Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - кишваре "мӯътод" ба маблағҳо аз хориҷ?


Соли 2012 маблағҳои ворида аз хориҷ ба Тоҷикистон 48 дарсади даромади нохолиси миллиро ташкил додааст ва Тоҷикистон бо ин нишондод дар ҷаҳон дар зинаи аввал қарор гирифтааст.

Дар ин бора ахиран Бонки Ҷаҳонӣ гузоришеро ба нашр расонд. Тибқи ин гузориш, Қирғизистон бо 31 дарсад зинаи дуввумро ишғол кардааст. Лесото ва Непал бо 25 дарсад ва Молдова бо 24 дарсад дар зинаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд. Коршиносони иқтисодӣ маблағҳои ворида ба Тоҷикистонро дар соли 2012 бештар аз 3 миллиард доллар тахмин мезананд ва бештари ин маблағҳо аз муҳоҷирони корӣ ворид шудааст.

Ҳасан Алиев-корманди намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, агар маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро дар назар бигирем, маблағҳои ворида аз Русия нисбат ба маблағҳои ворида аз кишварҳои дигар хеле зиёд аст. Пас аз Русия кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Қазоқистон меоянд. Оқои Алиев меафзояд: “Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ, бо Бонки Осиёии Рушд ва бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ дорад ва дар чаҳорчӯбаи ин ҳамкориҳо онҳо барои нигоҳ доштани сатҳи зист ба Тоҷикистон маблағҳо ирсол мекунанд”.

Вале суоли матраҳ ин аст, ки воридоти маблағ аз хориҷ ва он ҳам тақрибан ба андозаи нисфи даромади нохолиси миллии солона ё ВВП барои иқтисоди Тоҷикистон муфид аст ё ин кишварро ба муътоде табдил медиҳад ва онро пойбанди чунин маблағҳо месозад?

Алишер Раҷабов-иқтисоддон дар намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар шароити кунунӣ ин маблағҳо, ба вижа маблағҳои муҳоҷирони корӣ ба аҳолии кишвар фоидаовар аст, зеро чунин маблағро иқтисоди Тоҷикистон ба мардум дода наметавонад: “Иқтисоди мо дар ҳолати кунунӣ наметавонад баробари маблағҳои ворида ба мардум моҳона пардохт кунад. Истеҳсолоти дохилиро тараққӣ додан даркор. Дар муддати кӯтоҳ ин маблағҳои ворида (ремиттансҳо) кӯмак мекунанд, лекин мо наметавонем солҳои зиёд ба ин чиз вобаста бошем”.

​Иқтисоддонон мегӯянд, ки дар оянда воридоти маблағ ба Тоҷикистон низ коҳиш нахоҳад ёфт, зеро мизони фақр дар Тоҷикистон бештар аз 30 дарсадро ташкил медиҳад ва зарурат ба ин маблағҳо ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Фирӯз Саидов-таҳлилгари мустақил бо назардошти таҳқиқоти анҷомшуда мегӯяд: “Бино ба баъзе таҳқиқот маблағҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, тақрибан то 20-25 фоизи онҳо барои тараққиёти Тоҷикистон, яъне барои сармоягузорӣ дар истеҳсоли маҳсулот сарф мешаванд. Бахши дигари он барои харидории маводи хӯрока ва дар бахшҳои дигар, аз қабили бахшҳои маориф, тандурустӣ ва мисли он сарф мешавад. Ин маблағҳо як системаи макроиқтисодӣ ба вуҷуд меоранд ва як навъ сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мебошанд”.

Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик.
Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик.
Бо ин маблағҳо то андозае корхонаҳои хурди тиҷоратӣ ва воҳидҳои кишоварзӣ ташкил медиҳанд ва чандин нафар бо кор таъмин мешаванд. Вале коршиносон мегӯянд, ки бояд бо барномарезиҳои дақиқу дуруст ба аҳолӣ ва ба муҳоҷирон кӯмак кард, то онҳо бо сармояҳои худ дар Тоҷикистон ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оранд. Саидов чунин назар дорад: “Агар мо, умуман аҳолӣ ва бонкҳои Тоҷикистон ин маблағҳоро дуруст истифода барем, дар он сурат он ба иқтисоди Тоҷикистон ёрии зиёд мерасонад, ба шарти ин ки бо ин маблағҳо ба Тоҷикистон технологияҳои нав ворид кунанд. Лекин агар мо онро фақат барои истеъмол сарф кунем, хатарҳои иқтисодӣ вуҷуд дорад”.

Ин таҳлилгар таҷрибаи Туркияро намуна меорад, ки замоне туркҳо дар ҷустуҷӯи кор ба Олмон муҳоҷират карданд ва ба кишвари худ тадриҷан таҷҳизоти пешрафтаи Ғарбро оварданд. Онҳо бо ин кор ҳам ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оварданд ва ҳам иқтисоди кишварашонро ба по рост карданд. Лекин дар Тоҷикистон ҳоло маблағҳои ворида, ба вижа маблағҳои муҳоҷирони корӣ бештар барои харидории маводи хӯрока сарф мешавад ва бахши дигари онро барои таҳсили фарзандон, муолиҷа ё маросимҳои тӯю сур пасандоз мекунанд.
Мушкили кунуние, ки сармоягузорӣ дар бахшҳои тавлидотиро бозмедорад, камбуд ё набуди барқ аст, то дар сурати роҳандозӣ кардани корхонаҳои хурд, онҳо бо барқи доимӣ таъмин шаванд.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши худ мегӯяд, воридоти маблағ дар соли 2013 6,3 дарсад боло рафта дар миқёси ҷаҳон ба 414 миллиард доллар мерасад, вале дар ду соли баъд, яъне то соли 2016 ин маблағҳо дар саросари ҷаҳон аз марзи ним триллион доллар хоҳад гузашт.
XS
SM
MD
LG