Сафорати Тоҷикистон дар Киев бори дигар аз шаҳрвандони тоҷик хостааст, ки дар рӯзҳои ноороми аз рафтан ба маркази пойтахти Украина худдорӣ кунанд.
Дар ҳаводиси Киев ба нафаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб нарасидааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Парвиз Назарзода, як тан аз кормандони масъули сафорати Тоҷикистон дар Украина, хабар дод ва гуфт, ки сафорат дар ин мавзӯъ бо ниҳодҳои марбутаи Украина пайваста дар тамос аст.
Ба гуфтаи дипломати тоҷик, сафорат рӯзи 19 феврал, бо ирсоли нома бори дигар аз тоҷикони муқими кишвар хост, ки бар асари амиқтар шудани бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар аз рафтан ба маркази Киев худдорӣ кунанд. Ӯ мегӯяд, “мо аз ин пеш ҳам аз ҳамватанҳои худ хоҳиш карда будем, ки ба хотири амнияташон бидуни зарурати ногузир аз рафтан ба ҷойҳои тазоҳурот худдорӣ кунанд. Номаву паёмак ё СМС ҳам ба донишҷӯён ва ҳам ба диаспораи тоҷикон дар Украина фиристода шудааст.” Ба гуфтаи дипломат, ҳоло дар Киев чанд истгоҳи метро ва бисёр муассисаҳо кор намекунад.
Эътирозҳо дар Украина бо талаби истеъфои раиси он ҷумҳурӣ Виктор Янукович 3 моҳ боз идома доранд, вале аз 18 феврал ба ин сӯ даргириҳо байни эътирозгарон ва нирӯҳои пулис дар маркази Киев шиддати бесобиқае гирифт, бино ба гузоришҳо, мунҷар ба ҳалокати дастикам 25 нафар шудааст.
Парвиз Назарзода афзуд, ки ба иттилои ӯ, рӯзҳои ахир ҳисси кунҷковӣ як теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистонро маркази Киев бурд, аммо онҳо на тоҷикони муқими Украина, балки бештар муҳоҷирони корианд, ки баъд аз хатми се моҳи буду бош дар Русия ба Украина омадаанд ва бояд дубора ба Русия баргарданд.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон, дар Украина дар маҷмӯъ тақрибан 5 000 шаҳрвандони собиқ ва феълии Тоҷикистон ба сар мебаранд. Дар ин кишвар 490 донишҷӯи тоҷик низ таҳсил доранд ва 43 нафари онҳо муҳассили донишгоҳҳои шаҳри Киев будаанд. Бахши аъзами донишҷӯёни тоҷик – 150 нафар - дар се донишгоҳи шаҳри Харков - Донишгоҳи тиббӣ, Академияи нақлиёти роҳи оҳан ва Донишкадаи политехникӣ таҳсил мекунанд. Дар макотиби олии шаҳрҳои Днепропетровск, Одесса, Донетск, Тернопол ва Кировоград ҳам донишҷӯёни тоҷик зиёд будаанд.