Дипломатҳои тоҷик дар Истанбул ва Анқара баъди таркишҳои пурқурбонии шоми 28 июн навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳанӯз ҳукумати Туркия ҳуввияти осебдидагони таркишҳои ахирро ба онҳо маълум накардаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Анқара мегӯяд, ҳанӯз барои онҳо маълумоти комили расмӣ дар бораи эҳтимоли осеб дидани шаҳрвандони ин кишвар дар таркишҳои шоми 28 июн дар фурудгоҳи байналмилалии Отатурк нарасидааст.
Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ аз шаҳри Анқара котиби сеюми сафорати Тоҷикистон Муродбек Асламов гуфт, то соати 10:30-и чоршанбе ҳеч муроҷиат дар заминаи ин ҳодисаҳо ба онҳо нарасидааст. Асламов гуфт, баъди таркишҳо сафоратхонаи Тоҷикистон дар Анқара ва консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда, ҳодисаҳоро аз наздик пайгирӣ мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Хушбахтона, хабаре дар бораи осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистон нарасидааст. Ҳодисаро зери назорат гирифтаем," - гуфт ӯ. Муродбек Асламов афзуд, мақомоти Туркия тадбирҳои шадиди амниятиро ҷорӣ кардаанд ва вазъият имрӯз дар он кишвар ором аст.
Атрофи фурудгоҳ, ба гуфтаи ӯ, бахусус таҳти назорати пулис ва маъмурони амниятӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии Отатурк субҳи имрӯз барқарор шуд, вале бархе парвозҳо маҳдуд буда, ба тасмими ширкатҳои ҳавоӣ вогузор шудааст.
Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш дар Туркия машварат медиҳад, ки дар сурати эҳтиёҷ ё мушкил ба онҳо муроҷиат кунанд:
+90 312 491 17 08, +90 312 491 16 07 – Сафорати Тоҷикистон дар Анқара
+ 90 212 426 50 52, + 90 212 426 50 54 – Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истанбул
Ёвари Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Азим Азимзода дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, воқеан, субҳи имрӯз фурудгоҳи Отатурк фаъолияташро дубора аз сар гирифт ва парвозҳо ба гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон аз ин фурудгоҳи транзитии байналмилалӣ аз сар гирифта шуд. Ӯ гуфт, таркишҳои охир боис ба ташвиши нафарони зиёд, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст.
Ин нигарониро дар сӯҳбат бо Озодӣ дар Душанбе як масъули ширкати туристии ҳамкори ширкати ҳавоии "Turkish Airlines" тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки аз саҳар зангҳои зиёди телефонии муштариёни ширкат ба онҳо мерасад, ки мегӯянд, ҳоло намедонанд ба Туркия сафар кунанд ё на. Туркия яке аз маконҳои аслии истироҳати тобистонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва "роҳи ёрирасон" барои расидан то Амрикову Аврупо шудааст.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт: "Мо ҳафтае ду-се хонаводаро ба Туркия бо ҳадафи истироҳат дар соҳилҳои Анталия сафарбар мекунем. Қимати роҳхат барои 1 нафар 1000 доллар арзиш дорад, ҳоло айни мавсими сафару истироҳат аст ва бисёриҳо дар ташвишанд, ки бо ин вазъият чӣ кор кунанд. Шумо вазъияти мо, ширкатҳоро ҳам дуруст фаҳмед: баъди ба фурӯш рафтани роҳхат мо ҳам манфиатдори дубора бозпас додани пули онҳо нестем. Хулоса, ҳолати хеле бад пеш омадааст. Худо кунад, ки дигар ин фоҷеаҳо такрор нашавад ва мардум осудаву ором тавонанд зиндагиву кори худ, аз ҷумла истироҳаташонро давом диҳанд."
Аз рӯи иттилои охир, дар натиҷаи ҳамлаи се маргталаб ба фурудгоҳи байналмилалии Отатурки Истамбул шоми 28 июн, 36 нафар кушта ва 147 нафар захмӣ шудаанд. Ҳукумати Туркия ин таркишҳоро кори ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" донистааст. Ҳанӯз ҳеҷ вокунише аз ҷониби мухолиф ба ин ҳодисаҳо дар даст нест.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад