ки Ӯзбакистон аз истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар ҷамъоварии пахта даст накашад, барои рушди соҳаи кишоварзии он қарз дода нашавад.

Дар ин ариза омадааст, ки ҳангоми мониторинги ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2015 далелҳое мушоҳида шудааст, ки гувоҳӣ медиҳанд, ҳадди ақал то 1 миллион одам ба меҳнати маҷбурӣ дар саҳрои пахта ҷалб гардидааст. Эътилоф хабар медиҳад, ки дар ин бора нишондоди мақомоти расмӣ, мусоҳибаҳо, ҳисобот ва ҳуҷҷатҳои садоиву видеоиро дар ихтиёр дорад. Пеш аз ин Бонки ҷаҳонӣ хабар дода буд, ки дар доираи ҳамкории стратегӣ барои солҳои 2016-2020 ба Ӯзбакистон аз 3,5 то 4 миллиард доллари ИМА қарз хоҳад дод.

Ӯзбакистон солона беш аз 3 миллион тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ мекунад ва панҷумин содиркунандаи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Вале созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ҳанӯз панҷ соли пеш гуфтанд, ҳосили пахта дар Ӯзбакистон бо ҷалби фаровони нирӯи кӯдакон ҷамъ оварда мешавад. Ба ҳисоби Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи масоили Шарқу Африқо, дар ҳар мавсими пахтачинӣ дар Ӯзбакистон то 2,8 миллион кӯдаки аз 10-сола боло ҷалб мешаванд.

Мақомоти Ӯзбакистон иҷбори кӯдакон ба пахтачиниро радд мекунанд ва мегӯянд, дар асл ин “кумаки ихтиёрии онҳо ба волидайнашон” аст. Аммо дар пайи эътирози ҳомиёни ҳуқуқ, чандин ширкати маъруфи дунё, аз ҷумла Tesco, Gap, Marks & Spencer ва Wall-Mart , ҳатто маҷбур шуданд, то аз харидории нахи пахтаи Ӯзбакистон даст бикашанд.

Мояи дигари интиқодҳо ин аст, ки аз фурӯши пахта асосан давлат ва чанд ширкати олигархии наздик ба мансабдорон суд мебаранд ва ба деҳқонони оддии узбак тақрибан чизе намерасад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Ӯзбакистон ба сурати умум солона аз фурӯши нахи пахта чизе дар давру бари 1 миллиард доллар фоида мегирад. Фоидае, ки дар баҳои азобу машаққати тақрибан ғуломона ва хеле каммузди миллионҳо зану кӯдак ва гоҳо, чун дар мисоли ду намунаи ахир дар вилояти Қашқадарё, ҳатто дар баҳои ҷони пахтачинҳо ба даст меояд

Президенти ИМА Барак Обама моҳи феврал "равзанае"-ро дар қонун бекор кард, ки имкон медод ба кишвар маҳсулоте ворид гардад, ки бо истифода аз меҳнати маҷбурии кӯдакон истеҳсол шудаааст. Ислоҳи қонун барои фурӯшандагони пахта аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пайомадҳое хоҳад дошт. Созмонҳои ҳимоятгари ҳуқуқи инсон аз бекор шудани ин моддаи воридоти маҳсулот истиқбол карданд.

Бо ин вуҷуд рӯшан нест, ки оё гумрук қонуни вобаста ба пахтаи ӯзбакро иҷро мекунад ё не. Вале Брайан Кэмпбелл, ҳуқуқшиноси анҷумани маъруф бо номи Cotton Campaign гуфт, ки акнун ин қонун ба ҳамаи маҳсулот аз пахтаи Ӯзбакистон дахл дорад. Ҳатто агар маҳсулоти ба он монанд дар ИМА тавлид намешуда бошад. Вай ҳамчунин гуфт, ки акнун қурбониёни меҳнати маҷбурӣ имкон доранд, ба гумрук фишор оваранд, ки иҷрои қонуни тиҷорат беҳтар карда шавад.

XS
SM
MD
LG