Хабари афзоиши содироту коҳиши воридот бозгӯи воқеият аст?(ВИДЕО)

Хабари Бонки миллии Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани воридот ва афзоиши содирот дар ду моҳи аввали соли равонро коршиносон баёнгари воқеии вазъи иқтисодӣ намешуморанд.

Хабари афзоиши содирот ва коҳиши воридот барои Тоҷикистон ҳадди ақал барои панҷ соли охир бесобиқа аст. Мақомоти Тоҷикистон солҳост танҳо дар мавриди афзоиши воридот ва бузургтар шудани бақия ва ё салдои савдо, хабар медоданд. Ин дар ҳолест, ки таносуби ду нишондиҳанда метавонад ҳамчун яке аз шохисҳои вазъи иқтисодӣ шарҳ дода шавад. Бинобар маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-феврали соли равон кишвар ба хориҷа ба қадри 150 миллион доллари амрикоӣ мол содир карадаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад бештар будааст.

Зуҳуриддин Кенҷаев, роҳбари сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии вазорати рушди иқтисод ва савдо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 3−уми апрел дар шарҳи ин хабар гуфт: “Дар давому ду моҳ баҳодиҳӣ кардани воридоту содирот ҳанӯз барвақт аст. Содироти мо танҳо ба қадри 15 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Содироти Тоҷикистон дар ду моҳи аввал асосан аз ҳисоби фурӯши баъзе металҳо, нахи абрешим ва пӯсти чорво афзоиш ёфтааст.”

Зуҳуриддин Кенҷаев

Кенҷаев афзуд, афзоиши содирот дар ду моҳ тамоюли чандон устуворе нест ва дар моҳҳои оянда бо зиёд шудани мизони воридот содирот метавонад коҳиш ёбад. Ба таъкиди Кенҷаев, бинобар маҳдуд будани номгӯи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон, мизони содирот зуд- зуд болову поин меравад. Вай афзуд, барои мисол, дар моҳҳои май ва июн шохиси содирот дар ҷадвалҳои оморӣ зуд боло меравад, чунки дар ин давра сабзавоту меваҷоти зиёде мепазанд ва ба хориҷ содир мешавад. Аммо дар моҳҳои оянда мизони содирот боз поин меравад, чунки мавсим мегузарад. Аз ин рӯ, ба таъкиди Кенҷаев Тоҷикистон дар садад аст ҳарчи бештар номгӯи маҳсулоти содиротиашро бештар ва онро гуногунсозӣ (диверсификатсия) кунад.

Дар ҳамин ҳол, Кенҷаев афзуд, коҳиш ёфтани мизони воридот ҳам барои Тоҷикистон чандон тамоюли мусбат нест, чунки боҷҳои гумрукӣ бахши аъзами даромади будҷаи кишварро ташкил мекунад. Вай гуфт: “Албатта бо 22 дарсад коҳиш ёфтани воридот даромади будҷаи кишвар ҳам аз ҳисоби боҷи гумрукие, ки аз молҳои воридшаванда ситонида мешавад, коҳиш меёбад. “

Масъуд Собиров

Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, гузориши мақомоти расмӣ аз афзоиши мизони содирот чандон ҷои ифтихор надорад, чунки он ночиз аст ва як тамоюли собит нест. Масъуд Собиров, номзади илмҳои иқтисод ва устоди донишгоҳ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пасманзари бурузи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, коҳиш ёфтани интиқоли пулӣ аз сӯи муҳоҷирон ва даромади хонаводаҳои тоҷик, имконияти харидории мардум суст шуд.

Ин аст, ки ба таъкиди Собиров, бозори савдо дар кишвар чандон гарм нест ва тоҷирон ҳам воридотро коҳиш додаанд. Вай афзуд: “Афзоиши содироте, ки Бонки миллӣ нишон медиҳад, дар пайи коҳиш ёфтани воридот аст. Чун воридот кам шуд, ҳаҷми содирот зиёд менамояд. Вагарна содирот дар ҳамон ҳаҷми қаблиаш боқӣ мондааст.”

Тибқи арқоми Оҷонсии омор, Тоҷикистон соли гузашта дар ҳаҷми 5 миллиарду 300 миллион доллар савдои хориҷӣ дошт, ки аз ин 4 милларду 300 милионаш воридот будааст. Аммо содироти мол дар ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2014 танҳо 977, 4 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба воридот 4 маротиба камтар аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Зуҳуриддин Кенҷаев