24 қитъаи интихоботӣ барои як миллион муҳоҷири тоҷик

Яке аз таблиғномаҳои интихоботии сафорати Тоҷикистон

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки барои таъмини ширкати муҳоҷирони тоҷик дар интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр дар саросари Русия 24 қитъаи овоздиҳӣ боз хоҳанд шуд.
Сухангӯи сафорати Тоҷикистон Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, «дар асоси карори Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Москва, бинои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, воқеъ дар паскӯчаи Гранатный, 13 ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Твер, Тула, Ярославль, Рязан, Калининград, Саратов, Волгоград, Қазон, Уфа, Нижний Новгород, Краснодар, Астрахан, Екатеринбург, Тюмень, Челябинск, Красноярск, Благовешенск, Новосибирск, Самара, Перм, Хабаровск ва дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) қитъаҳои интихоботӣ кушода хоханд шуд.”

Раъйдиҳӣ барои интихоботи президентии Тоҷикистон дар ин 24 қитъаи овоздиҳӣ дар қаламрави Русия аз соати 6.00 то 20.00 ба вақти маҳаллӣ доир хоҳад шуд. Аз шаҳрвандони тоҷике, ки дар рӯзи интихобот, яъне 6 ноябр, дар қаламрави Русия хоҳанд буд, дархост шудааст, ки дар ин рӯз яке аз қитъаҳои овоздиҳии ба маҳалли кор ё иқомати онҳо наздиктаринро барои ширкат дар интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб кунанд ва барои додани раъйи худ ҳатман бо шиносномаи дохилӣ ваё хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он қитъа ҳозир шаванд.

Муҳаммади Эгамзод

Интихоботи президентии Тоҷикистон дар шароите мегузарад, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия , бахусус дар пайи ошӯбҳои ахири зидди муҳоҷирон дар минтақаи Бирюлёвои Маскав, ба таъқибу таҳдиди бештаре рӯбарӯ шудаанд. Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, “бо назардошти он ки вақтҳои ахир дар атрофи масоили будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари иқомат вазъият ва ҳолатҳои вазнин ба миён омада истодаанд, сафорат бо дарки ин нукта, аз ҳамватаноне, ки имконияти шахсан омадан ба участкаҳои интихоботиро надоранд, хоҳиш менамояд, ки ҷойи дастаҷамъонаи зист ва кори худ ва ҳамроҳонашонро ба куммиссиюнҳои интихоботии қитъавӣ муайян намоянд. Дар ин сурат, куммиссиюни интихоботии участкавӣ аз рӯйи имконият, агар лозим ояд, намояндагони худро бо қуттиҳои сайёри интихоботӣ ба ин ҷойҳо равон хоҳад кард.”

Сафорат мегӯяд, барои ошно кардани муҳоҷирон бо номзадҳои президентӣ аз имконоти расонаҳои мустақил, аз ҷумла радиои интернетии “Муҳоҷир” ва меда-ҳолдинги Tajinfo истифода хоҳад бурд. Барои мисол, қарор аст, шумораи навбатии Tajinfo бо теъдоди 23 500 нсха пурра ба интихобот ихтисос ёфта, бепул дар байни муҳоҷирон тақсим карда шавад.

Сафорат аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, то ба сурати фаъолона дар интихоботи рӯзи 6 ноябр ширкат кунанд. Аммо бисёре аз муҳоҷирон нисбат ба ин маърака алоқамандӣ нишон намедиҳанд. Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди сабти ном шудани 6 номзад интихоботи президентии Тоҷикистон алтернативаи воқеъӣ надорад ва хоҳ-нохоҳ бо пирӯзии раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон анҷом хоҳад ёфт. Онҳое ки нисбат ба давлати кунунӣ назари интиқодӣ доранд, мегӯянд, сабти ном нашудани Ойниҳол Бобоназарова азми онҳо барои ширкат дар ин раъйгириро аз байн бурд, зеро, ба таъбири як муҳоҷир, “интихоб аз байни 6 нафаре, ки дар асл клони Эмомалӣ Раҳмонанд, маъно надорад.”

Боздошти муҳоҷирони тоҷик

Мақомоти Русия ахиран шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро 1,2 миллион нафар баршумурданд. Худи мақомоти Душанбе дар бораи 700-800 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Русия сӯҳбат мекунанд. Аммо аз ин садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар интихоботи парлумонии соли 2010 танҳо ҳудуди 97 000 нафар ширкат карда буд. Муҳоҷирони тоҷик дар паҳнои бузурги Русия чунон парешон шудаанд, ки таъмини ширкати ҳамаи онҳо дар маъракаҳое, чун интихоботҳои Тоҷикистонро ҳатто масъулони давлат амре ношуданӣ мешуморанд.

24 қитъаи интихоботӣ амалан ин лашкари бузургро фаро гирифта наметавонад, зеро ба ҳар як қитъа дар амал бояд дастикам 40 000 муҳоҷир рост биояд. Ягон қитъаи интихоботӣ дар асл тавони таъмини овоздиҳии чунин шумори бузургро надорад.Тасмими Куммиссиюни интихобот, ки дар марҳалаи пешбарӣ ва сабти номзадҳо муҳоҷиронро аз ҳаққи имзо додан ба тарафдорӣ аз номзадҳо маҳрум кард ва садду мониаҳои дигаре, ки мардуми муҳоҷирро дар ҳошияи ин маъракаи муҳим қарор дод, низ ин мардумро аз азму хоҳиши ширкат дар ин маърака дилсард кардааст.

Омили дигаре ки монеъи ширкати фаъолонаи ин тоифа дар интихоботҳо мешавад, табиати ин маъракаҳост. Бисёриҳо, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирон, бар ин боваранд, ки интихоботҳои Тоҷикистон озоду демократӣ нестанд ва аз ин рӯ, раъйи додаи онҳо ба натиҷаҳои ин интихоботҳо таъсире намекунад. Онҳо мутмаинанд, ки натиҷаҳои интихобот дасткорӣ мешавад ва дар ниҳоят ҳамоне баранда эълон хоҳад шуд, ки мақомот мехоҳанд.